Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, талошҳояш барои танзими нархи маҳсулоти асосӣ алакай натиҷа оварда, нархи 25 навъи маҳсулот дар моҳи июл пойин рафтааст. Иқтисоддонҳо аммо мегӯянд, дахолат ба нархи бозор бештар паёмадҳои манфӣ хоҳад дошт.

Бо вуҷуди нигарониҳои иқтисодшиносон аз дахолати ҳукумат ба нархи бозор ва танзими қиматҳо, мақомот мегӯянд, ки талошҳояшон дар ин замина натиҷаҳои мусбат додааст.

Муруре ба нархномаҳои бозорҳои Душанбе нишон медиҳад, ки дар бархе мавридҳо дахолати мақомот кор додааст ва барои мисол, рӯзи 7 июл дар ярмаркае дар даромадгоҳи бозор Шоҳмансур, як кило картошка, ки то Рамазон 3-4 сомон буд, аз 1,80 то 2,50 сомонӣ, сабзӣ 2 -2,20 сомонӣ ва пиёз, ки дар оғози Рамазон то 2,50 сомонӣ буд, ҳоло бо нархи ҳамагӣ 1 сомонӣ фурӯхта мешуд. Аммо нархи гӯшт ҳанӯз миёншикан боқӣ мемонад ва қассобон маъмулан гӯшти ба истилоҳ «нимкора»-и пур аз равғану устухонро бо нархи фармудаи мақомот, яъне то 36 сомонӣ мефурӯшанд. Вале агар рафту шумо аз қассоб гӯшти хуб хоҳед, оҳиста гӯшакиатон мекунад, ки гӯшти хуб дорад, вале бо нархи 40 сомонӣ.

Масъулони ҳукумати шаҳри Душанбе мегӯянд, ки дар 4 рӯзи аввали моҳи июл нархи 25 намуди маҳсулот дар бозорҳои пойтахт 19 дарсад поин рафтааст. Сайфулло Амонов, сардори раёсати рушди иқтисод ва савдои ҳукумати шаҳр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, як омили аслии паст рафтани нархи маҳсулоти ниёзи аввалия «аз байн бурдани миёнаравҳо»-ст: «Барои мисол нархи картошка ба фарқ аз 13 шаҳру ноҳияи кишвар дар Душанбе арзон аст ҳоло. Ҳамин тавр, пиёз аз 20 шаҳру ноҳия арзонтар аст. Сабаб ҳам ин аст, ки дар шаҳр системаи таъмин, воридот ва хариди маҳсулот ба роҳ монда шудааст, ки бевосита соҳибкорон, бозорҳои комуналӣ ва хусусӣ аз минтақаҳо бо нархи арзон маҳсулотро харидорӣ карда, ба Душанбе меоранд. Ба бозорҳои комуналӣ ва соҳибкорон тавсия дода шудааст, ки бо чунин нархҳо дар моҳи Рамазон маҳсулоти худро ба фурӯш гузоранд ва нархи гӯштро дар машварати корӣ таҳлил карда, ба хулосае омадем, ки бояд то 36 сомонӣ фурӯхта шавад.»

Ҷаноби Амонов афзуд, тибқи шартнома соҳибкорон ва маъмурони бозорҳо дар моҳи Рамазон ва дар арафаи иду ҷашнҳои дигар бояд ҳаҷми маҳсулоти худро 2 баробар зиёд кунанд ва аз нархи муайяншуда боло набаранд. Аммо якбора боло рафтани нархи бархе аз молу маҳсулоти ниёзи аввал дар оғози моҳи Рамазон, махсусан анархии гӯшт, ки то ба 40 сомонӣ расид,боис гашт, то соҳибкорон мавриди танқиди мақомот, аз ҷумла президент ва шаҳрдори Душанбе қарор гиранд. Дар телевизионҳои давлатӣ низ тоҷирон ба лаҳни шадид барои «беинсофӣ»дар моҳи Рамазон интиқод шуданд ва ҳатто дастур шуд, ки дар назди нуқтаҳои гӯштфурӯшӣ дурбинҳои назоратӣ насб шавад. Мақомот тоҷиронро ба инсоф дар ин моҳи муборак даъват кардандва мегӯянд, ҳама талоши онҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз ба таври сунъи ва беинсофона боло бурдани нархҳо дар рӯзҳои иду ҷашнҳо аст.

Аммо бархе аз иқтисодшиносон ин иқдомро ба «хизмати хирсона» шабеҳ мекунанд ва мегӯянд, ин роҳ натиҷаи баръакс медиҳад. Константин Бондаренко, раҳбари маркази «Бозори озоди иқтисодӣ», ки дар мавзӯи «Шеваи нархгузорӣ» ва «Нархи воқеӣ дар иқтисоди бозаргонӣ» мақолаҳо навиштааст, мегӯяд, дар Тоҷикистон нархгузорӣ ягон қоидаву меъёри махсус надорад ва соҳибкор бо дарназардошти хароҷоти худ аз рӯзи ба даст овардани мол то ворид кардани он ба бозор ҳуқуқ дорад ба маҳсулоти худ нарх гузорад:

Константин Бондаренко

Константин Бондаренко

Мусоҳиби мо афзуд: «Аммо вақте давлат нархи ниҳоиро барои фурӯши молу мавод поёнтар аз он нархе, ки тоҷир мехоҳад молашро фурӯшад, муайян мекунад, албатта, истеҳсолкунанда ва соҳибкор кӯшиш мекунанд, он маҳсулотро ба теъдоди камтар ба фурӯш гузоранд. Дар натиҷа чунин иқдомҳо ба камбуди маҳсулот дар бозор меорад ва ин дар навбати худ ба афзоиши талабот ва болоравии нарх мерасонад. Ва ё аслан соҳибкор метавонад аз кор даст кашад ва рақобат кам шавад. Ва як паёмади дигарро ҳам мо дар мисоли гӯшт дидем, яъне ин метавонад ба сифат таъсир расонад. Масалан, то танзими нархи гӯшт дар як кило гӯшт 100 грамм устухон буд, баъди ин аллакай устухон дар гӯшт хеле зиёдтар шудааст. Яъне мушкилоти дигаре пайдо мешаванд, ки танзими онҳо ғайриимкон аст.»

Сайфулло Амонов аз ҳукумати шаҳр ҳам иқрор мекунад, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ нарх озод аст, аммо ба гуфтаи ӯ, давлат вазифадор аст, ки дар ҳолати зарурӣ дар масъалаи таъминот ва нархи маҳсулоти муҳим ба аҳолӣ дахолат кунад.

Соҳибкорон дар ин маврид далелҳои худро доранд. Насиб, як тоҷир ва ҳам миёнарав, ки ба фурӯш ва ворид кардани картошка аз минтақаҳо ба Душанбе машғул аст, мегӯяд: «Албатта, кори мо ҳам осон нест. Масалан ин шабу рӯз картошкаи маҳаллӣ ба бозор ворид шудааст, аммо мо аслан аз Ҷиргатол картошка меовардем. Маблағи роҳкиро то 400 доллар барои 15 тонна бор, дар роҳ ГАИ ҳаст, ба ӯ пул медиҳӣ, нархи сӯзишворӣ боло рафтааст, хулоса, хароҷот то ворид шудан ба бозор хеле зиёд аст. Барои даровардан ба бозор низ маҷбурӣ, ки ҳақ диҳӣ, то як нуқтаи хуб бигирӣ. Ба ғайр аз андозҳову хароҷоти расмие, ки аз сӯи давлат муайян шудааст, дар бозор боз хароҷоти зиёди ғайрирасмӣ ҳаст. Ба фикри ман, агар мехоҳанд нарх қимат нашавад, кори «Тоҷикматлубот»-ро мисли даврони пеш хуб ба роҳ монанд. То барои чунин рӯзҳо захира кунад маводи заруриро. Чанд рӯз пеш дар як бозор гӯшаи деҳқонии «Тоҷикматлубот»-ро дидам, аммо нархаш аз дигарон ҳеҷ фарқе надошт.»

Масъалаи танзими нархҳо аз сӯи давлат ва даъвати тоҷирон ба инсоф дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам баҳсҳоеро ба миён овардааст. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби наҳзати исломӣ низ дар сӯҳбати виртуалиаш бо истифодабарандагони Фейсбук ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ карда гуфтааст, ба ҷои насиҳату даъвати тоҷирон давлат бояд молро бештар дарорад ва истеҳсол кунад ва андозҳоро пойин барад.

Соҳибкорон ва иқтисодшиносон ҳам мегӯянд, танзими нархи маводи ниёзи аввал дар бозор ба арзиши андоз сахт вобастааст. Констатин Бондаренко мегӯяд: «Давлат имконият дорад барои таъсиррасонӣ ба нархҳо. Мо метавонем ба андоз - яке аз омилҳои аслии нархгузорӣ - таъсир гузорем. Омили дувум ин рақобат аст. Ҳозир проблема ин аст, ки дар пойтахт фақат 3-4 бозори калон аст. Бозори «Баракат» ва чанд бозори дигар баста шуд. Ҳаҷми пешниҳод дар бозор кам шуд. Ин ҳам ба дастрасӣ ба маҳсулот таъсир расонд. Ҳоло агар мо 3 -4 бозори деҳқонӣ бунёд шавад, метавонад ба нархҳо таъсир расонад.»

Бондаренко таҷрибаи номувафақи танзими нархҳо дар Русияро мисол меорад. Соли 2007 мақомоти ин кишвар низ талош карданд, то нархи чанд номгӯи маҳсулотро дар як сатҳ нигаҳ дорад ё танзим кунад ва ин ба камбуд ва аслан аз бозор берун шудани маҳсулот боис шуда, нархҳоро ба осмон бардошт Дар натиҷа мақомоти Русия дар соли 2008 аз ин таҷриба даст кашид, вале нархи ин маводи танзимшуда, ки ба суръат боло ҷаҳида буд, дигар дар ҳамон боло монд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG