Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо сафири Узбакистон


Сироҷиддин Аслов бо Шоҳқосим Шоҳисломов
Сироҷиддин Аслов бо Шоҳқосим Шоҳисломов

Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, бо Шоҳқосим Шоҳисломов – сафири Узбакистон дар Душанбе – мулоқот кардааст. Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷӣ гуфт, ки ин мулоқот рӯзи 25 феврал доир шуда, вале ҷузъиёташро ошкор нанамудааст.

Бар асоси иттилоияи расмӣ, "ҷонибҳо вобаста ба вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуданд."

Баъди даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон, дар моҳи сентябри соли гузашта муносибати Душанбеву Тошканд ба марҳилаи нав ворид шудааст. Дар ин муддат, инчунин, тарафҳо тавофуқ карданд, ки парвозҳо миёни ду кишвар аз сар гирифта шавад. Аммо парвози нахустин ва мунтазами ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон ба пойтахти Узбакистон дар рӯзи 20 феврал анҷом нашуд.

Мақомоти "Сомон Эйр" гуфтанд, ки фурудгоҳи Тошканд барои қабули ҳавопаймоҳояшон омода набудааст. Ба дунбол ширкати "Узбекистон ҳаво йуллари" бо нашри изҳороти расмӣ гуфт, санадҳои зарурӣ барои анҷоми анҷоми парвоз дар вақташ дастрас нашуд ва барои ҳамин ин мушкил пеш омад. Ҷонибҳо мегӯянд, ҳоло масъала дар дасти баррасист.

XS
SM
MD
LG