Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрванди Тоҷикистон бо имзои "Духтур" ба воситаи Радиои Озодӣ аз сафорати Тоҷикистон дар Русия хоҳиш кард, барои наҷоти 15 тоҷик, ки дар Ямани ҷангзада дармондаанд, мадад кунад.

Як шаҳрванди Тоҷикистон мегӯяд, ҳамроҳ бо ҳамватанонаш дар минтақаи Ҳазрамавти Яман дармондааст, ба Радиои Озодӣ номае фиристода, дар он аз Сафорати Тоҷикистон дар Маскав хоҳиш кардааст, ки даст ба наҷоти ӯ ва ҳамроҳонаш занад.

Дар нома омадааст: “Мо дар маҷмӯъ 15 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаи Ҳазрамавти Яман 7 мард, 3 зан ва 5 кӯдак дармондаем, дар минтақаи ҳамсояги мо Маҳра дар маҷмӯъ 14 нафар, аз ҷумла 3 кӯдак дармонданд. Аз ҳамин 29 нафар қариб 20 нафар ба Ватан баргаштанианд. Ман шахсан 4-5 маротиба ба сафорати Тоҷикистон дар Русия телефонӣ муроҷиат кардам, то бидонем, ки оё ягон нақша барои баровардани мо ҳаст. Ин минтақа ҳам фурудгоҳи байналмилаллӣ дорад ва хам дар шаҳри Мукалло бандари обӣ дорад”.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар нома аз худ ном набурдааст, пурсидааст, ки агар сафорат ягон нақшаи баровардани онҳоро надошта бошад, онҳо худашон роҳҳои дигари баромадан аз Яманро ҷустуҷӯ кунанд.

Вай навиштааст: “Ба сафорати Русия дар Яман муроҷиат кардем, мегӯянд, ки агар то Санъо биоед, мо ёрӣ мерасонем. Вале мо то шаҳри Санъо рафта наметавонем, 12 соат роҳ аст ва роҳҳо хатарноканд”.

Ба гуфтаи муаллифи нома, вазъ дар минтақаи онҳо низ рӯз то рӯз вазнин мешавад ва шояд роҳҳои баромад баста шаванд. Дар идомаи нома муаллиф роҳҳои беҳтари баровардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз минтақаи Ҳазрамавти Яманро пешниҳод кардааст: "Агар тариқи ҳавопаймо ё киштӣ аз шаҳри Мукалла эвакуатсия нашавад, мо метавонем, дар минтақаи Махра ҷамъ шавем, ки бо мамлакати Умон ҳамсарҳад аст ва 3-соата роҳ то ҳудуди Умон мебошад! Лекин дар Уман мо сафорат ё консулгарӣ надорем ва ба ин кишвар даромада наметавонем! Мо медонем, ки ин кори осон нест ва аз сафоратҳое, ки дар давлатҳои Халиҷанд хоҳиш мекунем, ки агар кӯмак карда метавонед, кӯмак кунед!"

Ин нома дар ҳоле расидааст, ки тайи рӯзҳои охир бо ёрии ҳавопаймоҳои Вазорати ҳолатҳои изтирории Русия 92 шаҳрванди Тоҷикистон аз Яман бароварда шуд.

Баровардани табибони тоҷик аз Яман баъд аз ҳамлаҳои ҳавоии Арабистони Саудӣ зидди ҳусиҳои шиъа, ки Санъо ва дигар манотиқи Яманро ишоғол кардаанд, сурат мегирад. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, баъд аз расонаӣ шудани шикояти шаҳрвандони кишвар аз вазъи нигаронкунандаашон дар ин кишвари арабӣ аз мақомот хост, аз ҳар роҳе онҳоро ба ҷои амнтар бикӯчонанд ва ё ба ватан бозпас оранд. Баъдан мақомоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон эълон карданд, Русия барои бозпас овардани шаҳрвандони кишвар аз Яман изҳори омодагӣ кардааст.

Ин дар ҳоле буд, ки қисме аз кормандони тиббии тоҷик мегуфтанд, хоҳиши рафтан аз Яманро надораенд. То оғози ҷанг дар Яман зиёда аз 300 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аксарашон табиб буда, тавассути ширкатҳои русӣ ба он ҷо роҳ ёфтаанд, машғули кору зиндагӣ буданд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG