Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акбар Тӯраҷонзода – бозигари беҳтарини Ҷоми Душанбе


Рӯзи 14-уми октябр дар шаҳри Душанбе марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба футбол байни наврасон шурӯъ шуд.

Дар ин мусобиқот футболбозони навраси солҳои таваллудашон 2000-2001 ширкат доранд. Ҳашт дастаи ғолиби мусобиқоти минтақавӣ ба ду гурӯҳ тақсим шудааст. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе, «Бохтар»-и Бохтар, «Зутур»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Норак»-и Норак ва ба гурӯҳи «Б» тимҳои «Солор»-и Душанбе, «Равшан»-и Кӯлоб, «Лининг»-и Хуҷанд ва «РШВСМ Сафариён»-и Душанбе шомиланд.

Натоиҷи бозиҳои рӯзи аввали мусобиқот чунинанд: «Истиқлол» - «Норак» - 3-1, «Солор» - «РШВСМ Сафариён» - 0-3, «Бохтар» - «Зутур» - 0-1, «Равшан» - «Лининг» - 2-0.

Дар маросими кушоиши мусобиқот, ки дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, футболбозони наврасро бо оғози бозиҳои марҳилаи ниҳоӣ Хуршед Мирзоев, муовини аввали раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар, Владимир Домуллоҷонов, собиқадори футболи тоҷик, табрик гуфта, ба онҳо комёбиҳо орзу карданд.

Бозиҳо дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ баргузор шудаанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои аввалро мегиранд, ба нимфинал мебароянд. Ғолибони даври ниҳоӣ дар бозии финалӣ, ки рӯзи 18-уми октябр баргузор мешавад, барои унвони қаҳрамонӣ мубориза мебаранд. Пеш аз бозии ниҳоӣ дастаҳои дар даври ниманиҳоӣ мағлубшуда барои ҷойи севум талош хоҳанд кард.

Дар ин маросим, инчунин, ба дастаи ғолиби Ҷоми Душанбе миёни футболбозони солҳои таваллудашон 2000-2001 – «Истиқлол»-и Душанбе (мураббиаш Ҳикмат Фузайлов) ва ба дастаи ғолиби Ҷоми Душанбе миёни наврасони солҳои таваллудашон 1998-1999 – «Арсенал»-и Душанбе (мураббиаш Зайниддин Раҳимов) Ҷом, медалҳои тилло ва ифтихорномаҳои Федератсияи футболи шаҳри Душанбе супурда шуданд.

Ҳамчунин бозигарони беҳтарини мусобиқоти шаҳрӣ барои Ҷоми Душанбе Умед Холиқов аз дастаи «Истиқлол»-и Душанбе миёни кӯдакон ва Акбар Тӯраҷонзода аз дастаи «Арсенал»-и Душанбе миёни наврасон бо ҷоизаҳои Федератсияи футболи шаҳри Душанбе сарфароз шуданд.
XS
SM
MD
LG