Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асоси тағйиру иловаҳо ба ду қонун “Дар бораи хизмати давлатӣ” ва “Дар бораи мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон” аз ин баъд танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд ҳаққи фаъолият дар сохторҳои давлатӣ ва ниҳодҳои Кумитаи давлатии амнияти миллиро хоҳанд дошт.

Рӯзи 2 ноябр парлумон бо тағйиру иловаҳои мазкур ба қонун мувофиқат кард. Тоҷикистон танҳо бо Русия созишномаи ҳақи душаҳрвандиро бастааст ва тасмими ахир барои манъи кори шахсони дорои шаҳрвандии иловагӣ ба ҷуз Тоҷикистон, марбути онҳо мешавад.

Мансурҷон Умаров.

Мансурҷон Умаров.

Мансурҷон Умаров, муовини аввали раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 2 ноябр зимни муаррифии тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонун "Дар бораи мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон" гуфт, ки бар асоси ин лоиҳа, танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаққи корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ буданро доранд.

Ҷаноби Умаров, сабаби ин тағйиротро як “сирри давлатӣ” унвон кард ва гуфт, ки бар асоси ин тағйирот, кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бояд забони тоҷикиро донанд ва танҳо шаҳрванди Тоҷикистон бошанд ва афроди дорои душаҳрвандӣ наметавонанд, корманди ин ниҳод шаванд. Мансурҷон Умаров ҳамзамон афзуд, ки бо ин роҳ мехоҳанд, ки аз берун рафтани маълумоти дорои сирри давлатӣ пешгирӣ кунанд.

Ҷумъа Давлатов, раиси Оҷонсии хизмати давлатии Тоҷикистон рӯзи 2 ноябр дар робита бо лоиҳаи Қонун “Дар бораи хизмати давлатӣ” гуфт, ки баъди ислоҳи қонун нафақахӯрони дохилию хориҷӣ низ наметавонанд масъулияти хизматчии давлатиро ба ӯҳда дошта бошанд ва танҳо дар сурати даст кашидан аз нафақапулӣ, мумкин аст ба хизмати давлатӣ ҷалб шаванд.

Ҷумъа Давлатов.

Ҷумъа Давлатов.

Вай гуфт, тағйироту иловаҳо ба Қонун “Дар бораи хизмати давлатӣ” “бо мақсади иҷрои банди 14-и протоколи маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон аз 8 феврали соли ҷорӣ ҷиҳати таҳкими қонунгузории давлатӣ дар иртибот ба доштани шаҳрвандии давлати хориҷӣ ва танзими нафақа” таҳия гардидааст.

Коршиносон мегӯянд, масъалаи кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ё ходимони давлат, ки дар баробари шаҳрвандии Тоҷикистон будан, шаҳрвандии Русияро низ доранд, нав нест. Соли 1995 Тоҷикистону Русия созишномаи душаҳрвандиро имзо карданд ва аз он замон то соли 2014 тахминан 300 ҳазор нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчунин шаҳрвандии Русияро пазируфт. Вале мушаххас нест, ки чӣ теъдоде аз онҳо аз шаҳрвандии Тоҷикистон комилан даст кашиданд. Ҳамчунин маълум нест, ки аз ин шумор чӣ теъдодашон корманди сохтори давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ҳастанд.

Коршиносон мегӯянд, ки як сабаби рӯ ба шаҳрвандии Русия овардани ин гурӯҳи тоҷикистониён – меҳр ва садоқат ба Русия аст, ки аз замони шӯравӣ маншаъ мегирад. Бисёр кормандони ҳифзи ҳуқуқ маҳз мактабҳои низомии Русияро хатм кардаанд. Сабаби на камтар муҳими дигар ин аст, ки нафақаи Русия назар ба нафақаи давлати Тоҷикистон барои кормандони ҳифзи ҳуқуқ баландтар аст ва ба хотири таъмини бекамбудии даврони пирӣ, бисёри онҳо тарҷеҳ медиҳанд, ки аз давлати Русия “даври пирӣ биронанд”.

Маҳмадалӣ Ватанзода.

Маҳмадалӣ Ватанзода.

Ҳоло маълум нест, ки дар сурати қабул шудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои нав, сарнавишти кормандони амалкунандаи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ чӣ мешавад. Маҳмадалӣ Ватанзода, ёвари раиси ҷумҳур ва намояндаи комилҳуқуқи президент дар порлумони Тоҷикистон дар шарҳи ин тағйирот ба қонун ба Радиои Озодӣ гуфт, ин афрод танҳо баъд аз комилан даст кашидан аз шаҳрвандии Русия ва нафақапулӣ, ҳаққи хизматчии давлатӣ шуданро соҳиб хоҳанд шуд.

Таҳлилгари сиёсӣ Рашид Ғанӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ қабули тағйиру иловаҳои навро ба қонун дар ин замина “мантиқӣ” номид. Вай гуфт, ки ин қонунҳо аз назари манфиатҳои миллии кишвар ва ҳам салоҳияту садоқати корманд ба давлату ҳукумат таҳрир дода мешаванд. Вай гуфт, теъдоди русҳои дорои душаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хеле кам буда, умдатан тоҷикон аз ин имтиёз бархӯрдор ҳастанд.

Абдулмалик Қодиров.

Абдулмалик Қодиров.

Абдумалик Қодиров, дигар коршиноси мустақил гуфт, ки вуҷуди атбои хориҷӣ ва шахсони дорои душаҳрвандӣ дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва амният, “ғайри қобили қабул аст”.

Ба эътиқоди ин коршиносон, ин тағйирот бояд пас аз эълони истиқлолият ворид шуда ва шаҳрвандони хориҷӣ аз ниҳодҳои амниятӣ, низомӣ ва интизомӣ ихроҷ мешуданд. Аммо ба далели камбуди кадрҳои омӯзишдидаю ботаҷриба дар солҳои 1990, давлати Тоҷикистонро водор карда буд, аз хизмат ва дониши афсарони низомии Русия истифода кунад.

Ҳукумати Русия як шарики стратегии Тоҷикистон, ки пойгоҳи 7-ҳазорнафарии низомиёнашро дар ҳудуди ин кишвар ҷой додааст, ба артиши Тоҷикистон бо техникаву мушовирони низомиаш кӯмак мекунад, вале ин мутахассисон дар тасмимгириҳо нақше надоранд. Зимнан, рӯзи 2 ноябр парлумони Тоҷикистон бо тағйироти нав ба қонун дар робита бо шаҳрвандии мақомот мувофиқат кард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG