Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рашт. Сокинони маркази зилзиласанҷӣ куҷо раванд?


Ҳудуди 20 сокини кӯчаи Муҳидинови ноҳияи Рашт назди бинои ҳукумати ин ноҳия ҷамъ омада, талаб доранд, то онҳо аз манзили зисташон маҳрум карда нашаванд.

Дилрабо Саидова, яке аз ин занҳо зимни тамос ба Радиои «Озодӣ» гуфт, онҳо ҳоло дар маконе зиндагӣ доранд, ки замони Шӯравӣ ба Маркази зилзиласанҷӣ мансуб буд, аммо ҳоло ҳукумати ноҳия ин маконро бо манзилҳои истиқоматӣ, ба Вазорати корҳои дохилӣ додааст.

Ин зан мегӯяд, аксари сокинони ин мавзеъ бештар аз 20 сол боз ин ҷо зиндагӣ доранд, аммо аввали соли ҷорӣ зиндагии онҳо дар ин биноҳоро ғайриқонунӣ дониста, талаб дорад, то зудтар ин маконро тарк кунанд. Аммо ин занҳо мегӯянд, ҷое барои рафтан надоранд ва талаб доранд, то ҳукумати маҳаллӣ дар бунёди манзил дар макони дигар барояшон кӯмак кунад.

Ҳукумати маҳаллии ноҳияи Рашт зисти сокинон дар бинои собиқ Маркази зилзиласанҷиро ғайриқонунӣ медонад. Намояндагони ҳукумат мегӯянд, замони нооромиҳо сокинон ин биноҳоро ғасб кардаанд ва ҳоло бояд онро холӣ кунанд.

Саидмурод Абдураҳмонов, раиси ноҳияи Рашт соати 12-и имрӯз, 28-уми июн назди ин занон баромада, ба онҳо ваъда додааст, ки барояшон замин барои манзили зист дода хоҳад шуд. Аммо Сарвиноз Назирова, сокини дигари ин маҳалла мегӯяд, раиси ноҳия аз мавзеъе барояшон замин пешниҳод мекунад, ки он ҷо имкони зиндагӣ кардан мавҷуд нест.

-Ин замин на об дорад ва на хати барқ. Мо он ҷо меравем, чи гуна зиндагӣ мекунем. Мо хоҳиш дорем, то ба мо, ки ҳама камбизоат ҳастем, кӯмак барои хона ҳам карда шавад,-гуфт, ин зан.

Сокинони мавзеъи Маркази зилзиласанҷии Рашт мегӯянд, онҳо наздики 30 оила ва ҳама соҳиби фарзанду набера буда, даҳсолаҳо дар инҷо зиндагӣ доранд, вале ахиран мақомоти ноҳия ин мавзеъро ба ихтиёри раёсати ОМОН-и Вазорати дохила додаст ва аз онҳо тақозои ҳар чӣ зудтар тарки манзил кардан аст.

Феълан Маркази зилзиласанҷии Рашт дар ихтиёри Пажӯҳишгоҳи геология қарор дорад. Мудири ин пажӯҳишгоҳ Юнус Мамадҷонов ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки намояндагони ин марказ ба Академияи улум омада буданд ва онҳо кӯшиш хоҳанд кард, ки сокинон дар кӯча намонда, соҳиби қитъаи замин шаванд.

Соли гузашта 5,7 гектар замини Маркази зилзиласанҷӣ ба ихтиёри Вазорати корҳои дохилӣ дода шуд ва дар назар аст, ин ҷо сарбозони ОМОН-и ноҳия ба сохтмони манзил шурӯъ кунанд.

XS
SM
MD
LG