Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳизбҳои сотсиалистӣ ва ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ҳар яке аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ шашномзадӣ пешниҳод кардаанд.

Ҳизби сотсиалистии рӯзи 14 декабр дар Анҷумани худ феҳрасти номзадҳои ин ҳизб аз ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявиро эълон кард, ки аз 5 мард ва як зан иборат мебошад. Дар ин анҷуман, ки бо ширкати 100 вакил дар Хонаи Иттифоқҳои касаба дар шаҳри Душанбе доир шуд, шаш нафар-- Абдуҳалим Ғаффоров, Ниёз Ҷумъаев, Зариф Наимов, Мавлуда Раҷабова, Изатулло Ғаниев ва Маъруфхӯҷа Юсуфов ҳамчун номзадҳои ин ҳизб муаррифӣ шуданд. Ин ҳизб мегӯяд, ки панҷ номзади дигари худро баъдан эълон мекунад.

Дар феҳрасти Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ низ шаш номзад -- панҷ мард ва як зан шомил мебошанд. Ҳизби ислоҳоти иқтисодии дар анҷумани 5-уми худ, ки рӯзи 13 -декабр дар Хонаи Иттифоқҳои касаба ва бо ширкати 112 вакил доир шуд, феҳрасти номзадҳои худ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявиро эълон кард. Номзадҳои шомили ин феҳраст панҷ мард ва як зан -- Олим Бобоев, Рустам Қудратов, Машраб Файзуллоев, Рустам Назаров, Абдулатиф Раҳимов ва Шаҳрбону Машрабова мебошанд.

Олим Бобоев, раиси ин ҳизб дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аксари афроди шомили ин феҳраст, ҷавонон ва докторҳои илм ҳастанд. Раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ афзуд, ки аъзои ин ҳизб беш аз 31 ҳазор буда ва дар ҳама минтақаҳои кишвар бахшҳои ибтидоии он фаъолият мекунанд. Ин ҳизбро дар парлумони кунунии кишвар ду вакил намояндагӣ мекунад.

Рӯзи гузашта ҳамчунин Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ анҷумани худро баргузор кард ва раису муовинони ин ҳизб интихоб шуданд. ҲХДТ дар феҳрасти ягонаи ҷумҳуриявӣ 28 нафарро ворид кардааст, ки аксари онҳо аз мансабдорони давлатӣ мебошанд.

Ба ин тартиб, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи 16 декабр, Ҳизби сотсиал-демократ дар таърихи 17 декабр ва як рӯз баъдтар Ҳизби аграрии Тоҷикистон анҷуманҳои худро доир мекунанд. Анҷумани Ҳизби демократии Тоҷикистон рӯзи 20 декабр ва аз ҳама дертар -- дар таърихи 27 декабр анҷумани Ҳизби коммунисти Тоҷикистон доир мешавад.

Бар пояи қонуни интихобот, номзадҳо ба ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ аз сӯи ҳизбҳои сиёсӣ дар анҷуманҳои онҳо муаррифӣ мешаванд. Аммо номзадҳо аз ҳавзаҳои якмандатӣ дар пленуму маҷлисҳои бахшҳои аҳзоб дар минтақаҳо муаррифӣ мегарданд. Интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи 1-уми марти соли оянда баргузор мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG