Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукумати Тоҷикистон идораи умури собиқ “Фурӯшгоҳи марказии Душанбе” (ЦУМ)-ро ба раёсати хоҷагии дастгоҳи раёсатҷумҳурии ин кишвар супурдааст.

Ҳукумати Тоҷикистон бо судури як қарор идормаи умури “Маркази савдои Тоҷикистон”, собиқ “Фурӯшгоҳи марказии Душанбе” (ЦУМ)-ро ба раёсати хоҷагии дастгоҳи президенти ин кишвар вогузор кардааст. Дар қарори ҳукумат “Дар бораи масъалаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Маркази савдои Тоҷикистон” аз 2 феврали соли 2016 гуфта мешавад, ки “ҳаққи идораи 100 фоизи саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Маркази савдои Тоҷикистон” ба раёсати хоҷагии дастгоҳи иҷроияи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад.” Дар банди дигари ин қарор бо имзои раҳбари ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон аз раёсати хоҷагии дастгоҳи президент тақозо шудааст, ки “дар зарфи як моҳ ҳамроҳ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ масоили ташкиливу ҳуқуқиеро, ки ин қарор дар пай дорад, ҳал кунад.”

Яке аз чунин масоили ҳалталаб эътирози саҳомдорони собиқи ин биност, ки талаб доштанд, то ки ҳанӯз то дубора давлатӣ кардани фурӯшгоҳи пули саҳмияҳои онҳоро баргардонанд. 10 830 саҳмияи “Фурӯшгоҳи марказӣ” дар дасти 147 саҳомдор, ки аксараш дар ҳамин фурӯшгоҳ дӯкон доштанд, буд. Онҳо арзиши саҳмияҳои худро 10 миллион доллар баровард карда, аз соли 2012 ба ин тараф талош доранд, ки тавассути додгоҳҳо ҳаққи худро бирӯёнанд.

Боймурод Холмуродов, мудири собиқи “Фурӯшгоҳи марказӣ” рӯзи 19 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баъди давлатӣ кардани ин корхона ягон ниҳоди давлатӣ дар масъалаи пардохти пули саҳмияҳои онҳо бо саҳомдорони собиқ вориди музокирот нашудааст: “Моро то имрӯз дар ин масъала ягон кас ягон чиз напурсидааст ва пули саҳмияҳоямонро низ то ҳол нагирифтаем. Якуним сол пеш баъди ҳукми додгоҳ кумиссиюни барҳамдиҳӣ ташкил карда буданд. Ин кумиссиюн аз рӯи қонун бояд пеш аз давлатӣ кардани нархи саҳмияҳои моро ва ҳам тартиби баргардонданашро муайян мекард. Чанд ҷаласа шуд, ки дар онҳо мо нархи худро гуфтем, онҳо – нархи худашонро. Вале дар ниҳоят кор ба ҷое нарасид ва “Фурӯшгоҳи марказӣ”-ро бидуни пардохти пули саҳмияҳояш гирифтанду давлатӣ карданд.”

Нахустин қарори додгоҳ дар бораи давлатӣ кардани “Фурӯшгоҳи марказӣ” ҳанӯз дар соли 2012 содир шуда буд. Вале саҳомдорони он ба додгоҳ шикоят бурда, дар моҳи майи соли 2012 ба судури ҳукме ноил шуданд, ки пеш аз давлатӣ кардани фурӯшгоҳ ба саҳомдоронаш баргардондани пули саҳмияҳои онҳоро тақозо мекард.

Таҷаммӯи саҳомдорони собиқи ЦУМ. Акс аз соли 2014

Таҷаммӯи саҳомдорони собиқи ЦУМ. Акс аз соли 2014

Вале дар ибтидои моҳи декабри соли 2015 бо ҳукми додгоҳи иқтисодии Душанбе қарори хусусигардонии “Фурӯшгоҳи марказӣ” аз соли 1993 бекор карда шуд ва ин фурӯшгоҳро пурра давлатӣ карданд. Алакай рӯзи 8 декабр эълон шуд, ки исми фурӯшгоҳи марказии Душанберо ба “Маркази савдои Тоҷикистон” табдил додаанд ва худи ҳамон рӯз Абдусаттор Раҳимов ба ҳайси раҳбари нави он муаррифӣ шуд.

Раҳбарияти нави фурӯшгоҳ ваъда дод, ки пули саҳмияҳои моликони собиқашро пас хоҳад дод. Вале саҳомдорони собиқ ба иҷро шудани ин ваъда чандон бовар надоранд. Боймурод Холмуродов, мудири собиқи “Фурӯшгоҳи марказӣ” мегӯяд, шояд баъди судури қарори ҳукумат, ки аз раёсати хоҷагии дастгоҳи президент – масъули кунунии идораи умури ин фурӯшгоҳ ҳалли масоили ташкиливу ҳуқуқии марбут ба табдили шакли моликияташро талаб мекунад, билохира тасмиме дар мавриди ҷуброни зиёни дидаи саҳомдорони собиқ андешида шавад.

Фурӯшгоҳи марказии Душанбе дар маркази пойтахт, иборат аз 3 қабат ҳанӯз соли 1960 сохта шуда, дар замони Шӯравӣ як макони асосии хариди мардуми чӣ Душанбе ва чӣ меҳмонони шаҳр аз манотиқи мухталифи кишвар дониста мешуд. Кормандони он ҳанӯз дар соли 1993 бо истифода аз қонунҳои тоза ҷоришудаи иқтисоди бозорӣ, ки як рукни асосиаш хусусӣ кардани корхонаҳои давлатӣ буд, Фурӯшгоҳи марказии Душанберо хусусӣ карданд.

Ҳоло бо гузашти 23 сол аз хусусигардонии “Фурӯшгоҳи марказӣ, мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ин фурӯшгоҳ дар соли 1993, дар авҷи ҳарҷу марҷҳо, ки кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт, харидуфурӯш шудааст. Вале саҳомдорон инро рад мекунанд ва мегӯянд, “Фурӯшгоҳи марказӣ”-ро ба таври қонунӣ ва аз тариқи музояда харида буданд.

Бо ин ҳол, ҳанӯз рӯшан нест, ки мақомот баъди давлатӣ кардани «Фурӯшгоҳи марказӣ» бо он чӣ хоҳанд кард – оё он дар шакли қадимиаш, вале таҳти идораи давлат ба фаъолияти худ идома хоҳад дод ваё ба ҷои он ва дар заминҳои зиёди атрофаш, ки ба ақидаи бархе, маҳз ҳамин заминҳои муносиб барои сохтани биноҳои баландошёна сабаби ба “Фурӯшгоҳи марказӣ” чашм дӯхтани гурӯҳҳои тиҷоратии наздик ба раҳбарони аввали ҳукумат шудааст, биноҳои нави баландошёна қомат хоҳанд афрохт?

Видеои эътирози саҳомдорони собиқи "Фурӯшгоҳи марказӣ":

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG