Пайвандҳои дастрасӣ

Дурбинҳо барои назорати кори мансабдорони пойтахт (ВИДЕО)


Акс аз бойгонӣ

Акс аз бойгонӣ

Раиси шаҳри Душанбе амр додааст, ки то 1 июл дар ҳуҷраҳои кории мансабдороне ки бо мардум кор мекунанд, видеокамераҳо гузошта шаванд.

Бо амри раиси шаҳри Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев, бояд то 1 июл дар ҳуҷраҳои кории мансабдороне ки ба хидматрасонӣ ба мардум машғуланд, видеокамераҳо гузошта шаванд. Ширкату корхонаҳое, ки ба мардум хидмат мерасонанд, сарфи назар аз шакли моликияташон, ҳамчунин муваззаф шудаанд, то дар пештоқи дафтарҳои худ ҳатман нархномаи хидматрасониҳояшонро овезон кунанд.

Мақомоти шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон мегӯянд, ҳадаф аз ин иқдом ҷилавгирӣ аз ришваситонӣ ва эҳтимоли фасод дар ниҳодҳоест, ки бо мардум кор мекунанд. Ба гуфтаи мақомот, насби кмамераҳо мухолифи қонун нест ва ҳуқуқи мансабдоронро ҳам поймол намекунад.

Сӯҳбати видеоии сухангӯи шаҳрдории Душанбе Шавкат Саидовро инҷо бубинед:

Насби видеокамераҳо ба манзури роҳ надодан ба фасод қаблан ҳам дар бархе муассисоти давлатии Тоҷикистон таҷриба шуда буд. Аз ҷумла тақрибан 5 сол боз дар фурудгоҳи Душанбе, бахусус дар нуқоте ки ходимони гумрук кор мекунанд, чунин камераҳо гузошта шудаанд. Вале ба бовари бисёриҳо, насби камераҳо дар идороти давлатӣ то кунун дар амри ҷилавгирӣ аз фасод зиёд муассир наменамояд.

Ҳамин тавр, аз моҳи ноябри соли 2013 дар ҷодаҳои асосии шаҳри Душанбе ба хотири танзими хубтари ҳаракати нақлиёт ва мардум видеокамераҳо гузошта шуданд. Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи мақомоти пулиси роҳ, беш аз 70 чорроҳа дар пойтахт бо чунин камераҳо муҷаҳҳаз шуда, тайи ним сол тавассути онҳо 73 000 мавриди нақзи қонун ошкор шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG