Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонги изтироб дар пойгоҳи 201 ва машқҳои зиддитеррор дар Лоҳур


Сарбози пойгоҳи 201 ҳангоми тамрини низомӣ. Акс аз бойгонӣ
Сарбози пойгоҳи 201 ҳангоми тамрини низомӣ. Акс аз бойгонӣ

Субҳи 6 октябр беш аз 1000 аскару афсари пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистонро барои як машқи зиддиттерростӣ бо бонги изтироб ба по хезонданд.

Рӯзи 6 октябр дар машқгоҳи низомии Лоҳур, дар тақрибан 20-километрии ҷанубуғарби Душанбе машқҳои тактикии нирӯҳои пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон оғоз ёфтааст. Ярослав Рошупкин, сухангӯи ҳавзаи низомии марказии артиши Русия, ки пойгоҳи 201 тобеъи ҳамин ҳавза аст, ба хабаргузории русии ИТАР-ТАСС гуфтааст, ҳадаф аз ин машқҳо тамрини шеваҳои рафъи ҳамлаи гурӯҳҳои шартии террористӣ буда, субҳи 6 октябр барои ширкат дар ин машқҳо беш аз 1000 сарбози пойгоҳи Русияро бо бонги изтироб ба по хезондаанд. Ярослав Рошупкин ҳамчунин гуфт, “дар ин машқҳо воҳидҳои итрандози савора, тонкӣ, иктишофӣ, тӯпхонаҳо, ҳамчунин беш аз техникаи низомӣ ҷалб шудаанд.”

Пойгоҳи 201 бо беш аз 6 000 аскару афсараш бузургтарин пойгоҳи нирӯҳои заминии артиши Русия дар хориҷ ба шумор меравад. Гарнизонҳои ин пойгоҳи низомӣ дар Душанбе, Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа мустақар шудаанд. Тибқи созишномаи соли 2012, замони ҳузури ин пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон дастикам то соли 2042 тамдид шудааст.

Русия дар Тоҷикистон "Армагеддон" хоҳад сохт

Мақомоти низомии Русия мегӯянд, ки Русияву Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тамрингоҳ (полигон)-е хоҳанд сохт, ки нирӯҳои ҳарду кишвар дар он муштаракан машқ хоҳанд кард. Ҳавзаи марказии низомии артиши Русия хабар дод, ки Русия барои тарбияву тамрини воҳидҳои низомии Тоҷикистону Русия дар таҷҳизонидани тамрингоҳи наве бо номи "Армагеддон" дар вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон ба ин кишвар дасти ёрӣ дароз мекунад. Ярослав Рошупкин, сухангӯи ҳавзаи марказии низомии артиши Русия гуфтааст, ки ин мавзӯъ рӯзи 3 октябр дар мулоқоти ахири фармондеҳи ин ҳавза Владимир Заруднитский бо вазири дифои Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералишоҳ Мирзо ва фармондеҳи ситоди кулли артиши Тоҷикистон генерал-майор Зариф Шарифзода баррасӣ шудааст. Ба гуфтаи Рошупкин, Русия дар таҷҳизонидани тамрингоҳи нави "Армагеддон" ба хотири баргузории тамринҳои муштараки воҳидҳои низомии ҳарду кишвар ба Тоҷикистон ёрӣ мерасонад.

Армагедон ё Армаҷдун дар дини масеҳӣ исми макони набарди ниҳоии Хайру Шар пеш аз расидани Охирзамон мебошад. Ин макон дар пояи кӯҳи Маҷиду, дар 90-километрии Байтулмуқаддас, дар қаламрави Исроили кунунӣ ҷойгир мебошад.

Харҷи сохтани ин полигони нав ва саҳми мушаххаси Тоҷикистону Русия дар ин тарҳ ҳанӯз гуфта нашудааст.

Аз қарордоди пойгоҳи 201 кӣ бурд? Душанбе ? Ё Маскав?

Аммо масъалаи бунёди полигони нави низомӣ дар ҷануби Тоҷикистон бо кумаки Русия дар ҳоле матраҳ мешавад, ки аз имзои созишнома дар мавриди тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон дуруст ду сол гузашт.

Ва дар солгарди дувуми имзои ин қарордоду солгарди аввали тасвибаш аз сӯи порлумони Тоҷикистон дар маҳфилҳо ин масъала матраҳ мешавад, ки оё аз ин муомила кӣ бештар бурд: Душанбе? Ё Маскав?

То ҳол дар атрофи ин қарордод суолҳои зиёде боқӣ мондааст, ки оё то куҷо ин муомила ба фоидаи Тоҷикистону то куҷо ба сӯди Маскав тамом шуд? Ва оё Маскав ҳатто он ваъдаҳои ночизеро, ки дар ивази тамдиди замони ҳузузир бузургтарин пойгоҳи низомии нирӯҳои заминиаш дар хориҷ дода буд, то куҷо иҷро кардааст ё карданист?

Созишнома дар мавриди тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон, ки бо беш аз 6000 аскару афсари мустақар дар гарнизонҳои Душанбеву Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа бузургтарин пойгоҳи низомии нирӯҳои заминиаш дар хориҷ ба шумор меравад, рӯзи 5 октябри соли 2012 дар Душанбе, дар рӯзи ҷашни 60-солагии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи ӯву ҳамтои русаш Владимир Путин имзо шуд.

В.Путин ва Э.Раҳмон баъди имзои созишнома ба пойгоҳи 201 рафтанд. 5 октябри соли 2012
В.Путин ва Э.Раҳмон баъди имзои созишнома ба пойгоҳи 201 рафтанд. 5 октябри соли 2012

Музокироти масъалаи пойгоҳ байни Душанбеву Русия чанд сол идома дошт ва дар ҳоле ки ҷониби Тоҷикистон ҷузъиёти ин музокироти, ба эътирофи мақомоти тоҷик, хеле печида ва мушкилро ошкор намекард, матбуоти Русия бо такя ба манобеи наздик ба ҷараёни ин музокирот хабар медод, ки гӯё Душанбе дар ивази тамдиди замони ҳузури пойгоҳи Русия аз Маскав то 300 миллион доллар пули иҷора талаб мекунад.

Аммо дар қарордоде, ки билохира ва он ҳам дар рӯзи ҷашни Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид, баракс таъкид шудааст, ки Русия барои пойгоҳи 201 ба Тоҷикистон ягон сомонӣ пули иҷора пардохт намекунад.

Нирӯҳои пойгоҳи 201 ҳангоми тамрин
Нирӯҳои пойгоҳи 201 ҳангоми тамрин

Имтиёзи дигар ба низомиҳои рус дар Тоҷикистон кафолати масунияти онҳо аз ҷавобгарии ҷиноист ва тибқи ин санад, ҳар низомии пойгоҳи 201, ки дар Тоҷикистон ба ягон ҷиноят гумонбар мешавад, таҳқиқи парвандаашро мақомоти низомии худи Русия ва бар асоси қонунгузории Русия анҷом хоҳанд дод.

Русия дар ивази ин гузашти, ба эътирофи генералҳои рус, бузург, ба Душанбе се ваъдаи асосӣ дода буд:

  • Ироаи бархе сабукиҳо ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия ва аз ҷумла аз 3 рӯз то 15 рӯз боло бурдани замони ҳузури бидуни зарурати сабти номи онҳо
  • Бекор кардани боҷу хироҷи гумрукиаш аз содироти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон, ки барои ҳар тонна маводи сӯхти содиротӣ аз 300 доллар сар шуда, гоҳе ҳам аз марзи ҳатто 400 доллар мегузашт ва боиси афзоиши башиддати нархи бензину солярка ва анвои дигари маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон шуда буд.
  • Ваъдаи то 200 миллион доллар кумакҳои низомӣ ба нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон.
Натиҷаи овоздиҳии созишномаи пойгоҳи 201 дар порлумони Тоҷикистон. 1 октябри соли 2013
Натиҷаи овоздиҳии созишномаи пойгоҳи 201 дар порлумони Тоҷикистон. 1 октябри соли 2013

Аммо раванди тасвиби созишномаи пойгоҳи 201 тӯл кашид ва танҳо дар таърихи 1 октябри соли 2013, яъне дуруст як сол баъд аз имзояш аз сӯи порлумони Тоҷикистон ба тасвиб расид. Биноан, иҷрои ваъдаҳои, ба назари таҳлилгарон, хеле ночизе ҳам, ки Русия дар ивази тамдиди замони ҳузури пойгоҳаш ба Тоҷикистон карда буд, низ ба дарозо кашид.

Русия бо имзои як қарордод замони ҳузури бидуни зарурати сабти номи муҳоҷирони тоҷикро дар қаламраваш то 15 рӯз боло бурд, вале ин имтиёзи, ба таъбири ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон, беҳудае барои ин тоифа буд, чунки дар айни замони маъракаи ихроҷи мардикорони тоҷик аз Русия ҳамчунон бо суръат идома дошт ва бино ба охирин омори бо такя ба Анвар Бобоев - раҳбари Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон – нашркардаи хабаргузории РИА Новости, “рӯйхати сиёҳ”-и шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, имрӯз ба 272 000 нафар мерасад.

Бо назардошти саҳме, ки муҳоҷирони тоҷик бо беш аз 4 миллиард доллар пули аз Русия мефиристодаи худ дар таъмини рӯзгори хонаводаҳояшон доранд, мамнӯъулсафар шудани ин 272 000 нафар ба маъноест, ки 272 000 хонавода дар Тоҷикистон барои 3 ё 5 сол аз як манбаи муҳим, балки асосии таъмини зиндагии худ маҳрум мешаванд. Мақомоти Душанбе мегӯянд, талош доранд, то ба афви ин артиши бузург аз сӯи Русия ноил шаванд, вале бо шарнофати чунин музокирот то имрӯз, ба гуфтаи намояндаи Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон Владислав Маркевич, танҳо тақрибан 100 донишҷӯи тоҷик аз “рӯйхати сиёҳ” берун шуда, имкони бозгашт ба Русия барои идомаи таҳсилашонро пайдо кардаанд.

Русия ҳамин тавр, танҳо аз оғози соли 2014 ваъдааш дар бораи лағви боҷи гумрукӣ аз фурӯши то 1 миллион тонна маҳсулоти нафтиаш ба Тоҷикистон дар соли равонро иҷро кард ва нархи бензину соляркаву керосин дар бозори маводи сӯхти Тоҷикистон беш аз 30 дарсад пойин ҳам омад.

Аммо сар аз моҳи август нархи бензин дар ин бозор, ки то 90 дарсадаш аз ҳисоби маҳсулоти нафтии Русия ва асосан тавассути ширкатҳои русӣ, бахусус “Газпромнефт-Тоҷикистон” назорат мешавад, дубора боло рафт ва тақрибан ба сатҳи то замони лағви боҷи Русия расид.

Яке аз даҳҳо сӯхтфурӯшиҳои "Газпромнефт-Тоҷикистон"
Яке аз даҳҳо сӯхтфурӯшиҳои "Газпромнефт-Тоҷикистон"

Гуфта мешавад, ки гӯё Тоҷикистон алакай бензини имтиёзиашро пурра гирифтааст ва ончӣ аз ин пас то поёни сол мегирад, бо боҷи гумрукист. Ин дар ҳолест ки Тоҷикистон солона ба 350 ило 400 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ эҳтиёҷ дорад ва мебоист аз Русия ба андозаи дувуним баробари эҳтиёҷоташ, яъне 1 миллион тонна маводи сӯхтро бо имтиёз дарёфт мекард.

Аз ҳамаи қисмати ношаффоф аз ин 3 ваъдаи Русия, албатта, ваъдаи 200 миллион доллар кумакҳои фанниву низомиаш ба навсозии артиши Тоҷикистон аст. Бино ба маълумоти пайдокардаи хабаргузории “Азия Плюс”, Русия то имрӯз танҳо даҳяки ин ваъдаашро иҷро кардааст. Яъне агар ин маълумот дуруст бошад, ҷамъи ёриҳои низомии Русия ба Тоҷикистон дар ду соли гузашта аз замони имзои қарордоди пойгоҳи 201 чизе дар ҳудуди 20 миллион долларро ташкил додааст, ки албатта, барои навсозии артиши Тоҷикистон, ки Маскав ваъдаи баландашро додааст, кумаки чашмгире буда наметавонад.

Аз тарафи дигар, ба ваъдаҳои худ амал накардани Маскав ҳарчӣ бештар садоҳоеро дар бораи зарурати ҳифзи ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон баланд мекунад. Моҷароҳое, чун “хлопушка”-кафонии афсарони пойгоҳи 201 дар як ҷашни зодрӯз дар маҳаллаи 91-уми Душанбе, ки аҳолии атрофро дар таҳлука андохт, ваё парвандаи ду ходими низомии ин пойгоҳ, ки ба қатли як таксисти тоҷик айбдор мешуданду тафтиши парвандаашонро додситонии Русия ба дасти худ гирифтааст ва ахиран ҳарду гумонбарро “барои анҷоми ташхиси равонӣ” ба Русия бурданд, сарусадоҳо дар бораи берун кашидани нирӯҳои Русия аз Тоҷикистон ваё ҳадди ақал дар мавриди дар масъалаи таъмини амнияташ танҳо рӯи Русия ҳисоб накардани Душанберо баландтар мекунад.

Пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар соли 2004 дар заминаи дивизияи 201-уми Гатчинаи артиши Русия таъсис ёфт. Ин дивизия, ки таҷрубаи ҷанг дар солҳои Ҷанги бузурги ватанӣ ва ҷанги Афғонистонро дорад, дар тӯли солҳои зиёде дар баробари нирӯҳои марзбонии Русия як омили низомии муҳим барои ҳифзи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон эътироф мешуд.

Қабл аз Қасри Миллат дар инҷо гарнизони пойгоҳи Русия буд
Қабл аз Қасри Миллат дар инҷо гарнизони пойгоҳи Русия буд

Аммо дар миёнаҳои солҳои 200-ум дар пайи хуруҷи нирӯҳои марзбонии Русия аз марзҳои Тоҷикистон, нирӯҳои пойгоҳи 201-умро, ки гарнизони асосиаш дар маркази Душанбе ҷойгир шуда буд, аз маркази пойтахти Тоҷикистон ба як канори шаҳр, ба маҳаллаи Гипрозем кӯчонданд ва дар макони қаблии ин пойгоҳи “Қасри Миллат”-ро сохтанд, ки ҳоло қароргоҳи асосии раисиҷумҳури Тоҷикистон шудааст.

XS
SM
MD
LG