Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти норӯшани литсейҳои туркӣ


Тавре ба назар мерасад, фаъолияти литсейҳои туркию тоҷикии марбут ба ширкати "Шалола" дар Тоҷикистон ба мушкили дарёфти иҷозатнома рӯбарӯ мешавад.

Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, созишномаи ҳамкориро бо ширкати туркии “Шалола” - молики литсейҳои муштараки тоҷикиву туркӣ тамдид накардааст.

Раҳимҷон Саидов, роҳбари Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф рӯзи 1 январ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, шартномаи ҳамкории ин ширкат бо ҳукумати Тоҷикистон, ки то соли 2013 амал мекард, дигар тамдид карда нашудааст. Вай гуфт: “Ҳоло онҳо иҷозатномаи фаъолият надоранд. Ҳарчанд мӯҳлати амали иҷозатномаи қаблиашон ба охир расидааст. Аз сабаби надоштани иҷозатнома ҳамон созишномае, ки бо ҳукумати Тоҷикистон доштанд, ба охир расид ва инҳо дигар созишномаро тамдид накарданд.”

Ҷаноби Саидов дар посух ба ин савол ки чӣ гуна ин литсейҳо бидуни иҷозатнома фаъолият мекунанд, посух надод ва аз ироаи шарҳи бештар дар ин мавзӯъ худдорӣ варзид.

Дар дафтари Салоҳиддин Гюнай, раиси ширкати “Шалола”, ки сарпарасти кулли литсейҳои тоҷикиву туркӣ дар Тоҷикистон аст, дар ин робита шарҳе надоданд. Танҳо аз маъмурияти яке аз литсейҳои тоҷикиву туркӣ дар шаҳри Душанбе ба номи Ҳоҷӣ Камол дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, онҳо дар ҳоли ҳозир иҷозатномаи фаъолият доранд ва муҳлати амали он то моҳи апрели соли 2015 аст. Ба таъкиди масъулони ин литсей, онҳо ҳоло барои гирифтани иҷозатномаи нави фаъолият аз аттестатсияи вазорати маориф гузаштаанд ва мунтазири гиррифтани худи иҷозатнома ҳастанд.

Шеъри як хонандаи литсейи туркӣ дар бораи Ҳоҷӣ Камол
Шеъри як хонандаи литсейи туркӣ дар бораи Ҳоҷӣ Камол

Фаъолияти литсейҳои туркӣ бо бастани як шартнома бо ҳукумати Тоҷикистон аз соли 1993 шурӯъ шуд. Баъдан соли 2003 барои як даҳсолаи дигар муҳлати шартномаи мазкур то 10 соли дигар, яъне то соли 2013, тамдид карда шудааст. Ширкати “Шалола” дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Турсунзода, Кӯлоб ва Хуҷанди Тоҷикистон шаш литсей дошта ва ҳамчунин сарпарастии литсейи байналмилалии Душанберо бар ӯҳда дорад.

Нахуст фаъолияти ин литсейҳо хайриявӣ буд ва баъдан нархи таҳсил дар ин литсейҳо то ба 1000 доллари амрикоӣ барои як соли хониш боло бурда шуд.

Дар мавриди фаъолияти ин литсейҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон андешаҳо гуногун аст. Бархе аз донишмандон ин литсейҳоро барои густариши андешаҳои пантуркистиву туркпарастӣ айбдор мекунанд ва ҳатто дар саҳифаҳои матбуоти мустақили Тоҷикистон даъватҳо барои бастани фаъолияти ин мактабҳо ба нашр расида буд. Аммо бархе аз соҳибназарони дигар бар инанд, ки сифати таълим дар ин литсейҳо хеле хуб аст ва шогирдон дар мактабҳои тоҷикӣ мисли ин литсейҳо имкони гирифтани дониши хубро надоранд.

Раҷаб Эрдуғон(аз чап) ва Фатҳуллоҳ Гулен
Раҷаб Эрдуғон(аз чап) ва Фатҳуллоҳ Гулен

Бино бар навиштаи бархе аз расонаҳо, ширкати “Шалола”, ки раҳбарии литсейҳои тоҷикӣ-туркиро дар Тоҷикистон ба зима дорад, аз муассисаи зери нуфузи ҳаракати дар Туркия пурнуфузи “Хизмет” дониста мешавад. Муассис ва роҳбари ҳаракати “Хизмет” рӯҳонии фирории турк Фатҳуллоҳ Гулен аст, аз солҳои 90−ум дар Амрико ба сар мебарад. Ӯ ибтидо аз ёрони раҳбари кунунии Туркия Раҷаб Эрдуғон ном бурда мешуд, вале дар солҳои охир бо ҳукумат мушкил пайдо кардааст. Ҳафтаи гузашта як додгоҳ дар Истамбул ҳукуми ҳабси Гуленро содир кард ва исми ӯ ба рӯйхати Интерпол барои боздошт ворид карда шуд. Додситонии Туркия ӯро ба ба ташкили гуруҳҳои террористӣ ва ниҳодҳои ҳамсони ҳукумат, яъне ба таъсиси як ҳукумати параллелӣ аз ҳисоби шогирдони мактабҳояш, муттаҳам мекунад.

XS
SM
MD
LG