Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷоми ташхиси манбаъҳои радиоактиви Тоҷикистон


Мақомоти Оҷонси амнияти ҳастаӣ ва радиатсионии Тоҷикистон аз анҷоми марҳалаи инвентаризатсия ё мушаххассозии куллия маводи радиоактивӣ дар қаламрави кишвар хабар додаанд.

Ин иқдом дар ҳамкорӣ бо Камисиюни танзими ҳастаии Амрико ва ба манзури ҳифзи маводи осебпазири ҳастаӣ сурат гирифтааст.

Ҳарчанд Тоҷикистон кишвари ҳастаӣ нест, аммо масъулони ин ожонс мегӯянд, маводҳои радиоактив хатаре барои тавлиди бомбаҳои олуда, ки метавон аз он ба унвони як навъ силоҳи ҳастаӣ ном бурд, хоҳанд дошт.

Пас суол ин аст, ки манбаъҳои радоактивӣ дар Тоҷикистон чи гуна ҳифз мешаванд ва оё имкони дастёбии афроди ба истилоҳ «террорист» ба ин мавод вуҷуд дорад ё хайр?

Ҳадаф: Маълумоти дақиқ дар бораи манобеъи радиоактив


Мушаххассозӣ ё инвентаризатсияи манбаъҳои маводи радиоактив дар қаламрави Тоҷикистон нахустин тарҳи муштараки Камисиюни амнияти ҳастаии Амрико бо Оҷонси амнияти ҳастаӣ ва радиатсионии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон аст, ки дар ин авохир анҷом шудааст.

Абдуҷаббор Саломов, муовини раиси Оҷонси амнияти ҳастаӣ ва радиатсионии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ҳадафи аслӣ аз ин тарҳро дарёфти иттилоъи дақиқ дар бораи манбаъҳои маводи радиоактив ва ҳифзу нигаҳдории он арзёбӣ кард.

Зеро ҷаноби Саломов, мегӯяд, бе назорат мондани маводҳои радиоактив метавонад хатаре дар заминаи истифода барои сохти силоҳҳои қатли ом бошад, «агар яке аз ин манбаъҳо ба дасти афроди нохалаф ё террорист афтад, онҳо метавонанд бо истифода аз ин маводи радиоактив бомбаҳои исфлосро тавлид кунанд, ки албатта то андозае метавон онро ба силоҳҳои ҳастаӣ ворид кард».

Нигаронӣ аз имкони дастёбии террористҳо ба манобеъи ҳастаӣ

Ин дар ҳолест, ки талоши дастёбии шабакаҳои террористие, чун “Ал-қоида” барои маводи лозим ҷиҳати тавлиди силоҳҳои ҳастаӣ аз нигарониест, ки дар ҳамоиши байналмиалии ҳастаӣ рӯзи гузпашта дар Вашингтон матраҳ гардид.

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико дар ин ҳамоиш ҳушдор дод, ки таҳдиди истифодаи террористҳо аз силоҳи атомӣ дар ҳоли афзоиш аст. Ин буд, ки вай аз кишварҳо хост, то 4 соли дигар барномаи мушаххаси ҳифзи маводи ҳастаиро тасвиб кунанд.

Суоли дигар ин аст, ки Тоҷикистон ба уновни як кишвари кӯчак, вале дар ҳамсоягӣ бо Афғонистон, ки мубориза алайҳи Ал-қоида ва дигар шабакаҳои терористӣ ҳамчунон идома дорад, ҷиҳати ҳифзу нигадории маводи ҳастаӣ чӣ иқдомотеро рӯи даст дорад?

Ба иттилоъи масъулони Оҷонси амнияти ҳастаӣ ва радиатсионии Тоҷикистон натоиҷи инвентаризатсия собит кард, ки манбаъҳои аслии маводҳои радиактивӣ, партовгоҳи радиатсионии ноҳияи Файзобод, маркази илмии онкологии вазорати тандурустӣ ва гамма- лабораторияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.

"Нигарон набошед"

Саидикром Шухов, масъули Гамма – лабараторияи донишкадаи физикаи Донишгоҳи миллӣ мегӯяд, ин коргоҳ таҳти назорати ҷиддӣ қарор дорад.

Ӯ мегӯяд: «Ин мавод асосан барои корҳои илмӣ истифода мешавад. Барои донишҷӯён ягон бор оварда нишон медиҳем, тамом. Пурра мавриди ҳифозат ва назорати ҷиддӣ ҳаста. Чунки МАГАТЭ омада, таҷҳизоти зарурии сигнализатсия ва назорати видеоии шабонарӯзӣ барои 24 соат насб кардаанд. Ба ҷузъ ман касе дигаре ба ин коргоҳ намедарояд».

Масъулони ожонси амнияти ҳастаии Тоҷикистон низ мегӯяд, аз соли 2003 бад ин сӯ, Департаменти энержии Амрико куллия нуқтаҳои ҳифзу нигаҳдории маводҳои радиоактиви таъсирашон баландро бо таҷҳизоти фаннии муосир таъмин карда ва ин иншоотҳо таҳти назорати комили маъмурони интизомӣ қарор дорад.

Афзун бар ин бозрасиҳои МАГАТЭ ё Ожонси байналмилалии неруи ҳастаӣ ва ҳамкории Камисиюни амнияти ҳастаии Амрико бо Тоҷикистон низ дар ин замина бе сабаб нест.

Абдуҷаббор Саломов, муовини раиси Оҷонси амнияти ҳастаии Тоҷикистон мегӯяд, теъдоди манбаъҳои радиоактив дар ин кишвар ба ҳудуди ҳазор адад мерасад, ки аз ин 600 адади он дар партовгоҳи радиоактивии Файзобод гӯронда шуда, қарор аст, ҳудуди 200-тои дигар низ дар ояндаи наздик дар ин макон гӯр карда шаванд.

Вай мегӯяд, эҳтимол меравад, ҳудуди 50 то 60 манбаи маводи радиоактив боқӣ монад, ки барои корҳои илмӣ дар донишгоҳҳо ва маркази онкологӣ истифода хоҳад шуд. Аммо бо ин ки масъулони давлатӣ иддаъо доранд, ки Тоҷикистон кишвари ҳастаӣ нест, вале дорои захоири бузуги ураниум, аз моддаи фаъоли радиоактив, мебошад.

14% манобеъи уран дар Тоҷикистон?

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ду соле қабл эълом дошт, ки ҳудудан 14 дарсади захоири ҷаҳонии ураниюм дар ин кишвар мавҷуд аст ва бояд ин захоир оқилона мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.

Вале мутахасисони соҳа бо ба ин андоза вуҷуд доштани захоири ураниум, бо назари шубҳа менигаранд. Азими Иброҳим, раиси Саридораи геологияи Тоҷикистон низ аз овардани арқоме дар ин бора худдорӣ кард.

Ӯ гуфт: «Захоири ашёи радиоактивӣ дар ҳудуди Тоҷикистон дар андозаи назаррас вуҷуд дорад ва ҳукумати Тоҷикистон низ барои коркарди ин захоир аз нуқтаи назари манфиати иқтисодӣ, яъне гирифтани суд дар пайи амалӣ кардани чунин барнома аст. Дар Саридораи геология низ сохторе дар ин замина таъсис шудааст. Аммо ин корҳо дар ояндаи наздик сурат мегиранд ва албатта дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои байналмилалӣ».

Дар муддати 15 соли ахир қимати ураниум дар бозори ҷаҳонӣ афзоиш пайдо кард ва аз ин рӯ масъулони давлатӣ дар Тоҷикистон истихроҷи ин маъданро аз манфиъат холӣ намедонанд.

«Востокредмет» эҳё мешавад?


Дар Тоҷикистон корхонаи коркарди ураниум бо номи «Востокредмет» дар шаҳри Чкаловск, дар шимоли ин кишвар фаъол аст.

Ба иттилоъи масъулони Оҷонси амнияти ҳастаӣ ва радиатсионӣ ҳатто дар даврони Шӯравии собиқ ҳамасола дар ин корхона аз коркарди 1 миллион тонна ураниум, оксиди ураниум тавлид карда мешуд.

Ҳамакнун дар Тоҷикистон ураниум истихроҷ ва коркард намешавад ва ин корхона низ ба таври бояду шояд фаъол нест ва гоҳе ба тавлиди маҳсулоти дигар, аз ҷумла Калуш машғул аст.

Мутахасисони соҳа бар ин назаранд, ки эҳтимолан истихроҷи уран дар қадами аввал аз партовгоҳҳои радиоактив дар шаҳру навоҳии Адрасмон, Табошар, Деҳмой ва Ғафурови вилояти Суғд, ки миқдори умумиаш 55 миллион тоннаро ташкил медиҳад, роҳандозӣ шавад.

Зеро ба таъкиди онҳо аз як сӯ суди иқтисодӣ ба даст хоҳад омад, аз ҷониби дигар ин партовгоҳҳо безарар хоҳад шуд ва хатари радиатсионӣ ба сокинони атроф коҳиш пайдо хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG