Пайвандҳои дастрасӣ

Вазорати корҳои хориҷаи Русия ба таври расмӣ эълон кард, ки Қарордоди байни Русия ва Туркманистон дар бораи душаҳрвандӣ эътибори худро аз даст додааст.

Бо дархости Туркманистон, ки қарордоди душаҳарвандӣ бо Русияро тамдид накард, ин созишномаи 23 декабри соли 1993 сар аз 18 майи соли 2015 беэътибор шуд.

Дар хабари Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфта шудааст, ки ин қарордод ҳар 5 сол ба таври автоматӣ тамдид мешавад, ба шарти ин ки ҳеҷ як аз тарафҳо дар бораи баромадан аз қарордод пешакӣ хабар надиҳад. Акнун Русия танҳо бо Тоҷикистон қарордоди душаҳрвандӣ дорад.

18 майи соли ҷорӣ эътибори ин қарордорд ба поён расид ва Туркманистон эълон кард, ки намехоҳад, мӯҳлати ин қарордод тамдид шавад. Дар мусоҳибае бо Евгений Гречихин, ҳуқуқдон ва коршиноси умури байналмилалӣ, ки худ низ шаҳрвандии Русия ва Туркманистонро дорад, пурсидам, чаро Туркманистон аз душаҳрвандӣ бо Русия даст кашид?

Гречихин: Туркманистон барои он аз ин қарордод баромад, ки худаш онро мехоҳад ва дар оянда ин қарордодро барои худ қобили қабул намедонад. Вале он дар чаҳорчӯбаи муқаррароти байналмиллалӣ анҷом гирифтааст. Дар қарордод ҳам пешбинӣ шуда буд, ки ҳар яке аз ҷонибҳо метавонад ихтиёрӣ аз ин қарордод хориҷ шаванд, агар зарурате барои он набинад. Фақат барои баромадан аз қарордод, бояд шаш моҳ пеш тарафи дигарро огаҳ созад. Барои ҳамин аз тарафи Туркманистон дар ин маврид ҳеҷ қонуншиканӣ дида намешавад.

Озодӣ: Шумо фикр намекунед, ки ин иқдоми Туркманистон ангезаҳои сисёсӣ дорад ва мехоҳад, ки аз Русия худро дур нигоҳ дорад ва ба ин тартиб дар баробари барномаҳои ҷоҳталабонаи Русия дар минтақа дар канор бимонад?

Гречихин: Ман фикр мекунам, ки ангезаҳои сисёсӣ вуҷуд надорад ва бо Русия ягон баҳсе матраҳ нест. Агар мо каме ба солҳои пеш нигоҳ кунем, мебинем, ки Туркманистон 9 июни соли 1999 аз Қарордоди бидуни раводид ё визои кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ хориҷ шуда буд. Ин қарордодро бо номи қарододи Бишкек мешиносанд. Баъд аз 9 июни соли 1999 то ҳол шаҳрвандони кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ барои сафар ба Туркманистон раводид мегиранд. Бидуни раводид шаҳрвандони ин кишварҳоро ба қаламрави худ роҳ намедиҳад ва онро барои худ кори дуруст медонад. Ҳеҷ як аз ин кишварҳо ба Туркманистон бадӣ намехоҳанд ва зарар ҳам намеоранд. Ин мустақилияти ҳар кишвар аст ва ман дар ин кор ангезаи сисёсиро намебинам. Ақидаи шахсии ман ин аст, ки Русия Туркманистонро 3-4 сол пеш аз даст дода буд. Он вақт Туркманистон мавзеъгириашро барои судури газ ба Чин тағйир дода буд.

Озодӣ: То ҳол шахсоне ки душаҳрвандӣ доштанд, аз имтиёзҳои Русия ё Туркманистон истифода мекарданд. Масалан, афсарони ниҳодҳои интизомӣ аз Русия нафақа мегирифтанд. Акнун онҳо онро аз даст медиҳанд?

Гречихин: Не, ман шаҳрвандии ду кишварро дорам ва имтиёзҳои худро аз даст намедиҳам. Душаҳрвандии ман боқӣ мемонад, аз дигарон ҳам ҳамин тавр. Дар кадом кишваре, ки зиндагӣ мекунанд, аз имтиёзҳои он бархӯрдор хоҳанд буд. Шиносномаҳои дуввуми худро намесупоранд. Вале ононе, ки дар оянда дархости шаҳрвандӣ мекунанд, бояд аз шаҳрвандии яке аз ин ду кишвар даст кашанд. Дар оянда дигар душаҳрвандӣ намедиҳанд. Дар қонун омадааст, шахсе ки душаҳрвандӣ дорад, наметавонанд вайро аз душаҳрвандии ин ду кишвар маҳрум кунанд. Маҳрум кардани душаҳрвандӣ танҳо дар қонунҳои Беларус сабт шудааст.

Озодӣ: Дар доираҳои расмии Русия ин иқдоми Туркманистонро чӣ тавр арзёбӣ мекунанд?

Гречихин: Доираҳои расмии Русия дар бораи ин қарордод дар ҷое изҳори ақида накардаанд. Аз 18 май қарордоди душаҳрвандӣ бо Туркманистон беэътибор шуд. Касе, ки хоҳад шиносномаи дуввуми худро месупорад. Касе нахоҳад, нигоҳ медорад ва он соҳиби эътибор хоҳад буд. Дар қонун ин кор пешбинӣ шудааст. Лекин ман то ҳол дар интернет ё дар матбуот надидаам, ки дар ин бора мақомоти расмии Русия изҳори назар карда бошанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG