Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи пойтахт низ амр кард, ки Кабирӣ маъзаратхоҳӣ кунад


Додгоҳи шаҳри Душанбе аризаи шикоятии вакили мудофеи Муҳиддин Кабирӣ, раис ҲНИТ ва вакили МН-ро баррасӣ кард ва ҳукми додгоҳи Исмоили Сомониро бетаъғйир гузошт.

Ба гуфтаи вакили дифои Муҳиддин Кабирӣ, дар ибтидои мурофиа тарафҳо баҳси бисёр тезу тунд доштанд ва гумон намерафт, ки додгоҳ далелҳои ҷониби Кабириро нодида бигирад. Аммо дар ниҳоят Додгоҳи пойтахт аз ҳукми додгоҳи Исмоили Сомонӣ пуштибонӣ кард.

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ қарори худро дар заминаи шикояти шаҳрдори Душанбе 30 январи соли равон содир кард ва Муҳиддин Кабирӣ,
раҳбари ҲНИТ-ро вазифадор кард,ки аз тариқи матбуот, аз шаҳрдорӣ узр бипурсад.

Амо Бузургмеҳри Ёров, вакили мудофеи Кабирӣ мегӯяд, ки пас аз 7 рӯз ҳалномаи Додгоҳи пойтахтро дастрас мекунад ва аз рӯи ҳалнома ба Додгоҳи олӣ шикоят мебарад. Вай афзуд, дар сурати бетағйир мондани қарори ду додгоҳ дар Додгоҳи олӣ, онҳо ба додгоҳҳои байналмиллалӣ муроҷиат хоҳад кард. Зеро ба гуфтаи вай, Додгоҳҳои Тоҷикистон мустақил нестанд ва таҳти таъсири мақомоти давлатӣ тасмим мегиранд.

Аммо як намояндаи Идораи муҳити зисти пойтахт, ки дар мурофиа ширкат дошт гуфт, ки дар ин мурофиаҳо мақомоти шаҳрдорӣ ба ҳеҷ ҷонибе фишор наовардаанд.

Қаблан, ҳукумати Душанбе аз болои Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раҳбари ҲНИТ, ба додгоҳ муроҷиат карда буд. Дар аризаи шаҳрдорӣ таъкид шуда буд, ки Муҳиддин Кабирӣ барои суханони ба гуфтаи онҳо "носазо" дар бораи вазъи экологии пойтахт, аз шаҳрдорӣ бахшиш ё маъзарат пурсад.

Муҳиддин Кабирӣ дар чанд моҳи пеш дар як матлабе, таҳти унвони “10 сол пас Душанбе урён мешавад”, дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон аз дарахтбуриҳо дар хиёбонҳои пойтахт изҳори ташвиш карда буд.

Ба дунболи ин шикояти шаҳрдорӣ, Муҳиддин Кабирӣ барои таҳқири ҳайсияташ ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон, аз шаҳрдорӣ 20 миллион сомонӣ ҷуброн хост. Ҷаноби Кабирӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки омодааст ба шикояти шаҳрдорӣ тибқи қонунҳои ҷории Тоҷикистон посух диҳад, вале барои узрпурсӣ асосеро намебинад.
XS
SM
MD
LG