Пайвандҳои дастрасӣ

Аксар мусоҳибони радиои Озодӣ мегӯянд, хабари пирӯзии номзади ҷумҳурихоҳҳо дар интихоботи ИМА онҳоро ҳайратзада кард. Бисёриҳо дар Тоҷикистон, бо таваҷҷӯҳ ба интихоботи пуршӯру шар дар ИМА, бовар доштанд, ки дар Амрико ҳодисаи муҳими таърихӣ мешавад ва рӯзи 8 ноябр мардуми ин кишвар як хонум – номзади демократҳо Ҳилларӣ Клинтонро президент интихоб мекунад.

ИМА фарсахҳо дур аз Тоҷикистон аст, вале ҳаёти сиёсии ин кишвар, бахусус рақобатҳои пешазинтихоботиаш ҳатто таваҷҷӯҳи сокинони дурдасттарин манотиқи ин ҷумҳурии кӯҳиро дар Осиёи Марказӣ ба худ ҷалб кард. Онҳо мегӯянд, интригаи интихоботи ИМА дар он аст, ки то охирин лаҳза касе натиҷаҳои маъракаро намедонад ва бовар доранд, ки интихобот бидуни тақаллуб мегузарад.

Дар сӯҳбатҳо бо хабарнигорони радиои Озодӣ дар ҷараёни маъракаи интихоботӣ бисёриҳо изҳори умедворӣ мекарданд, ки маҳз Ҳилларӣ Клинтон «муносибтарин номзад» барои раҳбарии як кишвари пурқудрати ҷаҳон аст. Дар муқобили Клинтон аксари мусоҳибон ба «мухолифи сиёсати муҳоҷирпазирӣ» будани Доналд Трамп, интиқодҳояш аз мусалмонҳо, як нафари тундлаҳн будани ӯ ҳамчун камбудиҳои ин сиёсатмадор ишора мекарданд. Вале бо шунидани натиҷаҳои интихобот аксари мусоҳибони сарироҳии радиои Озодӣ эътироф карданд, ки натиҷаҳои интихобот барои онҳо комилан ғайримунтазира ва ҳайратовар буд.

Сӯҳбати хабарнигори радиои Озодӣ Амриддин Олимов бо чанд сокини Душанберо тамошо кунед:

XS
SM
MD
LG