Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши нави додхоҳии занони фархорӣ. Ин бор дар худи Фархор


Занони фархорӣ ҳангоми додхоҳӣ дар дафтари Озодӣ (акс аз бойгонӣ)
Занони фархорӣ ҳангоми додхоҳӣ дар дафтари Озодӣ (акс аз бойгонӣ)

Ба гуфтаи як сокини ҷамоати Ватани ноҳияи Фархор, кормандони милиса ба тақрибан 20 зани сокини ин ҷамоат иҷозат надодаанд, ки рӯзи 29 июл дар назди ҳукумати ноҳия ҷамъ шаванд.

Яке аз ин занҳо ба иллати боло рафтани фишори хунаш аз ҳуш рафтааст ва мақомот ӯро ба бемористон бурдаанд.

Моҳлиқо Каримова, яке аз сокинони ҷамоати Ватан, ба Озодӣ гуфт, онҳо бо шикоят аз қарори додситони ноҳия мехостанд ба ҳузури раиси Фархор даст биёбанд, вале кормандони милиса ва додситонӣ онҳоро пароканда кардаанд: «Он 20 зан ҳама гурехт ва ман, ки танҳо мондам, аз доду фарёди кормандони милиса фишорам боло гирифт ва аз ҳуш рафтам.»

Сайронбӣ Раҷабова, намояндаи ҳукумати ноҳияи Фархор, ки ин занро дар беморхона ҳамроҳӣ мекард, тасдиқ кард, ки як гурӯҳи занҳо дар назди ҳукумат ҷамъ шуданд, аммо Моҳлиқо Каримова дар онҷо беҳуш шуд. Навбаҳор Давлатова, ҳамшираи шафқат гуфт, иллати беҳушии ин зан фишори хун будааст, вале ӯ ҳоло ба худ омадааст.

Моҳлиқо Каримова мегӯяд, ахиран додситони ноҳияи Фархор дар посух ба аризаи онҳо навиштааст, азбаски заминҳое, ки ба онҳо ҷудо шуда буд, замини кишти обист, сохтани манзил дар инр заминҳо иҷозат дода намешавад. «Охир мо барои ин замин пул додем ва пули кам ҳам харҷ накардаем, ҳоло чӣ кунем? Алимардонов( муовини сарзвир Муродалии Алимардон – Озодӣ) ваъда дода буд, ки худаш омада масъалаи моро бо ягон роҳ ҳал мекунад, лекин як моҳ гузашт, аз вай дарак нест,» - мегӯяд Моҳлиқо Каримова.

Моҳлиқо Каримова яке аз 154 сокини ҷамоати Ватани ноҳияи Фархор аст, ки мақомот дар соли 2009 14,76 гектар заминро дар маҳаллаи Шаҳртеппа барои бунёди манзил ба онҳо тақсим карда буданд. Аммо ҳоло мақомоти маҳаллӣ тақсимоти ин қитъаҳоро ғайриқонунӣ хонда, пойдеворҳои бунёдкардаи сокинонро тахриб ва идомаи сохтмони манзил дар ин заминҳоро манъ кардаанд.

Гурӯҳе аз ин занҳо борҳо барои додхоҳӣ ба Кохи раёсати ҷумҳур ба ба додситонии кулл омаданд, вале талошҳояшон то ҳол натиҷае надодааст. Онҳо аз тариқи расонаҳо низ ба мақомот муроҷиат карданд, аммо аз додситонии кулл ва дастгоҳи президент мактуб гирифтаанд, ки асноди заминҳои онҳо қалбакӣ аст. Худи сокинон бар ин боваранд, ки як гурӯҳ, бо шумули мансабдорони вақти маҳаллӣ, онҳоро фирефта, заминҳоро ғайриқонунӣ ба онҳо фурӯхтаанд.

Ин занҳо мегӯянд, азбаски дар Фархор боз ҳам касе ба доди онҳо нарасид, онҳо маҷбуранд, барои додхоҳӣ дигарбора роҳи Душанберо пеш бигиранд.
XS
SM
MD
LG