Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шикояти ронандагон аз ширкати IRS (ВИДЕО)


Ронандагони мошинҳои боркаш шикоят доранд, ки масъулони ширкати IRS барои бори изофӣ дар нуқтаҳои пулчинии роҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ аз онҳо "ҷарима"-и зиёд меситонанд.

Ронандагони мошинҳои боркашон дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ аз ширкати Innovative Road Solution (IRS) – масъули пулчинӣ дар ин шоҳроҳ - шикоят доранд, ки дар шоҳроҳ тарозуи нав насб карда аз онҳо ҷаримаҳои ҳангуфт меситонанд.

Ширкати IRS бо насби тарозуи нав дар километри 39-уми ин шоҳроҳ меъёри боркашониро шадидтар кардааст, ки дар натиҷа аксарияти комюнҳои боркашон пас аз гузаштани ин тарозу маҷбуранд ба ин ширкат "ҷарима" пардохт кунанд.

Шокир Нуруллоев, ронандаи мошини боркашони “Дулан”, ки аз самти Хуҷанд ба Душанбе ҳаракат мекард, рӯзи 13-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қаблан ширкат барои ҳар як ғилдираки мошин (мост) то 10 тонна борро иҷозат дода буд. Вай гуфт: “Ҳоло барои ҳар як мости мошин 9 тонна бор иҷозат додаанд. Масалан мошини мо бояд аз 19 тонна бор зиёд нагирад. Агар мо бо 19 тонна бор биёем, хароҷоти роҳро намепӯшонад. Бинобар ин, мо ду роҳ дорем: яке ин ки бори зиёдтар гирифта, ба IRS ҷарима диҳем ва дуввум ин ки бори камро бо нархи зиёдтар биёрем. Аз ду сар вазнинӣ ба мардум меафтад, чунки нархи маҳсулот қимат мешавад.”

Мо ҳамроҳи Шокир Нуруллоев ва мошинаш аз мавзеи Ҳушёрӣ ба самти Душанбе роҳсипор шудем. Тарозуи ширкати IRS вазни ин комюнро 65 тоннаву 780 килограмм муайян ва ҷаримаи бори изофаашро 1481 сомонӣ муқаррар кард.

Дар чанд дақиқаи ҳузури мо дар назди тоблуи тарозуи IRS ҳадди ақал панҷ мошини борбар аз 300 то 1500 сомонӣ ҷарима шуданд.

Нуқтаи пулчинии "Ҳушёрӣ"

Нуқтаи пулчинии "Ҳушёрӣ"

Бино бар нишондоди варақаи ширкати IRS, ки мо аз идораи марказии он дар Душанбе дастрас кардем, ҳадди аксари вазни умуми мошинҳо набояд аз 50 тонна бештар бошад. Аммо ронандагон мегӯянд, моликони комюнҳо онҳоро барои бурдани бори бештар водор мекунанд, чунки дар ғайри ин хисорот мебинанд.

Далери Абдулло, котиби матбуотии ширкати IRS дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар ин робита гуфт, ки қаблан ҳаҷми умумии вазни мошинҳо 40 тонна муқаррар шуда буд, аммо ширкат ба нафъи ронандагон ин меъёрро то ба 50 тонна боло бурд: “Дар баъзе қисматҳои шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ алакай вайроншавии роҳ мушоҳида мешавад. Нафари бо таҷрибаи ҷаҳонӣ ошно медонад, ки ин талабот дар дигар кишварҳо низ роиҷ аст ва натиҷаи хуб ҳам ба бор оварда истодааст. Натиҷаи хуб ин пешгирии вайроншавии роҳҳо аст. Ин сару садоҳо, ки ин муқаррароти мо танҳо баҳри пулкоркунӣ аст, асос надорад.”

Аммо ронандагон мегӯянд, агар ширкати IRS баҳри ҳифзи роҳ аз вайроншавӣ талош мекард, чаро тарозуро қариб дар охири роҳ ҷой додааст ва танҳо вақте аз мошинҳо ҷарима меситонад, ки онҳо бо бори “изофӣ” алакай аксарияти роҳи пулакиро убур кардаанд? Ба таъкиди ҳамсӯҳбатони мо, мошинҳо аксаран аз Хуҷанд бор гирифта ба самти Душанбе ва ҷануби кишвар мебаранд, аммо IRS дар оғози роҳ мошинҳоро бо бори аз ҳад беш аз ҳаракат боз намедорад ва танҳо дар анҷоми роҳ аз ронандагон ҷаримаҳои ҳангуфт меситонад.

Ронандагон мегӯянд, мантиқан аз ин амалкарди IRS мешавад хулоса кард, ки ин ширкат на барои нигоҳдории роҳ, балки баҳри бештар ҷарима ситонидану пул кор кардан тарозуро насб кардааст.

Аммо масъулони IRS мегӯянд, пуле ки онҳо аз ронандагон барои бори изофагӣ меситонанд, “ҷарима нест, чунки онҳо ҳаққи ҷарима карданро надоранд.” Мувофиқи қонунҳои Тоҷикистон танҳо намояндагони ваколатдори идораҳои давлатӣ аз ҳаққи ҷарима кардани шаҳрвандон бархӯрдоранд.

Ҳарчанд болои тарозу ин пул аз ҷайби ронанда супорида мешавад, аммо бори гарони ин ҷаримаҳоро дар ниҳояти амр сокинони оддӣ ҳангоми харидории маҳсулоте, ки аксаран тавассути ин шоҳроҳ оварда мешаванд, пардохт мекунанд.

Тоҷири орд дар бозори “Варзоб”-и Душанбе Ҳоҷӣ Нурулло мегӯяд, баъд аз насби тарозуи нав дар ин шоҳроҳ вай маҷбур шуд нархи ордро каме гарон кунад: “Пеш як халта ордро аз Хуҷанд то Душанбе бар ивази 8 сомонӣ меорварданд. Ҳоло ронандагон аз тарозуи нав шикоят доранд, ки ҷарима мекунад ва нархи боркашониро то 13 сомонӣ барои як халта қимат карданд. Мо низ маҷбурем, ки ин хароҷотро ба болои нархи орд зам кунем.”

Ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2009 ба асоси қонуни контсесионӣ назорати роҳи Душанбе - Чаноқро ба ихтиёри ширкати Innovative Road Solutions Ltd (IRS) дод. Ин ширкат ахири соли 2009 аз сӯи шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаи офшори Вирҷинияи Бритониё номнавис шудааст, аммо вақет масъулияти пулчинӣ дар роҳи асосии Тоҷикистонро гирифт, ҳанӯз дар роҳсозӣ ва роҳдорӣ таҷруба надошт.

Бо вуҷуди он ки ин роҳ аз панҷ сол бад-ин сӯ аз сӯи ширкати IRS назорат мешавад, то ба ҳол сару садоҳо дар бораи ғайриқонунӣ пулакӣ шудани ин роҳ ва кӣ будани молики аслии ин ширкат аз забонҳо наафтодааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG