Пайвандҳои дастрасӣ

Боғи нави ҳайвонотро дар Душанбе ба шакли "сафарӣ" сохтан мехоҳанд


Боғи нави ҳайвонот дар канораи шаҳри Душанбе ҷангалҳои Африқоро ба хотир хоҳад овард, зеро ба гуфтаи масъулонаш, онҳо мехоҳанд боғи нав ба шакли “сафарӣ” сохта шавад.

Меҳмонони ин боғ гоҳе бо роҳҳои ҳавоӣ аз болои сари ҳайвоноти нодир ва гоҳи дигар дар кабинаҳои шаффофи шишаӣ аз паҳлуи ҷонварҳое, ки дар ин боғ озодона, яъне на дар қафасҳо, ба сар хоҳанд бурд, гузар хоҳанд кард. Дар бахши дигар онҳо хоҳанд тавонист, ҷонваронро дар оғӯши табиати зинда тавассути мониторҳои бузург мушоҳида кунанд. Ин нақшаест, ки бояд дар 15 гектар замин ва тибқи меъёрҳои байналмилалӣ амалӣ гардад.

Аммо ҳоло тарҳи ин боғ танҳо рӯи қоғаз аст ва ҳатто маълум нест, ки барои он дар кадом гӯшаи шаҳр замин ҷудо хоҳад шуд. Феълан 117 навъи ҷонвар бо орзуи чунин ояндаи беҳтар дар 4,3 гектар замини қадимии боғ, дар канори варзишгоҳи марказӣ ва рӯдхонаи Душанбе нигаҳ дошта мешаванд.



Ин боғ ҳанӯз дар замони Шӯравӣ бино шуда, аз он даврон тағйири зиёде надидааст. Аммо бо шароит ҳам зоҳиран боғи ҳайвоноти Душанбе чандон бетамошобин нест.

Бо вуҷуди ҳавои сард ва барфи баланд, садҳо нафар, бештар кӯдакону ҷавонон, ки давраи таътил доранд, бар ивази аз 1 то 2 сомонӣ бо як шавқу шӯр барои ошноӣ бо олами вуҳуш ба ин боғ меоянд.Фаррух ва Фирдавс, ки соле чанд бор аз ин боғ дидан мекунанд, мегӯянд, наззораи ҷонварони бузургҷусса аз фосилаи наздик ҷолиб аст.


Масъулони «Боғи ҳайвонот» мегӯянд, ки ин боғ дар маҷмӯъ аз 6 бахш иборат буда, дар онҳо беш аз 800 ҷонвар ҷой дода шудаанд. Боғи ҳайвоноти Душанбе дар ҳоли ҳозир соҳиби 7 шер, 2 бабр, 8 маймун, 18 хирс ва навъҳои мухталифи паррандагони нодир аст. Вале орзуи дубора ба ин боғ овардани фил ба ҷои филҳое ки дар солҳои 90 аз даст рафтанд, то ҳол амалӣ нашудааст, зеро барои нигаҳдории фил ҷойи муносиб мавҷуд нест. Сарварони боғ ваъда медиҳанд, ки дар боғи нав ҳатман ин ҷонвари бузургҷусса низ аз сарватҳои боғи ҳайвоноти Душанбе хоҳад шуд. Бо ин мақсад шаҳрдорӣ алакай ба сафорати Ҳиндустон ҳам муроҷиат кардааст.

Саидхӯҷа Сафаров, муовини раиси боғи ҷонварон мегӯяд, соли гузашта аз буҷаи шаҳр ба ин боғ 712 000 сомонӣ ҷудо шуд. Ин ҳам дар ҳоле ки 2 сол пеш ин маблағ ҳамагӣ 201 ҳазор сомониро ташкил мекард. Гуфта мешавад, ҳоло барои нигаҳубини як ҷонвар дар рӯз то 7 сомонӣ сарф мешавад. Ин рақам қаблан ҳамагӣ ... 18 дирам будааст.

Ба гуфтаи оқои Сафаров, ҷонварони боғ аз хӯрокворӣ танқисӣ надоранд, зеро аксаран маҳсулоте, ки мӯҳлати масрафашон гузаштааст ва дар натиҷаи санҷиш аз сӯи ниҳодҳои зирабт мусодира шудаанд, ба ин боғ интиқол меёбанд.

Азим Халифаев, як сокини ноҳияи Айнӣ мегӯяд, ҳар боре ки бо фарзандонаш ба Душанбе сафар мекунад, ҳатман онҳоро ба сайри боғи ҷонварон меорад. Ӯ мегӯяд, ошноӣ бо олами вуҳуш дар тарбияи кӯдакон нақши муассиреро бозӣ мекунад ва дар дили онҳо тухми муҳаббат нисбат ба зебоиҳои табиатро мекорад.

Масъулони боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе мегӯянд, талош хоҳанд кард, ки дар ояндаи наздик, ҳанӯз пеш аз кӯчидан ба макони нав, барои ин боғ морҳои азимҷусса ва заррофа биоранд. Ба гуфтаи онҳо, музокирот бо боғҳои ҳайвоноти кишварҳои дигар дар ин бора ба сурати муваффақ пеш мераванд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG