Пайвандҳои дастрасӣ

Агар панҷ-шаш сол пеш мақомоти Тоҷикистон аз мӯътод шудани ҷавонон изҳори ташвиш мекарданд, ҳоло мегӯянд, нашъамандӣ майли пиршавӣ дорад ва синни бештари нашъамандон аз 40 болост.

Як марди 40-солаи тоҷик, ки қомати шикаста ва ранги заҳир дорад, мехоҳад даст аз одати баде бардорад, ки 20 соли умрашро хазон кардааст. Бист соли мӯътодӣ рӯзгори Шамшодро сияҳ кард. Ин мард ба фарқ аз ҳамсолони дигараш, на набера дорад, ки ӯро навозиш кунад ва на духтаре, ки бо шукӯҳу шодмонӣ ба хонаи шавҳар бифристад.

Дар ҳоле ки бархе аз ҳамсолони Шамшод, ин марди мӯътоди маводи мухаддир, мансабҳои бузуругу хонаҳои бодабада доранд, ӯ дар кунҷи хонаи вайронаи падарӣ талоши кӯчаке барои оғози зиндагии тозаеро дорад. Зиндагии ӯ 20 соли пеш дар ҳоле ба ҳам хӯрд, ки Шамшод дар як шабнишӣ хост, "табъашро болида" кунад. Аммо ҳавову ҳаваси чандлаҳзагӣ ӯро ду даҳсола пойбанди маводи мухаддир кард.

Шамшод мегӯяд, нерӯе, ки ҳоло ба тарки одат такон додааст, сарнавишти бачаи дусолааш аст, кибояд тарбия ва бузургаш кунад. Ин аввалин талоше нест, ки Шамшод барои раҳо шудан аз маводи мухаддир анҷом додааст. Ӯ дар гузашта низ ин талошҳоро таҷруба карда буд.

"Падару модарам 3 - 4 бор кӯшиш карданд, дар беморхона хобонданд, вале бо берун шудан аз ин ҷо боз ба ҳамон роҳ мерафтам. Саҳар, вақте аз хоб мехестам дар фикри пулёбӣ ва харидани нашъа будам. Аслан худам нашъаманд, вале ба ин хулоса омадам, ки нашъа одамро ба пастӣ мебарад, одамони наздики худро фиреб мекунӣ, аз боварии ҳама мебароӣ, ҳатто ҷинояткор мешавӣ," – нақл кард Шамшод.

Агар панҷ-шаш соли пеш мақомоти Тоҷикистон аз мӯътод шудани ҷавонон нигаронӣ мекарданд, акнун мегӯянд, нашъамандӣ дар кишвар тамоюли пиршавӣ дорад ва аксар нашъамандон мисли қаҳрамони мо – Шамшод афроде ҳастанд, ки синнашон аз 40 ба болост.

Бино ба иттилои расмӣ, ҳоло 30 - 35 дарсади нашъамандон, аз 18 то 30 сол доранд ва ҳудудан 65 дарсад аз 35 то 45-солаанд. Аз пиршавии нашъамандӣ, масъулини Оҷонси назорат бар маводи мухаддир дар мулоқоте бо 400 ҷавони тоҷик хабар доданд. Фирдавс Рӯзиев, нозири калони Оҷонсии назорати маводи нашъаовар дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пир шудани нашъамандиро онҳо тавассути омор ва сӯҳбат бо мӯътодон муайян кардаанд.

"Аслан сол то сол мӯътодшавӣ дар кишвар коҳиш меёбад ва боис ба хушҳолӣ ҳам ҳаст, ки дигар ин маризӣ тамоюли пиршавӣ дорад. Дар миёни беморон, ҳоло онҳое, ки бори аввал нашъа истифода мекунанд, каманд. Ҷавонон ҳоло дигар аз оқибатҳои нашъамандӣ огоҳанд. Он ҷавононе ҳам, ки ҳоло мӯътоданд, ба истеъмоли бангдона, ки нисбат ба нашъаи навъи ҳероин сабуктар аст, вобастагӣ доранд," – афзуд ӯ.

Расман теъдоди нашъамандон дар Тоҷикистон бештар аз 7 ҳазор гуфта мешавад. Шумори мӯътодон дар пойтахт ба фарқ аз дигар шаҳру навоҳии кишвар бештар, яъне беш аз 3 ҳазор будааст.

Гирифторони нашъамандӣ дар Тоҷикистон маводи мухаддирро аз нашъафурӯшҳо харидорӣ мекунанд. Бо он ки пулис мегӯяд, онҳоро пайваста таъқиб мекунад, аммо ин гуна афрод дар бисёр кӯчаву маҳаллаҳо фурӯши нашъаро ба роҳ мондаанд.

Масъулони Оҷонсии зидди маводи мухаддир мегӯянд, ки торафт сахттар шудани назорат аз гардиши маводи мухаддир, тарғиби зарари нашъамандӣ ва тарзи ҳаёти солим миёни ҷавонон, ба коҳиши нашъамандӣ мусоидат кардааст. Сайрами 35-сола ҳам, ки таҷрибаи 15-солаи мӯътодӣ дорад, ба ин бовар аст, ки ҳоло ҷавонон дар робита бо нашъамандӣ маълумоти зиёд доранд, вале замоне ки ӯ аввалин бор бо тавсияи дугонаҳояш маводи мухадирро чашид, 16 сол дошт ва намедонист, ки ба кадом кӯча ворид мешавад. “Барвақт бесаробон мондему ба ҳамин роҳ рафтем. Агар он замон ягон кас бароям аз оқибатҳои ин беморӣ ва дарду “ломка” мегуфт, шояд дигар ба ин роҳ намерафтам,” – гуфт Сайрам.

Сайрам солҳои аввал тавассути сигор нашъа мекашидааст, аммо баъдан дигар аз ин роҳ қонеъ нашудаву ба сӯзандору гузаштааст. Писараш медонад, ки модар нашъаманд аст, вале барои кумак ба ӯ оҷиз аст. Бо Сайраму Шамшод мо дар маркази наркологии Душанбе сӯҳбат кардем. Онҳо, ки дигар иродаашонро маводи мухаддир шикаставу кӯшиши табобат намекунанд, мехоҳанд ҳероинро ҳадди аққал бо метадон, як навъи маводи синтетикӣ иваз кунанд.

Метадон ҳам аз рӯи як барномаи вижа дар маркази наркологӣ ба нашъамандон ройгон дода мешавад. Шамшод мегӯяд, аксаран муътодоне, ки дигар роҳе барои табобат надоранду аз дарёфти ҳероин ҳам мушкил мекашанд, аз ин нӯшдору истифода мекунанд: ”Метадон беморро аз азоби хумори нашъаву сӯзанзанӣ, пулкобиву содир намудани ҷиноят наҷот медиҳад. Ҳар рӯз омада метадон мегирему меравем. Дигар пуламон ба ҳероин сарф намешавад.”

Ҳарчанд назарҳо дар мавриди истифодабарӣ аз метадон - як навъи маводи хуморшиканмухталиф аст, аммо мусоҳибони мо - нашъамандоне, ки қисми зиёди умри худро дар пайи дарёфти нашъа гузарондаанд, мегӯянд, умед доранд оҳиста- оҳиста тавассутион метавонанд хумору вобастагӣ ба нашъаро аз худ дур кунанд ва ба зиндагии солим баргарданд. Ҳарчанд мегӯянд онҳо, дигар ҳеҷ давое наметавонад орзуҳои шикаста ва ҷавонии барбодрафтаашонро баргардонад, аммо ҳадди ақал мехоҳанд, пиронсолии худро дар ҷомеа ҳамчун одами солим бигузаронанд ва аз фарзандони ҳоло кӯчакашон ҳам оянда чун “фарзанди падар ё модари нашъаманд” ном набаранд.

XS
SM
MD
LG