Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарроҳони муд дар "Fashion Week"-и Душанбе


Дар шаҳри Душанбе, барои нахустин бор "Ҳафтаи байналмилалии муди АвруОсиё" - Dushanbe Fashion Week баргузор шуд.

Ин иқдом ба ибтикори ҳукумати шаҳри Душанбе ва Хонаи муди "M - STILE" дар меҳмонхонаи "Ҳаят Реҷенсӣ" ва маҷмаъи "Душанбе - Плаза" пиёда шуд.

Дар муддати ду рӯзи "Ҳафтаи байналмилалии муд" тарроҳони маъруф аз Олмон, Туркия, Русия, Қазоқистон, Украина ва Тоҷикистон маҳсули ҳунари худро ба маърази тамошо гузоштанд. Ин тарҳҳо барои фаслҳои баҳору тобистони соли 2014 таҳия шудаанд.

Дар рӯзи аввал, намоиш якҷо бо ҳунарнамоии овозхонҳои ҷавон Ситора Назарова, Кирилл Қамбаров ва Ҷонибек Муродов ҷараён гирифт.

Мавлуда Ҳамроева, тарроҳ ва яке аз муассисони ин чорабинӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ ҳадафи аслии ин чорабиниро, "муаррифии маҳсули кори тарроҳони ҷавони тоҷик барои оламиён ва рушди ин соҳа дар кишвар" арзёбӣ кард.

Ба гуфтаи хонум Ҳамроева, ин қадами нахустин аст ва натиҷаҳои самарабахш хоҳад дошт. Зеро ба гуфтаи ӯ, теъдоди зиёди сокинону меҳмонон барои тамошои муди фасли баҳору тобистони соли 2014 омададанд ва таассуроти хубе ҳам бардоштаанд.

Дар ҳафтаи муди баҳору тобистони соли 2014 тарҳҳои тоза аз матоҳои миллии тоҷикон, атласу чакану адрас ба намоиш гузошта шуд. Ин либосҳо бо шеваи аврпуоӣ, аммо ҳифзи вежагиҳои шарқӣ таҳия шудааст.


Масъулони ин чорабинӣ мегӯянд, маблағҳое, ки аз "Ҳафтаи байналмилалии муд" ба даст омадаанд, барои табобати кӯдакони гирифтори бемории аутизм" сарф хоҳад шуд.


Ҳафтаи муди АвруОсиё дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:58 0:00
Линки мустақим
XS
SM
MD
LG