Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбеву Ашқобод парвози ҳавопаймоҳоро барқарор мекунанд


Ашқобод, 20 августи соли 2015

Ашқобод, 20 августи соли 2015

Дар шаҳри Ашқобод миёни Тоҷикистон ва Туркманистон чанд санади ҳамкорӣ, аз ҷумла дар соҳаи тиб, телевизиону радио ва табодули донишҷӯён ба имзо расид.

Дар паи музокироти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов қарор шуд, хатсайрҳои ҳавоии байни ду кишвар барқарор шуда, донишҷӯёни ҳарду кишвар аз рӯи квота дар донишгоҳҳои ин кишварҳо таҳсил кунанд. Ҳамчунин имзо созишномаҳои ҳамкории миёни Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистону Кумитаи давлатии телевизион, радио ва кинематографияи Туркманистон, қарордоди ҳамкории вазоратҳои тандурустии ду кишвар ба имзо расид. Дар музокироти рӯзи 20 август дар Ашқобод инчунин барномаи ҳамкории миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2016-2017 қабул шуд. Чунин аст натиҷаи аслии сафари расмии президенти Тоҷикистон ба Ашқобод, ки рӯзҳои 19-20 август ҷараён гирифт.

Бар тибқи иттилои сайти президенти Тоҷикистон, дар ҷараёни музокироти ҳайатҳои баландпояи ду кишвар дар пойтахти Туркманистон, маҷмӯи васеи масоили вобаста ба густариши робитаҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, илмию маърифатӣ ва фарҳангӣ баррасӣ шудааст. Қарор шуд, доираи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёт аз самтҳои стратегии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ тавсеа ёбад.

Дар изҳороти муштараки баъди анҷоми дидору гуфтугӯҳо, президент Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиат ба васоити ахбори умум гуфт, «Туркманистон яке аз мавқеъҳои афзалиятнокро дар стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ишғол мекунад. Мо дар самти тақвият ва таҳкими минбаъдаи шарикии Тоҷикистону Туркманистон ва диверсификатсияи соҳаҳо, самтҳо ва шаклҳои рушди мутақобилан судманди он манфиатдор ҳастем», гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Президент гуфт, дар музокироти ӯ бо раҳбари Туркманистон дар баробари таъкид ба зарурати тақвияти ҳамкориҳои ду кишвар дар оянда, бахусус дар соҳаҳои энергетика, роҳу нақлиёт ва борбарӣ, тиҷорат, инчунин сӯҳбат аз афзоиши “таҳдиду хатарҳои нав, инчунин фаъолшавии созмонҳои ифротгаро дар сарҳадҳои ҷанубии Тоҷикистон рафт” ва давлати Туркманистон барои ҳамкорӣ дар амри таҳкими амният дар минтақа изҳори омодагӣ намуд.

Як манбаи расмӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ рӯзи 19 август гуфт, баъди анҷоми гуфтугӯҳои расмии раҳбарон ва ҳайатҳои ҳарду кишвар, Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни кори сотхмони «шаҳраки Олимпӣ» дар ҳудуди пойтахти Туркманистон шинос хоҳад шуд. Соли 2017 дар Туркманистон баргузории бозиҳои Панҷуми осиёӣ дар назар аст ва ин маҷмааи варзишӣ ба ҳамин муносибат бунёд мешавад.

Бар тибқи омори расмӣ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ мизони ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркмакнистон беш аз 55 миллион долларро ташкил додааст. Афзоиши тиҷорат 16,6 дар сад буда, тавре хабаргузории «Авеста» таъкид мекунад, 98 дар сади ҳаҷми умумии ин маблағ аз ҳисоби содироти мол аз кишвари Туркманистон ҳосил мешавад. Туркманистон, ки аз оғози солҳои касби истиқлолият худро дар қаламрави шӯравии пешин ҳамчун кишвари бетараф ё «нейтрал» дар баробари созмонҳои сиёсиву иқтисодии минтақавӣ муаррифӣ кардааст, ҳамзамон яке аз ҳамсояҳои наздик ва ҳам қобили эътимоди Тоҷикистон аст.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ин кишвар маҳалли зисти садҳо ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон гардид, ки аз оташи ҷанг дар қаламрави ин кишвар паноҳ ёфтанд. Феълан ҳарду кишвар ҳамроҳ бо Афғонистон талош доранд барномаи азими бунёди роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистонро амалӣ созанд, ки дар ҳаракати молу коло дар ин қаламравҳо бо фирор аз қаламравҳои кишвари дигари ҳамсоя – Ӯзбакистон мусоидат хоҳад кард. Вале боз ҳам масъалаи ноамниҳо дар Афғонистон аз мушкили ҷиддии амалишавии ин тарҳ гардидааст.

Дар Тоҷикистон ҳамчунин аз тарҳи лӯлаи гази Туркманистон-Чин умеди зиёд доранд, ки соли 2014 миёни China National Petroleum Corporation (CNPC) ва Ширкати саҳҳомии «Тоҷиктрансгаз» баста шуда, эҳтимолан мушкили бегазии Тоҷикистонро ҳал хоҳад кард. Вале яке аз мушкилоти ҷиддии пеши роҳи ҳамкориҳои густардатари ин ду кишвари ҳамсоя дар Осиёи Марказӣ набуди марзи мустақим байни онҳост.

XS
SM
MD
LG