Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳоло ҳам фаъолияти дурбинҳоро сокинон хуб нафаҳмидаанд


Ронандагони зиёде мегӯянд, ҳанӯз ҳам шеваи кори дурбинҳои назоратиро дар роҳҳои пойтахт нафаҳмидаанд ва дар ин робита суолҳои зиёде доранд.

Чанде аз ронандагон, ки мошини дигаронро бо истифода аз боварнома ё «доверенност» меронанд, ба дафтари Радиои Озодӣ муроҷиат карданд, то рӯшан кунанд, ки дар ҳоли сабт шудани камбудии онҳо аз ҷониби маркази «Шаҳри бехатар», пардохти ҷаримаи онҳо чӣ гуна сурат хоҳад гирифт. Барои онҳо фаҳмо нест, ҷаримаро дар ин ҳолат кӣ хоҳад дод.

Амирҷон, сокини шаҳри Душанбе, мегӯяд, асноди мошинаш, ба номи бародараш сабт шудаасту ӯ мошинро бо боваринома меронад. Амирҷон мегӯяд, баъд аз насби дурбинҳо, хеле ҳушёрона мошин меронад, вале мушоҳида мекунад, ки бархе аз ронадагони дигар умуман аҳамият намедиҳанд, ки ин боиси ба истилоҳ дар «бало» мондани ронандаҳои эҳтиёткору бегуноҳ мегардад.

Вай гуфт «Теъдоди онҳое ки бо боваринома мошин меронанд, кам нестанд. Аз ҳамин хотир ман аз рафтри бархе ронандаҳои ба истилоҳ тағодор метарсам. Боз бо вуҷуди ин барои мо маълум нест, ки ҳангоми вайрон кардани қоидаи роҳ кӣ гунаҳкор дониста мешавад, соҳиби мошин ё ронанда. Хулоса, раванди ҷаримабандӣ барои мо номаълум аст».

Абубакр, ронандаи дигар, ки низ бо боваринома мошин меронад, мегӯяд ҳамеша аз сабқати нақлиётҳои мусофиркаши хусусӣ дар маркази шаҳр ҳарос дорад. Вай гуфт, кам ронандаеро вохӯрдан мумкин аст, ки ҳангоми ҳаракат қоидаи роҳро риоя кунад.
«Чӣ хеле пеш буд, ҳамонхел... Ман аз кормандони БДА наметарсам, аммо аз он метарсам, ки аз беэҳтиётии баъзе ронандагон, ба хусус ҷавонон худи ман ба садама дучор шавам. Чунки барои онҳо насби камераҳо ягон фарқ надорад».

Аз номи чунин ронандаҳо ин мавзӯъро бо мақомот дар миён гузоштем. Қудратулло Шоев, сухангӯи Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон (БДА) ба Радиои Озодӣ гуфт: «ҳангоми қонуншикании ронандаҳои бо боваринома ҳаракаткунанда, худи ронандаҳо ҷаримабандӣ ва ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, на он афроде ки асноди ин мошин ба номи ӯ сабт шудааст».

Ҷаноби Шоев дар мавриди бо кадом коргузорӣ, ба пардохти ҷарима ҷалб шудани ронандагон гуфт, «дар сурати вайрон кардани қоидаи ҳаракати роҳ аз суи ронандагон, мақомоти БДА аз рӯи сабти камераҳои назоратӣ ва бо истифода маркази маълумот санад тартиб дода, маблағи чаримаро таъин ва ба суроғаи ин ронанда ирсол мекунанд. Пардохти маблағи ҷарима тавассути бонкҳои кишвар сурат мегирад.»

Бетартибии ҷавонон аз дурбини "Шаҳри бехатар" сабт шудааст.
Бетартибии ҷавонон аз дурбини "Шаҳри бехатар" сабт шудааст.
Бо ин ҳама бархе аз ронандаҳову сокинони пойтахт, ки аз фаъол шудани дурбинҳо ё камераҳои назоратӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе истиқбол карда, мегӯянд, амнияти онҳо дар кӯчаҳо бештар нашудааст. Ҳомид Давлатов, ки ҳаррӯз аз нақлиёти мусофиркаши хусусӣ дар маркази шаҳр истифода мекунад, аз афзоиши қоидавайронкунии ронандагон дар ҳарос аст. Вай гуфт: «Ман мебинам, ки риояи шаҳри бехатар як мудат буду тамом. Онҳо барои гирифтани мусофирон бештар байни ҳам мусобиқа мекунанд. Медонед онҳоро касе аз кормандони БДА дар марказ боз намедорад. Онҳо шартномаи ғайрирасмӣ доранд бо нозирони роҳ, ки парвои ҷаримаву ҷавобгӯи надоранд».

Аммо мақомоти БДА иддаои теъдоде аз мардум дар мавриди он, ки ронандаҳои мусофиркаши хусусии маркази Душанбе, бо кормандони БДА қарордоди ғайрирасмӣ доранд, рад мекунанд. Қудратулло Шоев, сухангӯи БДА ин иддаоро беасос донист. Вай гуфт, ки насби камераҳо ҳам кори маъмурони пулиси роҳро осон мекунад ва ҳам пеши роҳи фасодкориро мегирад: «Маблағи ҷаримаро Кодекси маъмурӣ муайян кардааст. Барои ҳар як қоидавайронкунӣ ҷаримаи алоҳида пешбинӣ шудааст. Мисол, барои чароғаки роҳнаморо сурх гузаштан аз 3 то 5 нишондиҳандаи маоши ҳадди ақал ҷарима дорад. Се маоши ҳадди ақал 120 сомонӣ мешавад, 5 маоши ҳадди ақал - 200 сомонӣ. Барои нақлиёти мусофиркаш ҷарима аз як то ду нишондиҳанда муқаррар шудааст. Яъне аз 40 то 80 сомонӣ. Дар маҷмӯъ, ҷарима аз 20 сомонӣ оғоз шуда, то 700 сомонӣ мерасад.»

Ин дар ҳолест, ки дар 9 моҳи соли 2013 дар ҷумҳурӣ 1033 садама ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 350 нафар фавтида, 1110 нафар ҷароҳат гирифтаанд. Дар муқоиса ба соли гузашта 34 садама зиёд рух дода, 25 нафар ҳалок шудааст 13 кас ҷароҳат бардоштааст.

Ба гуфтаи масъулони БДА, ҳоло дар шаҳри Душанбе дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Шаҳри бехатар», ширкати чинии «Ҳуавей технолоҷӣ» 855 адад камера ё дурбинҳои назоратиро дар роҳҳои пойтахт насб кардааст. Ин тарҳ 22 миллион доллар харҷ дошта, аз ҳисоби қарзи давлатии Тоҷикистон аз Чин амалӣ мешавад. Ҳадафи аслии иҷрои ин лоиҳа, таъмини амнияти сокинон ва назорат бар риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ унвон мешавад.
XS
SM
MD
LG