Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозгашти телефони маъруфи Нокиа ба бозор (ВИДЕО)


Телефони ҳамроҳе, ки дар Тоҷикистон чормағзшикан ном мебурданд, дигарбора ба бозор баргашт.

Телефони Нокиа 3310, ки дар соли 2000-ум маъруфтарин телефон дар ҷаҳон буд бо рангу бори зеботар ва қудрати зиёдтар дар Конгресси ҷаҳонии телефонҳои ҳамроҳ дар шаҳри Барселона рӯзи якшанбе 27-уми феврал муаррифӣ шуд. Арто Нумелла, намояндаи ширкати HMD Global, зимни муаррифии Нокиа 3310 гуфт:

"Ҳаводоронаш мехостанд ва мо тасмим гирифтем, Нокиаро баргардонем. Иҷоза диҳед, Нокиа 3310-ро дигарбора муаррифӣ кунам. Батареяаш барои 22 соат сӯҳбат кофист. Даҳ баробар бештар аз телефони аслӣ. Мор ва мусиқии Нокиаро дорад."

Телефони Нокиа 3310 дар таърих яке аз 12 телефони серхаридор дар ба ҳисоб меравад. Ширкати собиқи финландӣ аз он 126 миллион дона фурӯхтааст ва шояд садҳо ҳазор донааш дар Тоҷикистон ба фуруш рафта бошад.

Нархи Нокиаи нав 52 доллар аст ва истеҳсолкунандагонаш умед доранд, дигарбора дили муштариёнро ба даст меоранд ва бахусус дар кишварҳои дар ҳоли рушд. Телефонҳо ҳушманд, ки ба бозор омаданд, ҷойи телефонҳои тугмаиро танг карданд ва ширкати Нокиа, як замон соҳиби аслии бозори ҷаҳонии телефони ҳамроҳро нуфузашро аз даст дод.

Соли 2014 Нокиаро ширкати Майкрософт харид ва он соли 2016 бо номи Эйч Эм Ди Глобал ба бозор баргашт ва ҳаққи истифода аз тамоми патентҳои Нокиаи собиқро дорад.

Телефони маъруфи Нокиа ба бозор баргашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:41 0:00

XS
SM
MD
LG