Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фидел Кастро – аз инқилоб то ғуруб. АКСУ ВИДЕО


Фидел Кастро, раҳбари пешини Куба
Фидел Кастро, раҳбари пешини Куба

Фидел Кастро – раҳбари пешини Куба, ки соли 1959 режими Фулгенсио Батистаро сарнагун ва низоми марксистӣ – ленинӣ ҷорӣ карда буд, дар 90-солагӣ даргузашт. Хабари марги ӯро бародараш Раул Кастро, ки ҳоло зимоми қудрат дар Кубаро дар даст дорад, тавассути телевизион эълон кард. Ӯ гуфт, "мардуми азизи Куба, бо андӯҳи амиқ бояд ин хабарро ба Шумо ва дӯстонамон дар Амрикову гӯшаҳои дунё расонам, ки соати 22:29 дақиқаи шаби 25 ноябр раҳбари инқилоби Куба Фидел Кастро даргузашт." Раул Кастро дар идома гуфт, бино ба васияташ ҷасади Фидел Кастро сӯзонда мешавад. То рӯзи 4 декабр дар Куба мотами миллӣ эълон шуда ва то кунун раҳбарони чанде аз кишварҳои ҷаҳон таслияти худро нисбат ба даргузашти Касто изҳор доштаанд.

Раул Кастро дар ҳоли эълони марги раҳбари пешини Куба Фидел Кастро
Раул Кастро дар ҳоли эълони марги раҳбари пешини Куба Фидел Кастро

Фидел Кастро охири соли 1956 бо гурӯҳе аз инқилобиҳо, ки теъдодашон ба 800 нафар мерасид, ба ҷанги чирикӣ алайҳи режими Батиста оғоз кард.

Фидел Кастро аз соли 1959 то 2008, тақрибан 50 сол раҳбарии Кубаи коммунистиро бар ӯҳда дошт, вале дар соли 2008 ба сабаби беморӣ қудратро ба бародараш Раул Кастро вогузор кард. Хабаргузори Ройтерс менависад, ҳарчанд Фидел Кастро ба унвони "раҳбари харизматик" ёд мешавад, вале мухолифонаш ӯро барои нақзи озодиҳо башиддат интиқод кардаанд. Онҳо ба гунаи мисол аз муҳоҷирати як миллион сокини Куба дар панҷ даҳаи раҳбарии Фидел Кастро ёд меоранд.

Бисёре аз сокинони Куба, ки ба тарки кишвар маҷбур шуда ва бархеи онҳо дар Амрико сукунат ихтиёр карданд, низ ба ҳамин қатор шомил ҳастанд. Бештари ин афрод, ки дар Маями, воқеъ дар ҷануби шарқи иёлати Флорида зиндагӣ мекунанд, ба дунболи хабари марги Фидел Кастро ба хиёбонҳо баромаданд.

Хабари даргузашти Фидел Кастро бархе аз сокинони аз ватан дурафтодаи Кубаро ба кӯчаҳои Маями баровард
Хабари даргузашти Фидел Кастро бархе аз сокинони аз ватан дурафтодаи Кубаро ба кӯчаҳои Маями баровард

Фидел Кастро охири соли 1956 бо гурӯҳе аз инқилобиҳо, ки теъдодашон ба 800 нафар мерасид, ба ҷанги чирикӣ алайҳи режими Батиста оғоз кард. Се сол баъдаш ӯ бо нерӯҳои худ пирӯзмандона вориди Ҳавана шуд ва бо миллӣ кардани ширкату муассисаҳои хусусӣ аз Амрико ба унвони душмани рақам як ном бурд.

Дар ҳамин замон буд, ки Куба аз пуштибонии ҳамаҷонибаи Иттиҳоди Шӯравӣ бархӯрдор гардид, ба ҳадде ки авҷи ҳимоят ба “бӯҳрони мушакии Куба” дар соли 1962 маъруф шуд. Иттиҳоди Шӯравӣ бо истиқрори мушакҳои миёнбурди атомӣ дар Куба то остонаи ҷанги атомӣ бо Амрико пеш рафт.

90 соли Фидел Кастро дар навори видео:

Кубинскому команданте на пенсии исполнилось 90 лет
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:04 0:00

Баъди фурӯпошии Шӯравӣ дар соли 1990 Куба вориди як бӯҳрони шадиди иқтисодӣ шуд, бӯҳроне, ки ҳукумати Фидел Кастроро водор ба ислоҳоти иқтисодӣ кард. Баъдтар, ба дунболи рӯйи кор омадани Раул Кастро Куба ба сӯи иқтисоди бозори озод қадам гузошт. Робитаи Куба бо Амрико низ баъди ба қудрат расидани Раул Кастро, дар соли 2015 бо як оштии таърихӣ беҳтар шуд ва ин оштӣ бо сафари Барак Обама, раиси ҷумҳури кунунии Амрико дар моҳи марти соли равон ба Ҳавана то ҳадде такмил гардид.

XS
SM
MD
LG