Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шоҳроҳи Душанбе -Турсунзода ифтитоҳ ёфт


Шоҳроҳи Душанбе -Турсузода, ки барои азнавсозии он беш аз 130 миллион доллар харҷ шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Маросими баҳрабардорӣ аз шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода рӯзи 18 сентябр бо ширкати раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.

Тибқи иттилои мақомоти тоҷик, ин роҳ аз дарвозаи ғарбии Душанбе то шаҳри Турсунзода оғоз ёфта, 45,3 километраш бо паҳноии 25,5 метр ва ҳаракати 4 хаттаи нақлиёт бунёд ёфтааст. Боқимонда қисмати роҳ бошад, бо паҳноии 15 метр ва ҳаракати ду хаттаи нақлиёт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бунёди ин роҳ дар моҳи октябри соли 2011 оғоз ёфта буд ва он аз сӯи ширкатҳои тоҷикӣ ва чинӣ бунёд шудааст. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, барои бунёди ин тарҳи бузург 131,2 миллион доллар аз ҳисоби грантҳои Бонки Осиёии Рушд ва маблағҳои ҳукумати Тоҷикистон ​харҷ шудааст.

​Ин роҳ аз ҳудуди ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода убур намуда ва Тоҷикистонро бо Узбакистон мепайвандад ва дар имтидоди он 9 пул бунёд гардида, ҳамчунин 213 адад қубури обгузар хобонда шудааст.

Дар ибтидо гуфта мешуд, ки маблағи умумии ин барнома 186 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз он 120 миллион доллараш гранти Бонки Осиёии Рушд, 39 миллион доллараш cаҳми Тоҷикистон ва 27 миллион доллари амрикоӣ қарзи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Тавсеа ташкил медиҳад. Вале ҳоло мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки барои бунёд ин роҳ маблағи 131,2 миллион доллар харҷ шудааст.

Бозсозии ин шоҳроҳ дар моҳи ноябри соли 2011 шурӯъ шуда буд ва дар маросими оғози бозсохти ин шоҳроҳ Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Сиаою Жао, ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд ширкат намуда буданд.

Роҳи Душанбе-Турсунзода тавассути ноҳияи Рӯдакӣ ба роҳи Душанбе Қӯрғонтеппа ва Дӯстӣ-Панҷи Поён ба Афғонистон муттасил мешавад, ки дар рушди иқтисоди ҷумҳурӣ ва коҳиши бекориву мизони камбизоатӣ нақши муҳимро ифо хоҳад кард. Аммо ҳанӯз маълум нест, ки оё баъди тармим ин шоҳроҳ низ ба мисли роҳи Душанбе-Хуҷанд пулакӣ мешавад ё на.

Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои муҳими ҳукумати Тоҷикистон аст ва давоми солҳои ахир кишвар талош кардааст, ки вобастагии худро коҳиш диҳад. Тайи чанд соли охир дар кишвар чандин роҳҳои дорои аҳамияти дохилӣ ва байналмилалӣ бунёд шудаанд, ки муҳимтарини онҳо шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз, Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ва Душанбе-Ваҳдат-Ҷиргатол-Ӯш мебошанд.

XS
SM
MD
LG