Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ шурӯъ шуд


Суханронии Раҳмон дар нишасти Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Боку

Суханронии Раҳмон дар нишасти Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Боку

Вале баъд аз зикри чанд масъалаи муҳими иқтисодӣ, ҳар раҳбар аз мушкилоти кишвари худ лаб кушод.

Дар пойтахти Озарбойҷон нишасти Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ шурӯъ шуд. Дар кори ин ҳамоиш мақомоти баландпояи даҳ кишвари узв, аз ҷумла, раҳбарони Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон, Туркия, Покистон, Озарбойҷон ва намояндагони Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ширкат мекунанд.

Вазири умури хориҷии Озарбойҷон Элмар Мамадёров дар нутқи ифтитоҳии худ гуфт, ин созмон бояд масоили ҳамкориҳои аввалиндараҷаи минтақаиро дар бахши иқтисод мушаххас кунад. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, нахуствазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон ва мизбони нишаст - президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба роҳандозии ҳамкориҳои бештар дар соҳаи энержӣ даъват карданд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар нишасти сарони кишварҳои узви ЭКО, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, дар Боку ба татбиқи ҳарчӣ зудтари тарҳҳои минтақаӣ, аз ҷумла хатти интиқоли нерӯи барқ -- CASA-1000 даъват намудааст. Эмомалӣ Раҳмон дар ин нишаст гуфт, "имконияти дар оянда то ба дигар кишварҳои минтақаи Созмон расонидани ин хатҳои интиқоли барқ низ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, ҳаётан муҳим аст, ки ин лоиҳаҳо бо суръати баланд мавриди иҷро қарор дода шаванд."

Хатти баландшиддати интиқоли нерӯи барқ мавсум ба CASA-1000 аз тарҳҳои бузурги минтақаист, ки умдатан интиқоли барқи нерӯгоҳҳои Қамбаротаи Қирғизистон ва Роғуни Тоҷикистонро ба Афғонистону Покистонро дар назар дорад. Гуфта мешавад барои иҷрои ин тарҳ, беш аз 950 миллион доллар зарур аст, ки 251 миллионаш барои сохтани як қисмати ин хатти барқ ва зеристгоҳҳояш дар ҳудуди Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Давлати Русия гуфтааст, ки дар иҷрои ин тарҳ сармоягузорӣ хоҳад кард.

Ҷаноби Раҳмон дар нишасти Боку ба масъалаи бунёди роҳи оҳани Чин-Қирғизистон-Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон низ таваҷҷӯҳ карда, онро барои Душанбе "ҳаётан муҳим" донистааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, "кишвари мо ба баҳр баромади мустақим надорад".

Вале баъд аз зикри масоили авлавиятнок, базудӣ ҷараёни музокирот дар ин нишаст ба самти дигар чархид. Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай аз Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ мусоидат дар мубориза бо терроризмро тақозо кард. Карзай гуфт, дар қаламрави Афғонистон созмонҳои мисли Ал-Қоида ва Ҷунбиши Исломии Узбакистон амал мекунанд ва ӯ аз раҳбарони минтақа даъват кард, ки дар амри муқобила бо қочоқи силоҳ ва дигар маводи кӯмаккунандаи террористон дар Афғонистон дасти ёрӣ дароз кунанд.

Дар нутқи худ президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ терроризмро маҳкум кард ва ба таври ҷудогона роҷеъ ба қазияи духтари 14-сола Малола Юсуфзай, ки мавриди ҳадафи Толибон қарор гирифта, ҳоло дар Бритониё муолиҷа мешавад, сӯҳбат кард. Зардорӣ бо ситоиш аз фаъолияти ин духтараки наврас дар амри таблиғи таҳсилу донишомӯзии духтарону занон дар ҷомеаи Покистон, гуфт, “коре, ки ин духтарак дар чашми Худованд мекунад, ба маротиб бузургтар назар ба онест, ки террористон аз номи мазҳаб анҷом медиҳанд.” Мегӯянд, ки сиҳатии Малола тадриҷан беҳбуд меёбад.

Дар навбати худ президенти Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод ба таъсиси як форуми сиёсӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ даъват кард. Вай иддао кард, ки “аҳди низоми капиталистӣ, сиёсати ғуломдориву мустамликадорӣ хотима меёбад”.

Бо истифода аз ин минбар, президенти Озарбойҷон зидди афзоиши ақидаҳои исломситезӣ ва ишғолгариҳои Қаробоғи Кӯҳӣ аз ҷониби Арманистон садо баланд кард. Илҳом Алиев таъкид кард, ки Қаробоғи Кӯҳӣ як бахши ҷудоинопазири қаламрави Озарбойҷон мебошад.

Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар миёнаҳои солҳои 1980-ум таъсис ёфта, дар оғоз танҳо Туркия, Покистон ва Эрон аъзои он буданд. Баъд аз пошхӯрии Шӯравӣ дар солҳои 1990-ум давлатҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон ва Афғонистон ба узвияти ин созмон пазируфта шуданд. Ҳарчанд Туркманистон ҳам як узви ин созмон мебошад, вале ҳеҷ иттилое роҷеъ ба ҳузури намояндаи ин кишвар дар нишасти имрӯзаи Боку дар даст нест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG