Пайвандҳои дастрасӣ

Се қочоқчии афғон дар Душанбе маҳкум ба зиндон шуданд


Шаҳрвандони афғон барои қочоқи 83 кило маводи мухаддир дар Тоҷикистон маҳкум ба зиндон шуданд

Шаҳрвандони афғон барои қочоқи 83 кило маводи мухаддир дар Тоҷикистон маҳкум ба зиндон шуданд

Додгоҳи шаҳри Душанбе се шаҳрванди Афғонистонро бо ҷурми қочоқи 83 кило ҳашиш аз 15,5 то 16 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Додгоҳи шаҳри Душанбе се шаҳрванди Афғонистонро ба иттиҳоми қочоқи 83 кило маводди мухаддир ба муддатҳои аз 15-уним то 16 сол маҳкум ба зиндон кард. Абдуманнон Бозоров, додраси ин парванда, 11 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин афрод Рӯзӣ Муҳаммад, Гадо Муҳаммад Шероғо ва​ ​Кишвар валади Ҷаъфар буда, қасд доштаанд аз ҳисоби фурӯши ин миқдор маводи мухаддири навъи ҳашиш 6 ҳазор доллар ба даст оранд.

Боздошти ин се қочоқчии афғон моҳи августи соли ҷорӣ дар Душанбе ба ҳангоми фурӯши 3 халта маводи мухаддир сурат гирифтааст.

Ҳарчанд қочоқбарон сокинони шимоли Афғонистон будаанд, вале Гадо Муҳаммад Шероғо ва Кишвар валади Ҷаъфар бо занҳои тоҷик издивоҷ карда, бештари вақт дар Тоҷикистон ба сар мебурдаанд.

Дар ҳамин ҳол, масъулони сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон гуфтанд, ки феълан беш аз 100 тан аз атбои афғон дар зиндонҳои Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешаванд, ки умдатан ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ва убури ғайриқонунӣ аз марзи Тоҷикистон ва Афғонистон зиндонӣ шудаанд. Муҳаммадзоир Ясталӣ, консули Сафорати Афғонистон 11 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси мувофиқатномае, ки дар соли 2007 миёни вазоратҳои умури хориҷаи Тоҷикистон ва Афғонистон имзо шуда ва аз сӯи парлумонҳои ҳар ду кишвар тасвиб шуда буд, шаҳрвандони афғон аз зиндонҳои Тоҷикистон ба маҳбасҳои Афғонистон истирдод мешуданд.

Аммо ба гуфтаи ҷаноби Ясталӣ, пас аз истирдоди 14 маҳбуси афғон ба шаҳри Кобул дар рӯзи 16 майи соли 2013 ин раванд мутаваққиф шудааст. Он замон Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз озодии 10 шаҳрванди ин кишвар аз зиндони Пули Чархии Кобул ва ба ватан бозгаштани онҳо хабар дода буд.

Муҳаммадзойир Ясталӣ, консули Сафорати Афғонистон ибрози умедворӣ кард, ки мақомоти Тоҷикистону Афғонистон иҷрои мувофиқатномаи дуҷониба дар мавриди истирдоди маҳбусонро таҳти назорат гирифта ва раванди интиқоли маҳбусони афғон аз Тоҷикистон ба зиндонҳои Афғонистон аз сар гирифта хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG