Пайвандҳои дастрасӣ

Баъд аз зуҳри даҳуми август заминларзаи шадид Тоҷикистонро таккон дод. Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон мегӯяд, маркази ин заминларза дар Афғонистон буда, шиддаташ ба 5.7 дараҷаи Рихтер баробар аст.

Соати 15:05-и даҳуми август як заминларзаи шадид Тоҷикистонро таккон дод. Собит Неъматуллоев, масъули Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки маркази ин заминларза дар 300-километрии ҷанубуғарби шаҳри Душанбе, дар қаламрави Афғонистон, буда ва шиддаташ ба 5.7 дараҷаи Рихтер баробар будааст.

Ба қавли Неъматуллоев, шиддати ларзиши замин дар Душанбе 3-4 баллро ташкил додааст. "Аз талафот ва хисорот то ҳол иттилое дар даст нест,"--гуфт ӯ.

Вале бархе аз сокинони пойтахти Тоҷикистон мегӯянд, шиддати заминларза ба ҳадде буд, ки бошандагони биноҳои баландошёна аз хонаҳояшон ба берун баромадаанд. Маркази зилзилашиносии аврупоӣ баъд аз лаҳзаҳои аввали ин заминларза гуфта буд, шиддати он ба 6 дараҷаи Рихтер мерасад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ним соли гузашта дар ҳудуди кишвар ҳудуди 7 ҳазор заминҷунбӣ сабт шудааст. Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон дар нишасти хабарии моҳи июлаш гуфта буд, бештари ин заминҷунбиҳо бо дараҷаи паст рух дода, чандон эҳсос нашудаанд.

Вале заминҷунбии рӯзи даҳуми август дар ҳоле рух дод, ки ду ҳафта пештар мақомоти Қирғизистон аз заминларзаи то 9 дараҷа дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон хабар дода буданд. Ин хабар бо вуҷуди он ки аз сӯи олимони тоҷик "шубҳаовар" ва "боварнакарданӣ" унвон шуд, вале зоҳиран дар вақти заминҷунбӣ тавонист дар дили сокинон тухми тарсро бештар бикорад.

Фарҳод Раҳимӣ дар нишасти хабарии ниҳодаш дар моҳи ииюл гуфта буд, ки заминҷунбиҳои харобиовари 8-9 бал дар Тоҷикистон қариб вуҷуд надорад. Ӯ афзуд, "ҳарчанд Тоҷикистон дар минтақаи фаъоли заминҷунбӣ воқеъ аст, вале имконияти рух додани заминларзаҳои болотар аз 7 бал камтар аст. Эҳтимоли бисёр кам вуҷуд дорад, ки заминҷунбиҳои аз 7 бал болотар рух диҳанд. Аз сабаби ин ки Тоҷикистон як кишвари кӯҳсор аст, дар натиҷаи заминҷунбиҳо фаромадани ярч ва кандашавии куҳҳо ҳам мушоҳида мешавад. Аз ҷумла, ҳодисаи Сарез ва Ҳоит аз ин қабиланд."

Ӯ, инчунин, пешгӯии олимони қирғизро таҳти шубҳа қарор дода ва гуфт, баъзе аз усулҳо вуҷуд доранд, ки фақат метавонанд 48 соат ё 24 соат пеш заминҷунбиро пешгӯӣ кунанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG