Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп чаҳор ширкати марбут ба Саудиро баст


Президенти мунтахаби Амрико Доналд Трамп
Президенти мунтахаби Амрико Доналд Трамп

Раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико Доналд Трамп якчанд ширкатро, ки гуфта мешавад ба Арабистони Саудӣ рабт доранд, баст. Дар ин бора хабаргузории Associated Press гузориш додааст. Дар ширкати "Tramp Organisation" баста шудани чаҳор ширкатро тасдиқ карданд, аммо ҳамзамон гуфтанд, Трамп бо Саудӣ тиҷорат пеш намебарад.

Охири моҳи ноябр раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико Доналд Трамп гуфт, ки барои тамаркузи бештар ба корҳои давлатдорӣ аз бизнес хориҷ мешавад. Рӯзи 15 декабр дар Ню-Йорк нишасте баргузор мешавад, ки дар он Трамп ширкату муассисаҳои худро расман ба дасти фарзандонаш месупорад.

Моҳи сентябр дар Иёлоти Муттаҳида қонуне қабул шуд, ки дар заминаи он хонаводаҳои қурбониёни ҳодисаи 11 сентябри соли 2011 метавонанд, алайҳи давлати Саудӣ, ки шаҳрвандонаш дар ҳамла ба Маркази ҷаҳонии тиҷорат дар Ню-Йорк даст доранд, ба додгоҳ шикоят баранд. Риёз ин қонунро маҳкум кард ва таҳдид намуд, ки ҳамаи дороиҳои Амрикоро ба маблағи 750 миллион долар ба фурӯш мегузорад.

XS
SM
MD
LG