Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пули болои Ванҷоб ба "фура"-ҳои чинӣ тоб наовард


Пули болои Ванҷоб дар масири Душанбе-Хоруғ аз зарби автомашинаҳои борбари калонҳаҷм шикаст.

Рӯзи 30 ноябр пули, пайвандгари роҳи Душанбе-Хоруғ комилан аз кор баромад.

Ба манзури ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар назди пули садамавӣ, постгоҳи муваққатии БДА гузошта шуд ва акнун автомашинаҳои борбар маҷбур ҳастанд, ки дар роҳи ҳаракат аз ҷойи камоб рӯдро убур намоянд.

Ба гуфтаи муовини сардори муассисаи хоҷагии роҳҳои Бадахшон Хушназар Абдураҳимов, иқтидори борбардории пули болои Ванҷоб, ки ҳанӯз 40 сол қабл сохта шудааст, 18 тонна буда, пас аз таҷдид гардидан ба 20 тонна баробар шуд. Вале автомашинаҳои борбари ҳаҷман калон аз он убур мекарданд ва он ба садама дучор гардид.

Оқои Абдураҳимов гуфт, "аз таъмир гузарондем иқтидори вазнбардориро мутахассисон 20 тонна таъин карданд , лекин ҳоло мошинҳои калонҳаҷм аз болояш гузаштанду купруки мазкур зарар дида, ду ортотропе, ки болопӯш мегӯем, шикастастанд. Ҳозир муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои ноҳияи Ванҷ таъмир карда истодааст, лекин вай садамавӣ ҳаст."

Ронандагон нигарон ҳастанд, ки агар дар мавсими камобӣ имкони убур намудани рӯд мавҷуд аст, аммо баҳорон бо зиёдшавии сатҳи оби дарёҳо, ҳаракати нақлиёт дар масири Қулма-Хоруғ-Душанбе номумкин мегардад. Мутахассисон Хадамоти давлатии назорати танзим дар соҳаи нақлиёти вилоятро муттаҳам мекунанд, ки аз ҳаракати нақлиёти вазнини борбар, ки бештарашон чинӣ ҳастанд, ҷилавгирӣ накард ва харобкориҳои комюнҳои борбар роҳро харобу пулҳоро садамавӣ гардонданд.

Вале сардори хадамот Нуриддин Назархудоев изҳор дошт, ки манъи ҳаракати нақлиёти борбар дар ин масир ҳалли мушкилот буда наметавонад, балки тамоми пулҳои сари ин роҳ, ки аҳамияти байналмиллалӣ пайдо кардаааст, бояд ба имкони борбардории мутобиқ шаванд. Вай гуфт, ки риояти меъёрҳои муқарраршудаи боркашонӣ дар асл маънои баста шудани роҳи воридоти молу коло аз Чинро медошт ва ба манзури зарар нарасондан ба иқтисоди кишвар, онҳо маҷбур буданд, ки гузашт кунанд.

Вай гуфт: "Хадамот барои ҳимояи пул, ки садамавӣ аст, пости мувақатӣ мондааст. Барои он, ки роҳи Душанбе бо Хитой баста нашавад, хадамот ба вазорат муроҷиат кард, ки ин пул бояд таҷдид шавад, барои 60 тонна не, ҳадди ҳақал барои 45 тонна. Ин пул, ки соли 1970 сохта шудааст, 20 тонна мебардорад."

Як масъули хадамот, ки ба муайян кардани вазни автомашинаҳо сару кор дорад, изҳор дошт, ки дар бархе аз мавридҳо ронандагони чинӣ барои Роғун ва ё ягон бори дигари стратегӣ меоранд ва онҳо куллан ҳуқуқи дахолат намудан ба чунин бор ва ҳуҷҷатҳои ронандаро надоранд.Ба гуфтаи вай, аз тарафи дигар, кормандони нуқтаи вазнбардорӣ забони чиниро намедонанду чиниҳо ҳама вақт ба санҷиш бо мантировка ҳозир мешаванд, гӯё ба ҷанг омодагӣ мебинанд ва ба хотири роҳ надодан ба ҳар гуна ҳодиса, кормандон маҷбур ҳастанд, ки бо «меҳмонон» сахтгир набошанд.

Ронандагони автомашинаҳои мусофирбар шикоят мекунанд, ки агар пештар масофаи миёни Хоруғ ва Мурғобро дар се-чор соат тай мекарданд, акнун бинобар вайронии ҷодаҳо, барои паймудани ин масофа ду баробар зиёдтар вақт сарф мекунанд.

Ба гуфтаи коршиносон, то он замон ки рафтуомади фураҳои чинӣ то терминали Мурғоб ва маҳалли Танги ноҳияи Шуғнон маҳдуд нашавад, ронандагони чинӣ бо дастгирии ашхоси мансабдор дар ҷумҳурӣ ба харобкориашон дар масири Қулма-Душанба идома медиҳанд ва роҳҳоро вайрону пулҳоро валангор ва имконияти корёбиро барои ронандагони тоҷик ҳар чӣ бештар танг месозанд.
XS
SM
MD
LG