Пайвандҳои дастрасӣ

Кушта шудани беш аз 50 тан дар ҳамла ба бемористонҳо дар Сурия


Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамла ба чанд бемористон ва мактаб дар шаҳри Ҳалаби Сурияро, ки боиси кушта шудани даҳҳо нафар шудааст, маҳкум кард.

Бар асари ҳамла дар шаҳри Ҳалаб ва атрофи он ба чанд бемористон ва мактаб, ҳудуди панҷоҳ нафар кушта шудаанд. Гуфта мешавад, ки ин ҳамлаҳоро нерӯҳои давлатии Сурия ва ҳавопаймоҳои ҷангии Русия анҷом додаанд.

Дар ин ҳамлаҳо ҳафт тан аз кормандони муассисаи байналмилалии "Табибони бидуни марз" кушта шуда ва ҳашт тани дигар то ҳанӯз нопадид ҳастанд.

"Табибони бидуни марз" таъйид кардааст, ки дар ҳамлаи ҳавоӣ ба як шифонаи ин созмон, ҳафт корманд ҷон бохтаанд. Муассисаи назорат бар ҳуқуқи башар Сурия мақараш дар Лондон гуфтааст, ки ҳавопаймоҳои Русия ин бемористонро ҳадаф қарор додаанд.

Созмони "Табибони бидуни марз" гуфтааст, бо онки аз ин ҳамлаҳо хеле мутаассир ҳастанд, аммо ба фаъолиятҳояшон дар Сурия идома хоҳанд дод. Созмони "Табибони бидуни марз" ҳамчунин иддао кардааст, ки ҳамлаи дирӯз барқасдона будааст ва сабабаш ҳам то ба ҳол маълум нест.

Дар як ҳамлаи дигар дар шаҳри Ҳалаб, як мушак ба бемористони кӯдакона бархӯрдааст, ки дар натиҷа панҷ нафар кушта шудаанд. Дар ҳамлаи савум ба як мактаб дар шимоли Сурия, ҳафт нафар ҷон бохтаанд.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки ҳадди ақал панҷоҳ тан рӯзи душанбе дар натиҷаи ҳамлаҳо ба панҷ муассисаи тиббӣ ва ду мактаб дар шимоли Сурия кушта шудаанд.

Ҳамла ба бемористони созмони "Табибони бидуни марз" дар Сурия, вокуниши тунди Аврупо ва Амрико дар пай дошт. Бан Ки Мун, дабири куллии Созмони Милали Муттаҳид ин ҳамлаҳоро нақзи ошкори қонунҳои байналмилалӣ донистааст.

Дар Вошингтон вазорати умури хориҷӣ ва дар Аврупо ҳамоҳангсози сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ҳамлаи рӯзи душанберо шадидан маҳкум карданд.

Дар ҳоле, ки ангушти иттиҳом ба Русия ба хотири ҳамла ба шифохонаи "Табибони бидуни марз" дар Сурия баланд шудааст, вазорати тандурустии Русия мегӯяд, ки ҳавопаймоҳои ин кишвар дар Сурия ҳеҷгоҳ ғайринизомиёнро ҳадаф қарор надодаааст ва танҳо пойгоҳҳои гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро нишон гирифтаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG