Пайвандҳои дастрасӣ

Аз 9 то 12 соли зиндон ба 13 таблиғгари ҷанг дар Сурия


Даромадгоҳи додгоҳи шаҳри Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ.

Даромадгоҳи додгоҳи шаҳри Хуҷанд. Акс аз бойгонӣ.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд 13 нафарро ба иттиҳоми таъсиси гурӯҳи мансуб ба "Ҷамоати Ансоруллоҳ" ва ҷалби ҷавонони тоҷик ба ҷанги Сурия, мутаносибан аз 9 то 12 сол ба ҳабс маҳкум кардааст.

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 16 феврал 13 нафар аз сокини Суғдро, ки барои таъсиси иттиҳодияи ҷиноӣ ва сарнагун сохтани сохтори қонунӣ муттаҳам мешуданд, равонаи зиндон кард. Мурофиаи додгоҳии ин афрод дар авоили моҳи ҷорӣ оғоз шуда буд.

Мурофиаи додгоҳии ин афрод дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд (СИЗО-2) баргузор шуд ва ду раҳбари ин гурӯҳи 13-нафара ба 12 соли зиндон ва афроди боқимонда мутаносибан аз 9 то 10 соли равонаи зиндон шудаанд. Маҳкумшудагон ҳама сокинони Конибодом ва танҳо як нафари онҳо аз Истаравшан мебошад.

Афроди маҳкумшуда аз 26 то 49 солаанд ва додгоҳ онҳоро дар маҷмӯъ мутобиқи се банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон 187, қисми 2 – “таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ” ва 307 -“даъвати оммавӣ ба роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохтори қонунии Тоҷикистон” ва 347- “ташкили иттиҳоди экстремистӣ”ва 195, қисми 2-“ ғайриқонунӣ доштани аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ”, айбдор кард.

Ба гуфтаи манобеъи наздик ба бозбинии ин парванда аз додгоҳи Хуҷанд, Нозим Неъматов, сокини Конибодом, ки ҷавонони ин маҳалиро барои иштирок дар ҷанги Сурия тарғиб мекард, нафарест, ки ба 12 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳ мегӯяд, вай авоили моҳи ноябри соли гузашта ҳини ба Сурия рафтан аз роҳи Қирғизистон, дар шаҳри Ҷалолободи он кишвар дастгир ва ба Хуҷанд оварда шуд. Додгоҳ Нозим Неъматовро барои “таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ” гунаҳкор донист.

Вале падари вай Носир Неъматов мегӯяд, писараш иттиҳомот алайҳи худро бепоя медонад: “Писарам дар мурофиа гуфт, ки вай ягон амали зараровар ё хиёнаткорона ба халқу ватанамон накардааст ва дар фикру хаёлаш ҳам набуду нест. Чунки падару модари пиронсолу 3 кӯдаки хурд дорад ва кору зиндагиаш барои таъмини рӯзгузаронии онҳо аст.”

Нозим Неъматов афзуд, писари 38-солааш аз синни 18-солагӣ дар ватан ҷои кор наёфта, аз роҳи мардикорӣ дар Русия рӯзӣ ба даст меовард ва саробонии оилаи худу волидайни пирашро бар дӯш дорад, вале додгоҳ зимни эълони ҳукм, инро ба назар нагирифт.

Назир Ортиқов, падари Наим Ортиқов, ягона сокини Истаравшан дар гурӯҳи 13-нафара дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Писарамро барои Конибодом рафтанаш дастгир ва айбдор карданд. Вай гуфт, ки вай узви ягон ҳизб ё созмоне нест. Намедонем барои чӣ он ҷо рафта буд.”

Ба гуфтаи Назир Ортиқов, писараш оиладор ва соҳиби 3 кӯдак буда, дар як дӯкони сабзавотфурӯшӣ дар Истаравшан кор мекард. Ва саводи пурраи диниву ихтисосе ҳам надоштааст.

Ин 13 сокини Суғд моҳи ноябри соли 2014 аз ҷониби кормандони шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати дохилии Тоҷикистон дар Хуҷанд дастгир шуда буданд. Тафтиши парвандаи онҳоро додситонии Суғд анҷом додааст. Ба гуфтаи додситотонӣ, онҳо дар ҳоле боздошт шуданд, ки баъди бозгашт аз муҳоҷирати корӣ, ба ҷамъоварии маблағ барои фиристодани ҷавонон ба ҷанги Сурия, машғул будаанд.

Ба гуфтаи манобеъ дар додситонии Суғд, раҳбарии ин гурӯҳро раҳбари маҳаллии “Ҷамоати Ансоруллоҳ“ Наҷмиддин Шамсиев, сокини ноҳияи Истаравшан бар дӯш доштааст. Вай 28-сола буда, ҳангоми ҷустуҷӯ кормандони пулис аз манзили зисташ ду туфангча, 85 дона тир ва як садонишон (глушител) дарёфт ва мусодира кардаанд.

Бино ба гуфтаи ин манбаъ, яке аз айбдоршавандаҳо сокини ноҳияи Конибодом-Акмал Шукуров ки бо Наҷмидин Шамсиев ошноӣ доштааст, бо тавсияи вай ба даъвати ҷавонони ин маҳал барои узвияти ин гурӯҳ машғул будааст. Вай автомобили “Мерседес”-и худро фурӯхта, 6 ҳазору 300 доллар маблағи онро ба хазинаи ин гурӯҳ додааст.

Бино ба иттилои шӯъбаи тафтиши парвандаҳои махсусан муҳим дар додситонии Суғд, аз моҳи сентябри соли гузашта ба ин сӯ алайҳи ҳудуди 60 сокини вилояти Суғд, умдатан аз шаҳру навоҳии Панҷакент, Спитамен, Исфара, Истаравшан ва Хуҷанд дар иртибот ба таъсиси гурӯҳҳои вобаста мансуб ба ҲИУ ва “Ҷамоати Ансорулоҳ” ва ҷалби одамон барои иштирок дар ҷанги Сурия, 12 парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

"Ҷамоати Ансоруллоҳ" як созмони тундрави мазҳабист, ки бори аввал дар соли 2010, дар як ҳамлаи маргталабона алайҳи як воҳиди вижаи пулис дар шаҳри Хуҷанд аз худ дарак дод. Ин гурӯҳ масъулияти нахустин ҳамлаи интиҳорӣ дар қаламрави Тоҷикистонро, ки 3 кушта ва зери 30 захмӣ ба ҷо гузошт, бар ӯҳда гирифт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG