Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Владимир Путин аз вазъ дар Тоҷикистон нигаронӣ кард


Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия

Раисиҷумҳури Русия ҳамла ба кормандони ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистонро талоше барои ноором кардани кишвар номида, аз талошҳои Душанбе барои ба эътидол овардани вазъ ҳимоят намудааст.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар як сӯҳбати телефонӣ бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон аз талошҳои Душанбе барои ба эътидол овардани вазъ дар кишвар пуштибонӣ кардаст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ки ин суӯҳбати телефонӣ бегоҳи 5 сентябр сурат гирифтааст

"Раисиҷумҳури Русия баъд аз иттилоъ ёфтан аз вазъ дар Тоҷикистон таъйиди комили ҷониби Русияро бо саъю кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият иброз дошт", -- гуфта шудааст дар хабари дафтари матбуотии президенти Тоҷикистон.

Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон ба тавофуқ расидаанд, ҳангоми нишасти сарони кишварҳои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, ки рӯзи 15 сентябр дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, мулоқот кунанд. Сӯҳбати Путину Раҳмон соате баъд аз он баргузор шуд, ки ба иттилои бархе хабаргузориҳо, бар асари ҳамла ба постгоҳи нозирони БДА дар даромадгоҳи шаҳри Душанбе аз тарафи шаҳри Ваҳдат як корманди милиса ба ҳалокат расидааст.

Манобеи Радиои Озодӣ чанд лаҳза баъд аз ҳамлаи мусаллаҳонаи афроди номаълум дар ин бора хабар дода, гуфтанд, ки ҳамла соати 17:50 сурат гирифтааст ва аммо ба касе аз нозирони БДА осеб нарасидааст. "Ин гурӯҳ савори як мошини сабукрав буда, ба сӯи шаҳри Ваҳдат фирор кардаанд. Ҳоло онҳоро мақомот пайгирӣ доранд," -- афзуд манбаъ.

Аммо хабаргузориҳои русиии ТАСС ва РИА Новости аз қавли Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон навиштанд, ки дар ин ҳодиса як корманди милиса кушта шуда, чанд нафари дигарашон захмӣ шудаанд. Хабаргузориҳо ному насаби шахси кушташударо наовардаанд. Аммо баъдан дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ин иттилоъро беасос донист ва навишт, ки "вазъият дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат тинҷу ором буда, таҳти назорати қатъии мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Амалиёти сохторҳои қудратии кишвар дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат оид ба безарар гардондани аъзои гурӯҳи террористии Назарзода А.М. идома доранд."

Ҳамла ба постгоҳ дар ҳоле сурат гирифта, ки дар задухӯрдҳои рӯзи гузашта дар Душанбе ва шаҳри Ваҳдат беш аз бист нафар, аз ҷумла чаҳор нерӯи ОМОН ё дастаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ, кушта шудаанд. Мақомоти расмӣ дар ташкили ин задухӯрдҳо Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим ва муовини вазири дифои Тоҷикистонро муттаҳам медонанд.

Рӯзи чоруми сентябр бо қарори ҳукумати Тоҷикистон оқои Назарзода аз муовинии вазири дифоъ сабукдӯш шуд ва амалиёти боздошти ӯ дар минтақаи Ромити шаҳри Ваҳдат идома дорад. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, Абдуҳалим Назарзода ҳамроҳи 6-7 нафар аз ҳамроҳонаш ба Ромит фирор карда, то кунун 32 узви гуруҳи ӯ боздошт ва 13 тани дигарашон кушта шудаанд. Ба иттилои ВКД, бародари ӯ Мирзоҳаёт Назаров ихтиёрӣ аз гурӯҳи бародараш хориҷ шуда, худро ба мақомот таслим кардааст.

Дар бораи анҷом ёфтан ё наёфтани амалиёт дар дараи Ромит алҳол иттилое зери даст нест. Хабарнигори Радиои Озодӣ қаблан .аз наздикиҳои ҷойи ҳодиса ва бо такя ба мақомоти интизомӣ хабар дода буд, ки Абдуҳалим Назарзода ва ҳамроҳонаш дар иҳота қарор доранд ва ба онҳо барои таслимшавӣ то шоми рӯзи шанбе вақт дода буданд. Дар сурати сарпечӣ нерӯҳои сареъ ба амалиёти нобудсозии гурӯҳ шурӯъ мекунанд, гуфта буд як манбаъ ба Радиои Озодӣ.

Видео гузориш аз дараи Ромит. 5.09.2015:

Амалиёти сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар дараи Ромит
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00

XS
SM
MD
LG