Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи тунди 4 идораи роҳдории Душанбе ба ТВ давлатӣ


Раҳбарони соҳаи роҳдории Душанбе аз Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон хостаанд, пахши гузоришҳои "боғараз" ва "ғайримунсифона" дар бораи роҳҳои пойтахтро бас кунад.

Ниҳодҳои масъули роҳҳои пойтахти Тоҷикистон рӯзи 25 феврал дар як номаи дастаҷамъӣ ба номи мудири Шабакаи якуми телевизиони давлатии Тоҷикистон Самариддин Гадоев гузориши ахири ин шабакаро “бо ғараз ва пайгирии ҳадафи нопок” дар қиболи раёсатҳои истифодабарии роҳҳо (РИР)-и ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва “нодида гирифтани заҳмати сангини кормандони РИР” номидаанд.

Дар ин гузориш, ки субҳ ва нисфирӯзии рӯзи 24 феврал дар бораи вазъи роҳҳои шаҳри Душанбе дар пайи барфи шадиди дирӯза нашр шуд, аз фаъолиятҳои ниҳодҳои масъули нигоҳубини роҳҳои пойтахт интиқод мешуд, ки ба бориши барф омода набуданд ва дар натиҷа натавонистанд ҳаракати хуби нақлиётро ба роҳ монанд, ки азоби ин ҳама дар ниҳоят ба дӯши мусофирон уфтод.

Дар ин посухи расмӣ, ки аз номи сардори РИР-и ноҳияи Фирдавсӣ Н. Қурбонов ва иҷрокунандаҳои вазиифаи сардори РИР-и навоҳии Сино, Шоҳмансур ва Исмоили Сомонии пойтахт Н. Нарзиев, А. Раҳимов ва А. Каримов дар сомонаи шаҳрдорӣ нашр шудааст, аз Шабакаи аввали телевизиони давлатӣ тақозо мешавад, ки «ба пахши гузоришҳои ғайримунсифона хотима дода шавад.”

Масъулони соҳаи роҳдории Душанбе мегӯянд, ки онҳоро аз қабл дар бораи бориши барф огоҳ карда буданд ва онҳо “берун аз хостаҳои гузоришгарон” ба ин гардиши обу ҳаво омода буданд: “Бо инобати аз соати 6-и субҳ оғоз гардидани бориши барф, дар тамоми ноҳияҳо техникаҳо ва кормандон барои пошидани маводи инертӣ дар роҳҳо сафарбар карда шуданд, ки то соати 12-00 аз ҷониби РИР 1745 тонна маводи мазкур дар роҳҳо пошида шуданд. Оне, ки гузоришгарони иҷрокунандаи ҳадафҳои нопок ин фаъолиятро нодида гирифта, барои таҳрифи воқеият мусоҳибаҳои пурғараз омода карданд, ба имону виҷдони онҳо ва фаромоишгаронашон ҳавола месозем.“

Дар нома ҳамчунин гуфта мешавад, ба манзури “таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт” ва рафъи “оқибати бориши барфи пуршиддат дар ноҳияҳои Сино 48 адад, Шоҳмансур 34 адад, Фирдавсӣ 30 адад ва И.Сомонӣ 24 адад техникаю механизмҳо ва 2447 кормандони РИР сафарбар гардида, тибқи меъёрҳо ҳолати зарурии роҳҳои зертавозунро таъмин намуданд.”

Муҳаммадсаид Убайдуллоев
Муҳаммадсаид Убайдуллоев

Номаи масъулони риштаи шаҳрдории Душанбе ба раҳбарони Шабакаи аввал зоҳиран саҳифаи наве дар баҳси давомдори шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев бо мақомоти Кумитаи радио ва телевизиони давлатист.

Шаҳрдории Душанбе дар соли 2012 аз як гузориши Шабакаи аввал ба додгоҳи шикоят бурда, пирӯз ҳам шуд. Вале Кумитаи телевизион ва радио ҳукми додгоҳ дар бораи узр хостан аз Муҳаммадсаид Убайдуллоевро напазируфт.

Дар моҳи ноябри соли 2014 Шабакаҳои нирӯи барқи Душанбе низ баъди як гузориши телевизиони давлатӣ ба додситонӣ шикоят бурд ва телевизионро ба пахши ахбори бардурӯғ айбдор кард.

Аммо телевизионҳои давлатӣ, бахусус Шабакаи аввал нашри гузоришҳои интиқодӣ дар бораи фаъолияти шаҳрдории Душанберо идома доданд. Дар моҳи декабр Шабакаи аввал дар як гузориш ҳатто расонаҳои мустақили чопи Душанберо айбдор кард, ки дар ивази “ҳадяҳое” аз ифшои камбудиҳои дар кори шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон чашм мепӯшанд.

Асадулло Раҳмон
Асадулло Раҳмон

Асадулло Раҳмон, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, моҳи январ дар нишасти хабариаш гуфт, телевизионҳои давлатӣ кадом ғаразе нисбат ба шаҳрдорӣ ва худи Муҳамаммадсаид Убайдуллоев надоранд ва кадом маъракаи густурдаи сиёҳкунии телевизионҳои давлатӣ алайҳи шаҳрдори Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев" аслан вуҷуд надорад. Асадулло Раҳмон гуфт, “мо гуфтани мушкилоту проблемаҳоро идома хоҳем дод. Хабарнигорҳои мо мехоҳанд, пойтахтро намуна бинанд ва мушкилоту камбудиҳоро ба раисони ноҳияҳо ва шаҳрдор бирасонанд.”

XS
SM
MD
LG