Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажуҳиш: Шумораи маҳкумшудагон барои ҷиноятҳои мухаддиротӣ афзудааст


Тибқи як пажуҳиш, соли гузашта дар Тоҷикистон касоне, ки барои ҷиноятҳои мухаддиротӣ аз озодӣ маҳрум шудаанд, дар қиёс ба як соли пеш 14,6 дарсад афзудааст.

Дар ин бора оморе ҳикоят мекунад, ки ахиран шӯъбаи таҳлилии Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ироа кардааст.

Бар пояи ин пажуҳиш, дар маҷмӯъ соли 2012 дар Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои умумӣ 8467 нафар маҳкум шудаанд.

Аз ин теъдод шумораи маҳкумшудагон ба ҷиноятҳои вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир 1054 нафар будааст, ки он ҳафт дарсад бештар аз соли 2011 аст.

Тибқи ин пажуҳиш, сар аз соли 2009 теъдоди занони маҳкумшуда барои ҷиноятҳои мухаддиротӣ рӯ ба коҳиш овардааст. Аммо шумораи ин гуна афрод аз ҷумлаи касони қаблан доғи судидошта, собит боқӣ мондааст.

Ҳамзамон дар соли 2012 теъдоди афроде, ки додгоҳҳои кишвар онҳоро барои такрори ҷиноятҳои мухаддиротӣ аз озодӣ маҳрум кардаанд, 47 дарсад коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон як роҳи аслии транзити маводи мухаддири афғонӣ ба Русия ва дигар кишварҳои Аврупо дониста мешавад ва соли 2012 дар кишвар аз ҷониби ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ тақрибан 6 тонна маводи мухаддир кашфу забт шудааст.

Соли гузашта дар як арзёбие, ки коршиносони Муассисаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва ҷинояткории Созмони Милал анҷом додаанд, гуфта шудааст, бештар аз нисфи маводи мухаддире, ки аз Афғонистон ба Русия ва кишварҳои Аврупо меравад, аз тариқи қаламрави Тоҷикистон мегузарад.

Ба гуфтаи муаллифони ин гузориш, соли 2010 аз тариқи қаламрави Тоҷикистон аз 75 то 80 тонна ҳероин ва аз 18 то 20 тонна афюн қочоқ шудааст, агарчӣ мақомоти расмӣ мегӯянд, ин омор муболиға аст.
XS
SM
MD
LG