Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳрдории Душанбе тасмим дорад ба чанд бозори пойтахт қарзи бефоиз ихтисос бидиҳад. Ин иқдом ба хотири ҷилавгирӣ аз баландшавии нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввалия маънидод мешавад.

Масъулони шаҳрдории Душанбе мегӯянд, тасмими додани қарзи бефоиз ба чанд бозори пойтахт, барои пешгирӣ аз болоравии арзиши орду шакару равған ва дигар маҳсулоте, ки соҳибкорон бо қурби аъсори хориҷӣ ба бозорҳо ворид мекунанд, рӯи даст гирифта шудааст. Ба гуфтаи Сайфулло Амонов, сардори раёсати иқтисод ва савдои шаҳри Душанбе, маблағи қарзӣ ба бозорҳои “Саховат”, “Шоҳмансур” ва “Деҳқон” пешбинӣ гардидааст.

Барои гирифтани қарзи бефоиз раҳбарони ин бозорҳо бояд ба шаҳрдорӣ тарҳи тиҷории худро пешниҳод намоянд. Тасмим ироаи қарзи бефоиз ба бозорҳои шаҳри Душанбе дар ҳолест, ки дар як моҳи ахир дар пайи болоравии арзиши доллар нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар кишвар аз 30 то 40 дарсад афзоиш ёфт.

Сабзалӣ Сабзаев, муовини раиси бозори “Шоҳмансур” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, раёсати ин бозор ба хотири ҷилавгирӣ аз таъсири қиммати доллар ба арзиши маҳсулот, бартариро ба истеҳсолкунандагони ватанӣ хоҳанд дод. Ҷаноби Сабзаев гуфт, онҳо талош хоҳанд кард, ки маҳсулотро аз дасти аввал дастрас кунанд ва маблағи қарзиро, ки 1 миллион сомонӣ мебошад, барои бастани шартнома бо истеҳсолкунандагони дохилӣ истифода намоянд.

T

T

Вай афзуд, ки ”масалан равғане, ки аз хориҷа ворид карда мешуд ва ҳоло нархаш аз 55 сомонӣ ба болост, мо онро бо равғани пахтаи тозаи дохилии баландсифат иваз кардем, ки арзишаш аз 38 то 40 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин ҷои гушти мурғи хориҷиро бо тухму мурғи ноҳияи Файзобод пур мекунем. Агар гӯшти гови Эрону Ҳиндустонро бигирем, ки нисбатан арзон буд, ҳоло нархаш аз гушти дохилӣ, ки 30 сомонӣ нарх дорад, боло рафтааст.”

Ҳоло нисфи бозори дохилии маводи хӯрокаи Тоҷикистон дар дасти хориҷиён аст, ки даромади аҳолии мардуми кишварро фурӯ мебаранд. Ба ҳисоби иқтисодшиносон, 50 дарсади маводи хӯрока аз хориҷ ворид карда мешавад, ки ин нишондиҳанда барои амнияти ғизоии ҳар кишвар “фалокатбор” ба ҳисоб меравад.

Ҳатто мардуми рустоҳои Тоҷикистон барои меҳмонашон аз бозор себи чинӣ мехаранд ва аз гӯшти мурғи эронӣ барои онҳо хӯрок мепазанд. Деҳқони тоҷик агар себи ширинтару сад маротиба беҳтар аз себи чинӣ ҷамъ оварданд, фақат тирамоҳ онро метавонанд бифурӯшанд, чун ҷое надоранд, ки онро барои содироти баъдӣ нигаҳ доранд ва ҳосили зиёде ҳам дар сари боғҳо талаф мешавад.

Дар ҳамин ҳол, муовини бозори Шоҳмансур низ иқрор мекунад, ки дар ин шабу рӯз ворид кардани меваву сабзавот аз хориҷи кишвар танҳо барзарар аст, зеро ба гуфтаи вай, “дар як моҳи ахир дар ин бозор бинобар камхаридор будани меваи хориҷии қиммат, меваҳо пӯсидаанд.”

Масъуд Собиров

Масъуд Собиров

Масъуд Собиров, иқтисодшиноси тоҷик аз тасмими шаҳрдорӣ барои ироаи қарзи бефоиз бо бозорҳои кишвар истиқбол мекунад ва мегӯяд, ”мардум низ аз доллар вобаста ба болорави қурби он, аз ташвишҳои баланд шудани нархи маҳсулот, хаста шудаанд.”

Аммо ин иқтисодшинос дар баробари ин аз ҷониби ҳукумат ва шаҳрдорӣ, ҷалби таваҷҷӯҳи худи соҳибкоронро ба истеҳсолкунаднагони ватанӣ аз ҷумлаи иқдомҳое ном мебарад, ки метавонист натиҷаи бештар бидиҳад: “Агар ҳукумати Тоҷикистон ва шаҳрдорӣ қудратманд мешуданд, ки ҳавасандгардонии соҳибкоронро дар бунёди корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ барои истеҳсоли маводи ниёзи аввалия роҳандозӣ кунанд, кор ранги дигар мегирифт.”

Бино ба пешбиниҳои мутахассисони тоҷик, то 5 соли дигар, яъне соли 2020 аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар мерасад ва талабот ба маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла ғалладона, мева, картошка, равғани рустанӣ, гӯшту ширу тухм 25 дар сад зиёд мешавад. То 5 соли дигар талаботи аҳолии Тоҷикистон ба маҳсулоти нонӣ 260 ҳазор тонна зиёд мешавад ва барои таъмини ин эҳтиёҷ кишвар бояд ҳар сол бештар аз 14 ҳазор гектар замини нав барои баҳрабардорӣ омода шавад ва ё дасти кишоварзонро бозтар кунад, ки худашон тавлидро афзоиш диҳанд.

Тоҷикистон ҳар сол бештар аз 600 ҳазор тонна гандум ва ғалладонаро аз Русияву Қазоқистон ворид мекунад, зеро як миллион тонна ғалладонае, ки дар дохил ҷамъ меоваранд, эҳтиёҷоти кишварро қонеъ намекунад.

Зимнан, бар пояи маълумоти Кумитаи омори Тоҷикистон дар соли гузашта ҳаҷми воридоти орд ба Тоҷикистон аз ҳисоби ворид кардани гандуми бештар, коҳиш ёфтааст. Тибқи омори ин ниҳод, дар соли 2015 воридоти орд ба Тоҷикистон 26 дарсад кам ва аммо овардани гандум 11 фоиз зиёд шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG