Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Facebook "камакак" боз шуд, Қувватов ҳамоно хомӯш аст...(ВИДЕО)


Душанбе, Маҷмаи "Пойтахт-90", 12 октябр
Душанбе, Маҷмаи "Пойтахт-90", 12 октябр

Бо гузашти ду рӯз аз 10 октябр Фейсбук ва даҳҳо сомонаи дигари масдудшуда дар Тоҷикистон тавассути дастикам як провайдер боз шудаанд. Вале “мухолифини нав”-и ҳукумати Тоҷикитон то ҳол расман изҳороте надодаанд, ки чаро эътирози онҳо доир нашуд?

Аз 10 октябр, таърихе, ки “мухолифини нав”-и ҳукумати Тоҷикистон ба раҳбарии Умаралӣ Қувватов мардумро ба як раҳпаймоии эътирозӣ дар маркази Душанбе ва шаҳрҳои дигар даъват карда буданду ин эътироз доир нашуд, 2 рӯз мегузарад.

Дар ин муддат, ба гуфтаи аҳолӣ ва мақомот, зиндагӣ дар пойтахти Тоҷикистон ба маҷрои маъмулиаш баргашт ва тадбирҳои шадиди амниятӣ, аз ҷумла нирӯҳои ОМОН ва зиреҳпӯшҳо, ки аз шоми 8 октябр дар посгоҳҳои атрофи Душанбе мустақар шуда буданд, дигар ба назар намерасанд. Пулиси Душанбе гуфт, алакай аз 11 октябр фаъолияти онҳо ба режими оддӣ оварда шуд.

Дар Душанбе, ҳамин тавр, аз 11 октябр маъракаҳои бахшида ба 90-солагии интихоби ин шаҳр ба ҳайси пойтахти Тоҷикистон шурӯъ шудааст.

Фейсбук боз шуд, вале танҳо дар "Мегафон"

Ба гуфтаи корбарон, алакай аз рӯзи 11 октябр хадамоти СМС ва ММС, ки аз соати ҳашти субҳи 10 октябр масдуд шуда буд, аз тарафи ҳамаи ширкатҳои телефони мобил барқарор шудааст. Ба гуфтаи корбарони Интернет, шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук, ВКонтакте, пойгоҳи интернетии Ютюб ва даҳҳо сомонаи хабариву ҳатто тиҷорӣ, ки тақрибан аз 4 октябр дар Тоҷикистон дастнорас шудаанд, тавассути бархе ширкатҳои интернетрасон, аз ҷумла аз тариқи “Мегафон” низ аз соати даҳи субҳи 11 октябр бемушкил боз мешаванд.

Корбарони дигар мегӯянд, Фейсбук ва ин даҳҳо сомонаи дигари “муҷозотшуда” аз тариқи ширкатҳои дигар, аз ҷумла тавассути “Вавилон”, “Тселл” ва “Билайн” ҳамчунон дастнорас буда, бо мушкили зиёд ва он ҳам танҳо тавассути прокси-серверҳои садшикан боз мешаванд.

Мақомоти Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки танзими бозори телефонҳои мобил ва Интернет дар ин кишварро бар ӯҳда дорад, то ҳол нагуфтааст, ки оё дастрасии комил ба Интернетро кай барқарор хоҳад кард? Ин ниҳод ибтидо ҳар навъ даст доштани худ дар якбора “ғайб” задани даҳҳо сомонаро рад мекард ва мегуфт, шояд ин ягон мушкили фаннист.

Аммо Бег Сабурӣ, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, билохира рӯзи 8 октябр дар сӯҳбат бо ҳафтаномаи “Фараж” гуфт, ӯ ҳамчун сардори ниҳоди танзимкунандаи низоми алоқаи Тоҷикистон ҳангоми назорати ин система дидааст, ки баъзе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҳангоми сӯҳбату гузоштани видео меъёрҳои ахлоқро зери по мекунанд. Бег Сабурӣ гуфтааст, баъзе аз корбарони Facebook ба дараҷае “сиёсатзада” шудаанд, ки фақат камбудиҳоро танқид мекунанду аз пешрафтҳои Тоҷикистон ҳарфе намегӯянд: “Мо давлати соҳибистиқлол дорем, шукрона, ки кордзаниву тирпаронӣ нест. Давлат соат ба соат, рӯз ба рӯз пешрафт мекунад, аммо баъзеҳо, ки нону намаки ин миллатро хӯрдаанд, дар намакдон туф мекунанд.»

Бег Сабурӣ бо ин гила, ки мардуми мо салиқаи истифода бурдани Интернетро надорад ва онро ба як минбари “таънаву дашном” табдил додааст, гуфт, Фейсбук рӯзҳои наздик боз нахоҳад шуд.

Суол аз У.Қувватов: Чаро митинг нашуд?

Умаралӣ Қувватов
Умаралӣ Қувватов

Ҳамин тавр, бо гузашти ду рӯз аз 10 октябр раҳбарони эътилофи нирӯҳои мухолифин “Тоҷикистони нав” то ҳол дар бораи инки чаро эътирози даъваткардаи онҳо баргузор нашуд?, расман изҳори назар накардаанд.

Танҳо Умаралӣ Қувватов шоми ҷумъа, алакай баъди он ки маълум шуд ки митинг доир намешавад, ба сомонаи “Фергананюс” гуфтааст , онҳо субҳи ҷумъа аз “манбаъҳои ҷиддӣ” иттилоъ гирифтаанд, ки гӯё ҳукумати Тоҷикистон ба таври махфӣ аз Чин ... 800 низомиро барои саркӯб кардани тазоҳургарон овардааст ва “ин мардумро тарсонд.”

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин иддаои раҳбари “Гурӯҳи 24”-ро шарҳ надодаанд.

Қувватов дар ин мусоҳиба ҳамчунин гуфтааст, “дар асл мо медонем, ки мардуми Тоҷикистон тағйирот мехоҳанд. Аммо дар Тоҷикистон низоми тоталитарии мустабид ҳукмрон аст ва дар ин ҷо ҷорӣ кардани васоили демократӣ имкон надорад. Мо ҳоло барои ба майдон баровардани нирӯҳои дигар омодагӣ мебинем, то дар бархе шаҳрҳои дигар пойгоҳ биёбем.”

Пул барои “инқилоб”

Раҳбари “Гурӯҳи 24” ва яке аз ташкилкунандагони эътилофи “Тоҷикистони нав” ҳамчунин гуфтааст, ки як мушкили умдаи онҳо молӣ буд, чунки: “Мо на ба амрикоиҳову на ба аврупоиҳо, на ба Туркия ва на ҳукуматҳои кишварҳои дигар муроҷиат накардем. Мо фикр кардем, ки нирӯи худамон кифоят хоҳад кард. Вале маълум шуд, ки на.” Ин ишораи ахири Умаралӣ Қувватов ба навъе посух ба гузориши ахири як маркази таҳқиқотии Бритониёст, ки мегӯяд, дар паси даъватҳои охир ба эътирозҳо дар Тоҷикистон зоҳиран Русия истодааст, ки аз наздик шудани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бо Чин дар ташвиш афтодааст.

Center for Eurasian Strategic Intelligence(CESI), Маркази мтолиоти стратегии Евразия ҳанӯз рӯзи 8 октябр дар гузорише таҳти унвони “Русия раҳбари Тоҷикистонро бо инқилоб метарсонад” тахмин задааст, ки дар пушти ҳаракатҳои ахири соҳибкори фирорӣ Умаралӣ Қувватов ва даъватҳои “Гурӯҳи 24”-и ӯ ба эътирозҳо Русия истодааст ва зоҳиран Маскавро хеле наздик шудани ҳукумати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Чин тарсондааст.

Паёмади меҳмон кардани Ҷинпинг?

Ин маркази пажӯҳишӣ мегӯяд, Қувватов бахусус дар соли 2014 фаъолиятҳояшро тақвият дод: “Бино ба ҳисобҳои мо, Маскав имрӯз Қуватовро дар роҳи мавзеъгириҳои Эмомалӣ Раҳмон дар равандҳои геополитикӣ ва геоиқтисодӣ ҳамчун як ҳалқадавак истифода мебарад ва бо ин имкони сар задани рӯёрӯиҳои мардумӣ дар ин ҷумҳуриро нишон медиҳад.”

Си Ҷингпинг ва ҳамсараш дар меҳмонии хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон
Си Ҷингпинг ва ҳамсараш дар меҳмонии хонаводаи Эмомалӣ Раҳмон

Ин маркази таҳқиқотӣ аз баҳсҳои давомдори байни Маскаву Душанбе бар сари шароити ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон, дар ивази тамдиди қарордоди пойгоҳ аз Русия сармояву силоҳ хостани Душанбе ва ба навбаи худ аз муҳоҷирони тоҷик ва фурӯши маводи сӯхташ ба Тоҷикистон ҳамчун як фишанги фишор кор бурдани Русияро ёдовар шуда, таъкид мекунад, ки “гузашта аз ин, Кремл аз таваҷҷӯҳи Раҳмон ба ҳамкорӣ бо Чин хеле ва хеле нигарон шудааст."

Ин маркази таҳқиқотӣ мегӯяд, дар Тоҷикистон чунин фъаол шудану тақвият ёфтани ҳузури Пекин "барои Русия, ки Тоҷикистонро ҷавлонгоҳи геополитикиву низомӣ-сиёсии худ дар минтақа медонад, дардовар аст” ва "нишон додани имкони таҳрики "инқилоби рангаӣ" дар Тоҷикистон яке аз паёмҳои Русия ба Душанбе" буд, то дигарбора ба Русия рӯ биорад, на ба Чин ё ҳар кишвари дигар.

Тоҷикистон аз Чин, ки тарҳҳои бузурги иқтисодӣ, аз ҷумла бозсохти роҳҳову бунёди нақбҳо дар ин кишварро таъмини молӣ мекунад, алакай беш аз 1 миллиард доллар қарздор шудааст ва раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи сентябр зимни пазироӣ аз ҳамтои чиниаш Си Ҷинпинг эълон кард, ки Пекин дар солҳои наздик ба иқтисоди Тоҷикистон боз 6 миллиард доллар сармояи дигар хоҳад рехт. Зимни сафари давлатии раҳбари Чин, ки рӯзҳои 13-14 сентябр доир шуд, Эмомалӣ Раҳмон ба таври бесобиқа ӯву ҳамсарашро дар қароргоҳи худ якҷо бо аҳли хонаводаи сершумораш зиёфат дод. Арҷе ки Раҳмон то ҳол барои ягон раҳбари дигар, аз ҷумла барои раисиҷумҳури Русия Владимир Путин нагузоштааст.

Қувватов ва "Гурӯҳи 24"

Таҷаммӯъи муҳоҷирони тоҷик дар Екатеринбург
Таҷаммӯъи муҳоҷирони тоҷик дар Екатеринбург

Умаралӣ Қувватов, дар гузашта раҳбарии ширкатҳои бавижа дар бозори фурӯши маводи сӯхти Тоҷикистон комёби "Тоҷирон" ва "Фароз"-ро бар дӯш дошт. Ӯ ду сол пеш бо ин иддао, ки Шамсуллоҳ Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон, тиҷорати ӯро аз худ кардааст, тарки кишвар кард ва дар Маскав "Гурӯҳи 24"-ро созмон дод. Талошҳои Душанбе барои истирдоди ӯ ва шарикаш Шарофиддин Гадоев то ҳол натиҷа надодаааст.

Тарафдорони Умаралӣ Қувватов тақрибан аз тобистони соли равон хеле фаъол шудаанд. Онҳо баъди баргузории силсилаи таҷаммӯъҳои муҳоҷирони тоҷик ба зидди ҳукумати кунунии Тоҷикистон дар чанд шаҳри Русия, аз ҷумла дар Маскаву Екатеринбург ва Самара, ба баргузории чунин як митинг дар шаҳри Душанбе даъват карданд.

Ин тазоҳурот мебоист баъд аз зӯҳри 10 октябр дар майдони марказии пойтахти Тоҷикистон доир мешуд. Мақомоти Тоҷикистон дар псоух аз шадидтарин тадбирҳои амниятӣ кор гирифта, даҳҳо сомонаи интернетӣ, аз ҷумла Фейсбукро, ки даъватҳо ба митинг асосан тавассути он паҳн мешуд, бастанд ва дар атрофи шаҳр нирӯҳои ОМОН ва зиреҳпӯшҳоро гузоштанд. Вале дар ниҳоят рӯзи 10 октябр дар соате ки тарафдорони Қувватов мардумро даъват карда буданд, касе ба майдони “Дӯстӣ” ҳозир нашуд.

XS
SM
MD
LG