Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистону Русия. Содироти мева ба ҷойи муҳоҷирон?


Вазорати молияи Тоҷикистон мегӯяд, ки иқтисоди кишвар бештар аз Русия вобаста аст ва агар иқтисоди Маскав 1 дарсад коҳиш ёбад, ин таъсир барои Душанбе ба 0,8 дарсад баробар хоҳад буд.

Тоҷикистон аз Русия барои содироти меваю сабзиҷоташ беш аз 300 дархост гирифтааст. Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноат, рӯзи 25 апрел дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, сабзавот ва меваҳои барвақтии Тоҷикистон дар бозори Русия дар пасманзари маҳдудиятҳо ба вориди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба ин кишвар зиёд шудааст.

Ӯ гуфт, “мо ҳоло аз роҳбари вилоятҳо, ширкатҳои калони тиҷоратии Русия 300 мактуб гирифтем, ки онҳо омодаанд, сабзавот ва меваҳои Тоҷикистонро харидорӣ кунанд. Мо нишонии ин ширкату идораҳои Русияро ба унвони раисони шаҳру вилоятҳо ва хоҷагиҳои деҳқонӣ фиристодем. Дар ин шабу рӯз нахустин шуда гелос мепазад ва қарор аст аввалин гелоси Тоҷикистон ба бозорҳои Русия, Қазоқистон фиристода шавад.”

Шариф Саид

Шариф Саид

Шариф Саид афзуд, кишоварзони тоҷик ҳоло хеле фурсати хуби бозорёбӣ дар Русияро доранд ва бо ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ Тоҷикистон шонси тақвият додани содиротро дорад.

Яъне, Тоҷикистон талош дорад ба ҷойи муҳоҷирон ба Русия бештар маҳсулот фиристад, ки ин аз як сӯ вобастагии Тоҷикистонро аз ин кишвар коҳиш медиҳад ва аз сӯи дигар дар дохил ҷойҳои нави корӣ бештар мешавад, ки метавонад шумори муҳоҷирони кориро камтар кунад.

Борон дар Маскав, чатркушоӣ дар Тоҷикистон?

Дархости Русия барои воридоти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ҳолест, ки Вазорати молия эътироф кард иқтисоди Тоҷикистон беш аз ҳар кишвари дигари пасошӯравӣ аз вазъи Русия вобаста аст. Вазорати молияи Тоҷикистон дар пайи як таҳлили вижа муайян кардааст, ки агар иқтисоди Русия 1 дарсад коҳиш ёбад, ин таъсир барои Тоҷикистон ба 0,8 дарсад хоҳад буд.

Ба таъкиди муаллифон, сабаби аслии вобастагии зиёди Тоҷикистон аз Русия пулҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ будааст. Арзоншавии қимати пахта ва алюминиюм - ду маводи асли содиротии Тоҷикистон - дар бозори ҷаҳонӣ низ яке аз сабабҳои кунд шудани рушди иқтисод дар кишвар дониста шудааст.

Коршиносон мегӯянд, вобастагии беш аз ҳадди Тоҷикистон танҳо аз як кишвар иқтисоди кишварро осебпазир мекунад ва гузашта аз ин Русия аз ин вобастагӣ дар ҳолати зарурӣ метавонад ҳамчун абзори фишор ба

Шариф Раҳимзода

Шариф Раҳимзода

Тоҷикистон истифода кунад. Аммо Шариф Раҳимзода, роҳбари Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси Намояндагон, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, Тоҷикистон бо Русия робитаи зичи иқтисодӣ дорад ва инро намешавад вобастагӣ гуфт.

Раҳимзода афзуд, ҳукумати кишвар барои бунёди ҷойҳои нави корӣ ва коҳиш додани муҳоҷират тадбирҳои амалӣ андешидааст: “Ҳукумат барномае дорад, ки коркарди масҳулоти кишоварзӣ, ташкили корхонаҳои нави нассоҷӣ ва дигар корхонаҳои саноатиро дар назар дорад. Чанде аз корхонаҳои истеҳсоли семент ва дигар корхонаҳои саноатӣ аз сӯи раисиҷумҳур дар Ёвон ифтитоҳ шуд. Мо ҳоло як созишномаро дар маҷлис тасдиқ кардем, ки сохтмони Маркази гарму барқидиҳиро бо ангишт дар мавзеи Шӯроби вилояти Суғд дар назар дорад. Сохтмони ин гуна корхонаҳо даҳҳо ҷойҳои нави кории доимиро ба вуҷуд меоранд.”

Русия бештар аз як сол боз даврони буҳрони иқтисодиро паси сар мекунад ва ба ин далел интиқоли пули муҳлҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон ҳам коҳиш ёфтааст. Дар соли 2015 мизони пулҳои интиқолии муҳоҷирони корӣ аз Русия ба Тоҷикистон ҳудуди 42 дарсад кам шудааст.

Ҳоло созмонҳои байналмилалии молиявӣ мегӯянд, ба эҳтимоли ғолиб мушкилоти иқтисодии Русия дар соли 2016 низ давом хоҳад кард ва ба ин маъноест, ки даромади муҳоҷирони корӣ дар ин кишвар имсол боз ҳам бештар коҳиш хоҳад ёфт.

Ва эътирофи Вазорати молияи Тоҷикистон дар бори вобастагии ин кишвар аз иқтисоди Русия дар ҳолест, ки интиқоли пул аз ин кишвар имсол ҳатто дар муқоиса бо соли гузашта боз қариб ду баробари дигар коҳиш ёфтааст. Бонки марказии Русия рӯзи 20 апрел омори охирин дар бораи ҳаҷми интиқоли пул аз ин кишварро нашр кард. Бино ба ин омор, тайи ду моҳи аввали соли 2016 аз Русия тавассути 10 ширкати пулфиристӣ ба хориҷ ва асосан ба кишварҳои пасошӯравӣ ҳамагӣ 690 миллион доллар (310 миллион - дар моҳи январ ва 380 миллион - дар моҳи феврал) интиқол дода шудааст.

Ин назар ба 1 миллиарду 277 миллион долларе, ки дар ду моҳи аввали соли 2015 аз Русия ба хориҷ рафта буд,қариб ду маротиба ё 587 миллион доллар камтар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG