Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулони Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон дар Душанбе хонаеро ошкор кардаанд, ки аз сӯи як зан ба иҷора гирифта шуда, ҳар рӯз то ҳашт ҷавонро бо ҳероин ва афюн "меҳмондорӣ" мекардааст.

Маъмурони Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон як манзилеро дар маҳалли 33-юми шаҳри Душанбе ошкор кардаанд, ки ҳар рӯз то ҳашт ҷавони аз бист то сисоларо бо ҳероину афюн "меҳмондорӣ" мекардааст. Хушнуд Раҳматуллоев -- сухангӯи Оҷонсӣ рӯзи 2 август дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин хонаро баъд аз шикояти сокинон ошкор кардаанд.

"Гурӯҳи фаврии мо хабар дарёфт кард, ки дар яке аз хонаҳои пойтахт шаш-ҳафт нафар ҷамъ омада, сипас, дар ҳоли мадҳушӣ аз он ҷо баромада мераванд. Кормандони Оҷонсӣ тасмим гирифтанд, ки хонаро тафтиш кунанд ва баъдан ҳақиқатро бо чашмони худ диданд," -- афзуд Раҳматуллоев.

Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, ин хона аз сӯи як зани 25-солаи соҳиби ду фарзанд ба иҷора гирифта шуда ва мавриди истифодаи нашъамандон қарор доштааст. Ӯ илова кард, ҳангоми тафтиши хона аз он ҷо чанд сӯзандору ва ҳероин ҳам пайдо намудаанд. "Ҳамаи "меҳмонҳо" дар ҳолати мадҳушӣ аз маводи мухаддир буданд," -- гуфт Хушнуд Раҳматуллоев.

Ҳоло дар робита ба қазия як сокини пойтахт, ки ба далели халал нарасондан ба кори тафтишот аз ӯ ном бурда намешавад, барои дастрас кардани маводи мухаддир ба “меҳмонҳо”-и ин хона боздошт шудааст. Мақомот мегӯянд, алайҳи ин сокини пойтахт ва зани 35-сола бар асоси моддаи 205-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "ташкил ё нигоҳдошти фасодхона барои истеъмоли маводи нашъадор ва ё моддаҳои психотропӣ" ифтитоҳ шуда, тафтиш идома дорад.

Расман теъдоди нашъамандон дар Тоҷикистон бештар аз 7 ҳазор гуфта мешавад ва шумори мӯътодон дар пойтахт ба фарқ аз дигар шаҳру навоҳии кишвар бештар, яъне беш аз 3 ҳазор будааст. Бино ба иттилои расмӣ, ҳоло 30 - 35 дарсади нашъамандон, аз 18 то 30 сол доранд ва ҳудудан 65 дарсад аз 35 то 45-солаанд.

Гирифторони нашъамандӣ дар Тоҷикистон маводи мухаддирро аз нашъафурӯшҳо харидорӣ мекунанд. Бо он ки пулис мегӯяд, онҳоро пайваста таъқиб мекунад, аммо ин гуна афрод дар бисёр кӯчаву маҳаллаҳо фурӯши нашъаро ба роҳ мондаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG