Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Тоҷикистон аз сафари Милош Земан, раиси ҷумҳури Чех интизори густариши ҳамкориҳои иқтисодиро доранд.

Абдулфайз Атоев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 25 ноябр зимни брифинги матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, “Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, ба хусус Ҷумҳурии Чех аҳамияти хоса зоҳир мекунад. Ҷониби Тоҷикистон аз сафари дарпешистодаи расмии Милош Земан, президенти Чех таҳким ва густариши робитаҳоро дар соҳаҳои барои ду тараф афзалиятнок ва муфид, такмили заминаи шартномавӣ – ҳуқуқӣ, ки асос барои ҳамкории минбаъдаи судманд хоҳад буд, мунтазир аст.”

Ин аст, ки ба гуфтаи ҷаноби Атоев, дар чорчӯби сафари расмии Милош Земан, раиси ҷумҳури Чех ба Тоҷикистон дар рӯзҳои 26 ва 27 ноябр бар иловаи дидору гуфтугӯҳо дар сатҳи олӣ, баргузории Анҷумани соҳибкорон ва сармоягузорони тоҷику чехӣ сурат мегирад, ки метавонад омили рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ–иқтисодӣ байни ду кишвар гардад.

Умедвориҳо барои густариш ва таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ бо Чех аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон дар ҳолест, ки ҳаҷми тиҷорат миёни ду кишвар дар як соли пеш маблағи ҳудуди 3, 5 миллион долларро ташкил додааст ва ҷонибҳо ин рақамро дар қиболи зарфиятҳо ва имконоти истифоданашуда нокофӣ медонанд.

Ба Тоҷикистон аз ҷумҳурии Чех, шакару маҳсулоти қаннодӣ, маснуоти сафолӣ, мебел, асбобҳои нурафкан, маҳсулоти чубин, шиша ва ғайра ворид мешавад. Аммо аз Тоҷикистон ба Чех асосан нахи пахта содир мегардад.

Дар ҳамин ҳол шоми имрӯз, сешанбеи 25 ноябр Милош Земан, раиси ҷумҳури Чех бо як сафари ду рӯзаи расмӣ вориди шаҳри душанбе, пойтахти Тоҷикистон мешавад.

Ба иттилои масъулони вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, барномаи аслии сафари расмии раиси ҷумҳури Чех, фардо, чоршанбеи 26 ноябр аз маросими истиқболи вай аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар майдони назди “Қасри миллат” оғоз хоҳад шуд. Сипас мулоқоти хоса ё як ба яки раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Чех ва пас аз он музокирот бо ширкати ҳайатҳои ҳар ду кишвар сурат мегирад.

Дар поёни музокиротҳо имзои чанд санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Чех ва баъд аз он изҳороти муштараки матбуотӣ сурат мегирад.

Ҳамчунин ба иттилои масъулони вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар чорчӯби сафари расмӣ, дидору мулоқотҳои Милош Земан, раиси ҷумҳури Чех бо нахуствазир ва раиси парлумони Тоҷикистон низ доир мешавад.

Зимнан, муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Чех дар таърихи 5 июни соли 1992 барқарор шуда ва моҳи ноябри соли 2002 раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Чех сафари корӣ анҷом дод.

Аммо сафари расмии Эмомлаӣ Раҳмон бюа Чех 6-9 октябри соли 2004 баргузор шуд, ки дар пайи ин сафар чанд санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар ба имзо расид. 7 феврали соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Милош Земан, раиси ҷумҳури Чех дар ҳошияи ифтитоҳи бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Соҷии Русия дидор карданд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG