Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Масъулони шаҳрдории Душанбе зимни шарҳи манъи фаъолияти таксиҳои "3 сомонӣ" гуфтанд, ки пойтахт ба теъдоди зиёди таксҳои хусусӣ ниёз надорад.

Шаҳдории Душанбе дар як вокуниш ба матлаби Озодӣ бо номи "Таксиҳои 3 сомонӣ куҷо шуданд?" тасмими ахири хешро дар робита ба манъи таксиҳои хусусӣ шарҳ дод.

Рӯзи гузашта торнамои Озодӣ аз манъи фаъолияти таксиҳои арзон хабар дода ва аз қавли ронандаҳои таксии маъруф ба "3 сомонӣ" далели ин амрро ба "таҳдиди ҷарима ва маҳрумият аз ҳаққи ронандагӣ" марбут хондааст.

Таксиҳои "3 сомонӣ" куҷо шуданд?

Абдулҳақ Алиев, роҳбари идораи “Душанбенақлиётхадамотрасон” дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Озодӣ рӯзи 6­ апрел гуфт, таксиҳо набояд дар як масири муайян ба қатори автобусу троллейбус ва маршруткаҳо равуо кунанд: "Таксӣ бояд тибқи супориши мизоҷ ҳаракат кунад. Мо ҳоло дар назди аксар бозорҳо таваққуфгоҳ сохтаем, бигзор таксиҳо дар ин ҷойҳо интизори мизоҷон шаванд."

Алиев афзуд, таксиҳои се сомонӣ дар роҳҳо пойгаву сабқатҳо ташкил карда, бехатарии ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт ва мусофиронро зери хатар мегузоранд. Аз ин рӯ, ҳукумати шаҳр тасмим гирифтааст, ки фаъолияти ин гуна таксиҳоро манъ кунад.

Ӯ гуфт, мақомоти шаҳр дар соҳаи нақлиёт барои мошинҳои таксӣ якчанд талабот муқарар кардаанд, ки ҳатман риоя шаванд: “Нахуст, ҳар як таксӣ бо таксометр бояд муҷаҳҳаз бошад. Дар дохили таксӣ бояд ному насаби ронанда, сураташ, рақами телефон ва номи ширкате, ки таксӣ ба он тааллуқ дорад, бояд навишта шуда бошад. Баъдан таксиҳо бояд ба ягон ширкат тааллуқ дошта бошанд, ки иҷозатнома дораду имконияти ҳар рӯз аз ташхиси тиббӣ гузаронидани ронандагон ва муоинаи техникии мошинро дошта бошанд”.

Ин мақоми ҳукумати Душанбе мегӯяд, ҳисобҳои онҳо дар асоси зичии аҳолӣ дар пойтахт собит кард, ки Душанбе ба 1115 ва дар рӯзҳои иду ҷашн ва 1315 адад таксӣ ниёз дорад. Аммо Алиев мегӯяд, ҳоло шумораи таксиҳо дар Душанбе аз ин рақам ба маротиб зиёд ҳастанд ва аксарияти онҳо бидуни қайду ҳуҷҷат фаъолият мекунанд, ки ғайриқонунист.

Таксиҳои маъруф ба "3 сомонӣ" дар Душанбе тақрибан панҷ сол қабл пайдо шуданд ва бинобар тезҳаракативу дастрас буданашон натанҳо зуд миёни мусофирон маҳбубият пайдо карданд, балки ба яке аз навгониҳои аҷиби шаҳри Душанбе бадал шуданд. Ин ихтирои таксиронҳои Душанбе сайёҳон ва хабарнигрони хориҷиро дар ҳайрат мегузорад ва барномаи маъруфи "Орел и Решка" низ таксиҳои "3 сомонӣ"-ро аз вижагиҳои хоси танҳо Душанбе муаррифӣ карда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG