Пайвандҳои дастрасӣ

Душанбе то ду ҳафтаи дигар мизбони чаҳор нишасти муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ дар заминаи ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир хоҳад буд.

Аз Созмони Милал то эътилофҳои минтақаӣ бо нигаронӣ аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир ба воситаи Осиёи Марказӣ ва пеш аз ҳама Тоҷикистон, талош доранд, ба ҳамоҳангии беҳтаре дар ҷилавгирӣ аз он даст ёбанд. Бо ин мақсад дар шаҳри Душанбе чандин ҳамоиши байнулмилалӣ ҷараён хоҳад ёфт.

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон рӯзи душанбеи 11 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “рӯзҳои 26 ва 27 май дар шаҳри Душанбе нахуст нишасти шӯрои раҳбарони ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддири кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, баъдан мулоқоти “АҚТ” ё раҳбарони ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддири Афғонистон – Қирғизистон – Тоҷикистон, сипас “Медиа Форум” ва ниҳоятан Конфаронси байналмилалӣ дар масъалаи маводи мухаддир сурат мегирад.”

Нишасти раҳбарони ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддири Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) дар чаҳорчуби чорабиниҳои марбут ба раёсати даврии Тоҷикистон дар ин созмон баргузор мешавад. Ба гуфтаи ҷаноби Раҳматуллоев, барои ширкат дар нишасти шӯрои раҳбарони ниҳодҳои мубориза бо маводи мухадири СПАД ва мулоқоти “АҚТ”, масъулони ниҳодҳои марбутаи узви ин созмон ва ҳамчунин Афғонистон даъват шудаанд.

Юрий Федотов

Юрий Федотов

Аммо ба таъкиди ҷаноби Раҳматуллоев, Конфронси байналмилалӣ дар мавриди маводи мухаддир бо ширкати директори иҷроияи дафтари СММ дар мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ Юрий Федотов, мақомоти кишварҳо ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ, коршиносони соҳа дар таърихи 27 май сурат мегирад. Ҷаноби Федотов ахиран гуфтааст, ки ягон кишвар ба танҳоӣ нахоҳад тавонист ба мавҷи маводи мухаддире, ки аз Афғонистон паҳн мешавад, пешгирӣ кунад.

Бо мадади СММ рӯзи 27-уми апрел дар гузаргоҳи Панҷи Поёни миёни Тоҷикистон ва Афғонистон як дафтари мубориза бо қочоқи маводи мухаддир таъсис дода шуд.

Хушнуд Раҳматуллоев гуфт, ки “ҳамоиши байналмиллалӣ дар Душанбе ба ибтикори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва як сол қабл аз Ҷаласаи вежаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба мушкилоти маводи мухаддир, ки дар соли 2016 дар назар аст, доир мешавад."

Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳафтаи гузашта Сироҷиддин Аслов, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон масоили омодагӣ ба ин нишастро дар дидор бо Юрий Федотов, директори иҷроияи Барномаи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Ашқобод баррасӣ карда буд. Дидори вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Юрий Федотов дар ҳошияи ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ширкаткунандаи Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории минтақавӣ дар бахши назорати маводи мухаддир сурат гирифт.

Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷонибҳо аз раванди мусбии рушди ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи СММ оид ба мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) изҳори қаноатмандӣ карда, зарурати тақвияти ҳамкориро дар самти мубориза бо ин чолишҳо таъкид намуданд.

Дар ҳамин ҳол ба таъкиди Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи оҷонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон ба таърихи 26 май, ҳамчунин баргузории “Медиа Форум” дар масъалаи мубориза бо маводи мухаддир низ дар назар аст, ки дар кори он бар иловаи намояндагони сохторҳои мубориза бо маводи мухаддири панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Эрон ва Покситон, ҳамчунин 400 тан аз донишҷӯёни тоҷик низ ширкат хоҳанд кард.

Баргузории ин нишастҳо дар шаҳри Душанбе дар ҳолест, ки Тоҷикистон бо манотиқи шимоли Афғонистон дар тӯли 1400 километр марзи муштарак дорад ва бештарин хатари интиқол ва қочоқи маводи мухаддир аз ин кишварро дар дӯш дорад.

Тибқи оморҳо танҳо дар семоҳаи соли ҷорӣ аз ҷониби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳудуди 1 тоннаву 300 кило маводи мухаддир кашфу муосидира гардидааст, ки дар нисбати ҳамин давраи соли гузашта бештар аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG