Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд беш аз бист сокини вилояти Суғдро ба иттиҳоми узвият дар созмони дар Тоҷикистон фаъолияташ мамнӯи "Ансоруллоҳ" ба муддатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд авохири ҳафтаи гузашта 23 сокини шимоли Тоҷикистонро ба иттиҳоми узвият дар “Ҷамоати Ансоруллоҳ” ба зиндон маҳкум кард. Ба гуфтаи манобеъ аз додгоҳи шаҳри Хуҷанд, нафаре, ки раҳбари ин гурӯҳ дониста мешуд, ба 17,5 соли зиндон, 17 нафари онҳо ба 9.6 солӣ ва 4 каси дигар аз ин гурӯҳ барои 1 солӣ ба зиндон фиристода шуданд.

Додгоҳ раҳбар ва 18 аъзои ин гурӯҳро мутобиқи 3 банди Кодекси ҷиноӣ барои “ташкили иттиҳоди ҷиноӣ”, “ташкили иттиҳоди экстремистӣ”, “иштирок дар фаъолияти ташкилоти экстремистӣ” ва 4 нафарро танҳо барои “хабар надодан”, гунаҳкор донистааст.

Ин афрод аз авохири соли гузашта то авоили соли равон дастгир шуда ва тафтиши парвандаро мақомоти додситонӣ анҷом додаанд. Ба гуфтаи манобеи наздик ба тафтиши ин парванда, маҳкумшудагон сокинони ноҳияҳои Истаравшан, Конибодом, Спитамен, Бобоҷон Ғафуров мебошанд.

Муҳаббат Ҷӯраева, вакили дифои яке аз айбдоршудаҳои ин гурӯҳ мегӯяд, зерҳимояаш 33-сола буда, оиладор ва соҳиби 3 кӯдак мебошад. Вай дар замони тафтиш ва мурофиаи додгоҳӣ шомил шудану фаъолият доштанаш дар ҷамоати “Ансоруллоҳ”- ро бар дӯш гирифтааст. Ба гуфтаи ин вакили дифоъ, вале зерҳимояаш аз ноогоҳӣ ба ин созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон манӯъ пайваста ва аз ин кори худ сидқан пушаймон буданашро изҳор доштааст. Вале додгоҳ инро ба назар нагирифт ва ҷазои сабуктар ҳам таъин накард.

“Дар ҷараёни бозбинии додгоҳӣ бархе аз ин гурӯҳи 23 нафарӣ гуноҳи худ ва бо роҳи байъат кардан бо сардори гурӯҳ, шомил шудани худ ба “Ҷамоати Ансоруллоҳ” -ро ба гардан гирифтанд. Бархе комилан рад кардан ва гуфтанд, ки чунин созмонро аслан нашунидаанду намедонанд. Аммо додгоҳ ҳамаи онҳоро баробар, ба 9.6 сол маҳкум ба зиндон кард.” - афзуд вай.

Ҳукми додгоҳ алайҳи ин 23 сокини Суғд дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта додгоҳи шаҳри Исфара 10 сокини ин ноҳияро барои ҳамкорӣ бо ҳамин созмон ба 8 солу 6 моҳӣ, аз озодӣ маҳрум карда буд.

“Ҷамоати Ансоруллоҳ” як созмони тундравест, ки бовар меравад, ҷангиёни тоҷик соли 2006 баъди ҷудо шудан аз баданаи Ҳаракати исломии Узбакистон дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон таъсис додаанд. Раҳбари ин созмон Амриддин Табаров ном нафаре ном бурда мешавад, ки дарпоёни солҳои 90 сулҳи мухолифин бо ҳукумати Тоҷикистонро напазируфта, ба Афғонистон ва сипас ба Покистон фирор кардааст.

Бори аввал номи “Ансоруллоҳ” дар тирамоҳи соли 2010, дар пайи бар дӯш гирифтани масъулияти нахустин ҳамлаи маргталабон дар Тоҷикистон расонаӣ шуд. Ин гурӯҳ бо пахши як баёния дар сомонаи ҷудоиталабони чечен эълон кард, ки ҳамлаи интиҳорӣ ба шӯъбаи вижаи пулис дар шаҳри Хуҷандро нафари фиристодаи “Ансоруллоҳ” анҷом додааст.

Дар он ҳамла 3 тан кушта ва зери 30 кас, аксар афсарони идораи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд, захмӣ шуданд. Баъди хунсо кардани гурӯҳи Мулло Абдуллоҳ Раҳимов, як фармондеҳи собиқи мухолифин дар водии Рашт ҳам мақомот гуфта буданд, ки аз паноҳгоҳи ӯ гӯё парчами “Ҷамоати Ансоруллоҳ”-ро пайдо кардаанд.

XS
SM
MD
LG