Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нафткашҳои эътирозгари қазоқро ба додгоҳ кашиданд


Нафшкашҳои қазоқ дар додгоҳ
Нафшкашҳои қазоқ дар додгоҳ

Дар додгоҳи шаҳри Актауи Қазоқистон 28 корманди ширкати нафтии Oil Construction Company (OCC)-ро муҳокима мекунанд. Додгоҳ аз рӯи даъвои роҳбарияти ширкат нисбат ба кормандоне, ки дар гуруснашиниҳои эътирозӣ зидди бастани Эътилофи иттифоқҳои касабаи мустақил иштирок карданд, парванда кушодааст.

Аз ин шумор 8 нафткаш дар робита ба эътирози гуруснашинӣ бори севум аст, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб мешавад. Роҳбарияти ширкат аз додгоҳ хостааст, гуруснашинии нафткашҳоро ғайриқонунӣ эътироф кунад ва аз онҳо наздики 9 ҳазор доллар ҳамчун "ҷуброни зарар" биситонад. Роҳбарият даъво дорад, ки дар пайи гуруснашинии кормандон аз 6 то 22 январ ширкат зарар дидааст.

Иқдоми гуруснашинии садҳо нафткаш 5 январ дар идораи иттифоқҳои касабаи мустақил дар ҳудуи ширкати ОСС дар Актау шуруъ шуд ва бештар аз ду ҳафта идома кард. Нафткашҳои кони Каламкас ва Жетибой низ ба ин иқдом пайвастанд. Иқдоми гуруснашинӣ бо талаби ҳокимони маҳаллӣ қатъ шуд ва додгоҳ онро "ғайриқонунӣ" эътироф ва нисбати ширкаткунандагон парванда боз кард. Даъвогарон мегӯянд, эътирозгарон "дигаронро ба гуруснашинӣ тарғиб мекарданд".

Аммо нафткашҳо аз ин даъво норозиянд. Коргарон мегӯянд, онҳо масъул нестанд, ки дар ин иқдом бештар аз 270 эътирозгар ширкат кардааст.

Додгоҳ 19 январ ин эътирозро ғайриқонунӣ эътироф кард ва 21 январ ҳукми боздошти фаъолони иқдоми мазкурро содир намуд. Ду фаъоли иқдом - Омина Елеусинова ва Нурбек Кушакбоев то ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд. Ширкатдорони иқдоми эътирозӣ барқарории Эътилофи иттифоқҳои касабаи мустақилро дар Қазоқистон талаб доранд.

XS
SM
MD
LG