Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳизби ҳокими “Нур-Отан”-и Қазоқистон аз пешниҳоди Маҷмаи мардумии ин кишвар дар бораи баргузории интихоботи зудраси раёсати ҷумҳурӣ ҳимоят намудааст. “Нур-Отан” 16 феврал эълон кард, ки аз ин пешниҳод комилан ҷонибдорӣ мекунад.

Анҷумани халқи Қазоқистон, ки раҳбарии онро Нурсултон Назарбоев, раиси ин ҷумҳурӣ бар ӯҳда дорад, 14 феврал гуфт, ки зарурати баргузории интихоботи зудрас фаро расидааст”, то “ба идомаи сиёсати кунунӣ бовар ҳосил шавад” ва иқтисод таҳким ёбад.

Интихоботи оянда бояд соли 2016 баргузор шавад, вале Анҷумани халқпешниҳод кардааст, ки ин интихобот ҳамин сол баргузор гардад. Анҷумани халқ, ки як ниҳоди машваратии вобаста ба раисиҷумҳури Қазоқистон аст, ҳамчунин гуфтааст, ки Назарбоев бояд як давраи дигар дар марҳилаи бӯҳрони иқтисодӣ раиси ҷумҳур интихоб шавад.

Рӯзи 14 феврал Назарбоев дар ҷаласаи Анҷумани халқи Қазоқистон ширкат надошт.

Бо ин пешниҳод ҳоло бояд парлумони зери назари ҳизби президент ҳам мувофиқат кунад. Аз ҳоло гуфта мешавад, ки номзади аслӣ худи Назарбоев мешавад, ки дар гузашта ҳадди аққал се бор ба ҳамин шеваи интихоботи пеш аз мӯҳлат курсии президентиро ҳифз кардааст.

Назарбоев дар маҷмӯъ аз соли 1989, инак 26 сол боз раҳбарии Қазоқистон, як кишвари аз нигоҳи қаламрав ва ҳаҷми иқтисод ва захираҳои табиияш, аз ҷумла нафту газ, бузургтарини Осиёи Марказӣ раҳбарӣ мекунад.

Дар мусоҳибае бо Мамир Райимов, коршиноси умури сисёсии Қазоқистон дар Алмаато аз вай пурсидем, то чӣ андоза далелҳо дар бораи зарурати баргузории интихоботи зудрас ба воқеият дуруст меояд?

Райимов: Омили аввал ин аст: Назарбоев ҳарос дорад, ки то интихоботи навбатӣ, ки бояд соли оянда баргузор шавад, вазъи сиёсӣ дар кишвар мумкин аст тағйир ёбад ва вай шояд натавонад нақшаҳои худро дар бораи додани зимоми қудрат ба дастнишондаи худ иҷро кунад. Шояд вай ҳис мекунад, ки вазъи саломатиаш мисли пеш хуб нест ва вай намехоҳад вақтро ба дарозо кашонад. Гузашта аз ин, вай тахмин мезанад, ки дар кишвар нируҳои сиёсии таъсиргузор ҳастанд ва барои раёсати ҷумҳурӣ мубориза мебаранд. Барои ҳамин мехоҳад зудтар интихоб шавад ва барои ин мақом одами худро дар оянда омода кунад. Омили дуввум ин аст, ки вазъи иқтисодӣ дар кишвар дар оянда бад мешавад ва ин дар байни мардум норизоятиҳо ба бор меорад. Омили севвум бӯҳрони Украина аст. Мумкин аст мавқеи Путин дар Русия заиф шавад, нируҳои мухолифи вай фаъолтар ва таъсири он ба Қазоқистон ҳам бирасад. Барои ҳамин вай мехоҳад, ки аз марҳилаи бӯҳронӣ пеш гузарад ва интихоботро дар марҳилаи то андозае муносиб баргузор кунад”.

Озодӣ: Оё баргузории ҳамин интихоботи зудрас ба меъёрҳои Қонуни Асосии Қазоқистон мутобиқат мекунад?

Нурсултон Назарбоев

Нурсултон Назарбоев

Райимов: Баргузор кардани интихоботи зудрас барои идомаи раёсати Назарбоев тибқи Қонуни Асосӣ комилан дуруст аст. Вале баъзе моддаҳои қонун ба ин сабабҳое, ки барои баргузории интихоботи зудрас нишон медиҳанд, мутобиқ нест. Вазъи кишвар барои баргузории интихоботи навбатӣ дар соли оянда муносиб аст, иқтисод ҳам чандон бӯҳронӣ нест. Пешниҳодҳое, ки барои зарурати баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ матраҳ мекунанд, аз лиҳози мантиқ бо вазъи мавҷуда дуруст намеояд. Вазъро каме сунъӣ нишон медиҳанд.

Озодӣ: Шумо фикр намекунед, ки ҳамаи ин пешниҳодҳо аз худи Назарбоев сарчашма мегирад ва тавассути ҳизб ё анҷуману маҷмае матраҳ мешаванд?

Райимов: Ҳоло дар низоми сиёсӣ вазъ он гуна аст, ки ҳар чиз ва ҳама чиз бидуни истисно аз худи Назарбоев вобаста аст. Ин масъалаҳо дар бораи баргузории интихобот низ аз иродаи вай сарчашма мегирад ва тавассути доираҳои вобаста ба вай паҳн мешавад.

Озодӣ: Оё вай бо чунин кор дар нимароҳ курсии раёсатро ба шахси зери назари худ, яъне дастнишондаи худ хоҳад дод?

Райимов: Ман фикр намекунам, ки вай таваккал хоҳад кард ва ҳоло курсиро ба каси дигар медиҳад. Вале боз ҳам таъкид мекунам, ки ҳоло ҳама чиз ва ҳар чиз аз иродаи худи вай вобаста аст. Интихоботро баргузор мекунад ва сипас мумкин аст баъд аз муддате ҳокимиятро ба одами худаш диҳад. Дар он сурат раиси ҷумҳури дастнишонда мисли арӯсаке хоҳад буд, ки тавассути афроди наздик ба худаш, пеш аз ҳама тавассути хешовандони Назарбоев идора ва раҳнамоӣ хоҳад шуд.

М. Шарифҷон: Ман аслан тааҷҷуб накардам"

Мирҳат Шарифҷон, коршиноси масоили Қазоқистон мегӯяд, ин тасмим тааҷҷубангез нест.

Мирҳат Шарифҷон: «Ман аслан тааҷҷуб накардам. Онҳое, ки дар дохил ва беруни Қазоқистон ҳастанд, ба чунин шеваи интихоботҳо одат кардаанд. Ҳатто раъйпурсии соли 1995 ҳузури президентро то соли 2000 тамдид кард, бо ин вуҷуд интихобот соли 1999 барпо шуд. Мардум одат кардаанд ва ҳеҷ ҳайрон ҳам нашуд».

Озодӣ: Баҳонаи аслии пеш аз мӯҳлат даъват шудани интихоботи президентӣ, ки мӯҳлати расмиаш соли 2016 меояд, тағйироти шадид дар сиёсати ҷаҳонӣ, аз ҷумла рӯйдодҳои Украина гуфта мешавад. То куҷо ин баҳона заминаи воқеии даъвати интихобот буда метавонад?

Мирҳат Шарифҷон

Мирҳат Шарифҷон

Мирҳат Шарифҷон: «Агар ҳам рӯйдодҳои ҷаҳон ба вазъи Қазоқистон ҳам таъсиргузор шаванд, танҳо дар иқтисод инъикос мешаванд. Уфти рубли русӣ ва дар паи он эҳтимоли пастравии нишондодҳо дар Қазоқистон ҳам вуҷуд дорад. Қазоқистон дар муқоиса бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ аз лиҳози иқтисодӣ босуботтар аст, мардумаш пасандозҳои муайян дорад. Соли гузашта, вақте як дафъа танга - пули милии Қазоқистон то 19 % беқадр шуд, норизоияти зиёдро аз сиёсати давлат ба бор овард. Интизор меравад, ки танга ҳам сарнавишти рублро такрор мекунад. Ин чиз мусаллам аст ва дар яке аз баромадҳои охираш худи Назарбоев дар ин замин изҳори ташвиш кард ва гуфт, ба ҳукумат ва Бонки миллӣ бояд эътимод кард, на ба овозаҳо. Вай гуфт, дар сурати сар задани бӯҳрон, на мо, балки омилҳои беруна сабабгори ин вазъ мешавад. Аз ҷумла, таҳримҳои Русия, ки ба гуфтаи Назарбоев, «барбарӣ» ҳастанд. Аз ҳамин хотир, ман мутмаинам, ки дар Қазоқистон, ки ҷамъияташ чандон фаъол нест, танҳо дар сурати бад шудани вазъи иқтисодӣ мардум ба хиёбонҳо мерезад».

Озодӣ: Имсол Назрабоев 75-сола мешавад, ӯ 26 сол аст, ки сари қудрат аст. Дар дохили Қазоқистон нирӯҳои сиёсии зиёде ҳастанд, ки аз тамаркузи қудрат дар дасти як нафар шадидан интиқод мекунанд. Вале чаро ба онҳо то ҳол даст надод, ки вазъро дар кишвар тағйир диҳанд?

Мирҳат Шарифҷон: «Ислоҳоти сиёсӣ набошад ҳам, ислоҳоти иқтисодӣ дар ин кишвар хеле муваффақона пеш мераванд. Ҳастанд шахсиятҳое, ки бо чунин шароити сиёсӣ розӣ нестанд ва аксари ин афрод кишварро тарк карданд. Вале агар дар бораи ом гӯем, он пирамидае, ки Назарбоев сохтааст, дар маҷмӯъ барои бисёриҳо қобили қабул аст: ҳам барои элитаҳои сиёсӣ ва ҳам иқтисодӣ, ки дар Қазоқистон яканд. Барои синфи миёна, ки соҳиби тиҷорату бизнес аст, фарқ намекунад, ки чӣ касе сари қудрат истодааст. Назарбоев тавонист, ки як системаи аз кишварҳои ҳамсояаш дар минтақа фарқкунанда бунёд кунад. Ин шароити сохташуда ҳам барои одамони оддӣ ва ҳам барои элитаҳои сиёсӣ муносиб аст. Онҳое, ки розӣ нестанд, мисли Акимҷон Кажегелдин, Ҳалимҷон Ҷакиянов ё Мухтор Аблиёзов онҳо ё дар хориҷа зиндагӣ мекунанд, ё дар зиндонанд. Боқӣ дигарҳо ҳамин қоидаи бозиро қабул карда, аз рӯи ҳамин қоида бозӣ мекунанд.»

Сӯҳбати видеоӣ бо Мирҳат Шарифҷонро инҷо бубинед:

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG