Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикистон ба арӯсиҳои бармаҳал "не" гуфт


Акс аз намоишгоҳи издивоҷҳои бармаҳали UNFPA дар Бишкек бардошта шудааст

Акс аз намоишгоҳи издивоҷҳои бармаҳали UNFPA дар Бишкек бардошта шудааст

Созмони бритониёии "Наҷоти кӯдакон" дар гузориши тозаи худ бо номи "Ҳар духтари охирин" мегӯяд, дар Тоҷикистон аз миёни духтарони 20-24-солаи оиладор 12 дар садашон то 18-солагӣ никоҳ кардаанд. Ин созмон менависад, аз назари таъмини молӣ, баробарии ҷинсӣ ва меъёрҳои дигар Тоҷикистон дар миёни давлатҳои ҷаҳон дар мақоми 57-ум қарор дорад. Ин гузориш 11 октябр, ба муносибати Рӯзи байналмилалии духтарҳо нашр шудааст.

Чор сол пеш, аз рӯи ҳисобҳои таҳқиқоти демографӣ ва беҳдоштие, ки натиҷаҳои онро Дафтари нуфусшумории

Издивоҷҳои бармаҳал ба маънои аз таҳсил, фаъолият ва рушди иҷтимоӣ дар канор мондани духтарҳо мебошад

аҳолии СММ (UNFPA) нашр карда буд, дар 15 дар сади ҳолатҳо духтарҳои тоҷик то 18-солагӣ оила барпо кардаанд. Синни миёнаи издивоҷ дар соли 2012 - 20-сола буда, аз рӯи таҳқиқоти СММ, беш аз 13 дар сади духтарҳои 15 то 19-солаи издивоҷкарда аз шавҳарони худ шудаанд. Ҳамин омор ҳокист, ки аз миёни духтарҳои 15 то 19-сола дар Тоҷикистон 7 дар садашон ҳомиладор шуда, дар 4 дар сади ҳолатҳо дар синни ноболиғӣ фарзанд ба дунё овардаанд.

Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ин падидаро ҳамчун нақзи ҳуқуқи духтарони наврас арзёбӣ карда мегӯянд, издивоҷҳои бармаҳал ба маънои аз таҳсил, фаъолият ва рушди иҷтимоӣ дар канор мондани онҳо мебошад. Илова ба ин, издивоҷҳои бармаҳал ба зеҳну равони духтарҳо таъсири манфӣ гузошта, онҳоро аз хурдсолӣ зери бори масъулияти оиладорӣ, муносибат бо хешовандони ҳамсар ва гирудорҳои хонаводагӣ мегузорад. Ҳолатҳои дучори хушунат шудани ин гурӯҳи духтарҳо ҳам, ки як сабабаш ноомодагӣ ба равобити ҷинсӣ ва ҳаёти оилавӣ мебошад, кам нест.

Омори Тоҷикистон: Издивоҷҳои бармаҳали духтарҳо дигар ба қайд намерасад

Вале мақомот ва ҳам коршиносони маҳаллӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки дар чор-панҷ соли охир дар самти ҷилавгирӣ аз издивоҷҳои бармаҳали духтарҳо дар кишвар пешрафтҳо ба даст омадааст. Аз рӯи омори соли 2015-и раёсати сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Тоҷикистон, додгоҳҳои Тоҷикистон танҳо "ба таври истисноӣ ба никоҳи 791 духтари ноболиғи то 18-сола иҷоза додаанд". Баъди таҳрири қонуни издивоҷҳо дар Тоҷикистон, аз соли 2011 танҳо ба духтарҳои аз 18-сола боло иҷозати барпо кардани оила дода мешавад.

Абдувалӣ Қулов

Абдувалӣ Қулов

Дар ду-се соли охир, ба қавли Абдувалӣ Қулов, сардори раёсати омори демографӣ ва шуғли аҳолии Оҷонсии омори Тоҷикистон, издивоҷи духтарони то 18-сола дар ду-се соли охир ба қайд гирифта нашудааст. Вай таъкид кард, "шадид шудани назорат аз иҷрои қонуни марбут ба издивоҷҳо, инчунин, таъини муҷозот барои масъулони кӯдакон, ки барои оиладории бармаҳали фарзандон сабаб мешаванд, натиҷа дод."

Қонунҳои Тоҷикистон барои волидон, сарпарастон, рӯҳониён ва дигар нафароне, ки дар издивоҷи бармаҳал масъуланд, муҷозот таъин карда, аз пардохти ҷарима то чанд моҳи зиндонро пешбинӣ мекунад.

Коршиносон: Қонун не, мушкилоти зиндагӣ вазъро тағйир дод

Коршиносони умури занон дар Тоҷикистон ҳам мегӯянд, бидуни огаҳӣ аз омор ҳам мешавад ба хулосае расид, ки дар масъалаи синни издивоҷи духтарҳо дар ин кишвар тадриҷан тағйироте ба мушоҳида мерасад. Заррина Кенҷаева, як равоншинос ва собиқадори кор бо занон мегӯяд, баъди шадидтар шудани муҷозот барои никоҳҳои барвақтӣ ва хешутаборӣ, кор ҳам аз ҷониби ҳукумати марказӣ ва ҳам дар сатҳи созмонҳои ҷамъиятӣ хеле пуршиддат ҷараён дорад.

Марям Давлатова

Марям Давлатова

Таҳлилгари дигар Марям Давлатова мегӯяд, дар асл сабаб дар коҳиши "нооромии иҷтимоӣ" аст, ки дар солҳои 1990 сабаби аслии пайдо шудани масъалаи издивоҷҳои барвақтӣ шуд. Маҳз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ волидони зиёд аз тарси ҷанг ва нигаронии ба дасти силоҳбадастон афтодани духтаронашон саросемавор фарзандонашонро хонадор мекарданд. Масъалаи дигар – афзоиши нуфузи афроди мутаассиб ва нақши рӯҳониён сабаб шуд, ки никоҳи духтарони ноболиғро бо мардони гуногунсол бидуни қайди расмии сохторҳои ЗАГС қонунӣ мекарданд. То ҳанӯз хонаводаҳое ҳастанд, ки бидуни қайди расмӣ зиндагӣ мекунанд ва ин масъала як даста мушкилоти иловагиро дар зиндагии оилавӣ, бахусус модару кӯдак эҷод мекунад.

"На урфу одат, балки сабақи талхи шахсони воқеӣ – садди издивоҷҳои барвақтӣ шуд"

Марям Давлатова гуфт, "агар сабаби аввал аз байн рафтани нигарониву тарс аз хатари амнияти духтарҳо бошад, сабаби дигар дар кори сохторҳои ҳукуматӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ аст, ки барои кор бо ҷомеа сафарбар шуданд." Вале сабаби дигари хеле муҳими коҳиши издивоҷҳои ноболиғон, ба гуфтаи ӯ, таҷрибаи талхи духтарҳои ҷавон аст, ки "баъди ду-се соли зиндагӣ бо фарзандони хурдсол дубора ба хонаи падар баргаштанд.

Дар асл сабаб дар коҳиши «нооромии иҷтимоӣ» аст, ки дар солҳои 1990-ум сабаби аслии пайдо шудани масъалаи издивоҷҳои барвақтӣ шуд

Ин духтарҳо пайваста волидонро гунаҳкор мекунанд, ки онҳоро дар синни ҷавон ва ноомода будан ба шавҳар доданд. Ин намунаҳо дар ниҳоят барои тамоми авлод як сабақ мешавад. Илова ба ин, ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задани занони ҷавон бо кӯдаконашон ҳам дарс шуд."

Ин коршинос мегӯяд, таҷрибаи талхи шахсони воқеӣ ва саргузаштҳои зиндаи хонадориҳои бармаҳал дар бисёр ҳолатҳо назар ба қонун ва урфу одатҳои роҳуфтода таъсири амиқтар мегузорад. Ба андешаи Марям Давлататова, муносибтарин синни издивоҷ барои духтарҳои тоҷик фосилаи байни 21 то 25-сола буда метавонад.

Коршиносони дигар ҳам мегӯянд, дар ин синну сол духтарҳо мактаби миёнаву олиро хатм карда, соҳиби ихтисос мешаванд ва аз назари маънавӣ ва ҷисмонӣ барои барпо кардани оила ва фарзандёбӣ омода ҳастанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG