Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Достиев: "Конститутсияи соли 1994 мукаммал буд"


Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия.
Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия.

Абдулмаҷид Достиев, сафири Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, Қонуни асосии соли 1994-и Тоҷикистонро мукаммал медонад.

Ахиран дар Душанбе дар нишасти навбатии маҳфили «Муколамаи тамаддунҳо», ки сиёсатмадорони мухталифи кишварро гирдиҳам меорад, аз ҷумла сухан дар бораи сарқонуни кишвар низ рафт. Дар ин нишаст раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматулло Зоиров ба Абдулмаҷид Достиев, собиқ муовини раиси Комиссияи оштии миллӣ бо ин савол муроҷиат кард: "Чӣ сабаб шуд, ки соли 1999 ба Конститутсия, ба моддаи 65 ба ҷои ду бор мӯҳлати 5-сола, як мӯҳлати 7-сола ворид шуд?".

Абдумаҷид Достиев дар ҷавоб гуфт: «Росташро гӯям, ман Конститутсияи соли 1994 қабулшударо мукаммалтар медонам. Вақте яксолагии амалишавии онро дар ҳамин ҷо САҲА қайд кард, онро яке аз панҷ сарқонуни беҳтарини кишварҳои узви ин созмон дониста буд. Лекин тағйироту иловаҳо 26 сентябри соли 1999 бо пешниҳоди Комиссияи оштии миллӣ шуд. Мо имконият надоштем, ки "не" гӯем».


Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ки омӯхтани матни тағйироту иловаҳоро ба ҳуқуқдонҳои мухолифин вогузор карда буд, баъдан аз ин кор пушаймон шуд ва эътироф кард, ки матни Конститутсияи соли 1994 бамаротиб беҳтар аз тағйироти ахир буд.


Достиев таъкид кард, ки Нурӣ дар бештари маврид бепарда сухан мегуфт ва хатоҳои худро низ ошкоро иқрор мекард. Ба гуфтаи Достиев, танҳо баъди гузашти муддате аз қабулшавии тағйироту иловаҳо ба Қонуни интихобот, Нурӣ гуфтааст, ки матни қонунро муфассал хондаст ва гуфтааст, ки "мо онро вайрон кардем".

Ба Конститутсияи Тоҷикистон, ки 6-уми ноябри соли 1994 қабул шудааст, ду маротиба тағйироту иловаҳо ворид шуд. Бори аввал 26-уми сентябри соли 1999 мӯҳлати интихоби президент аз ду панҷсола ба як ҳафтсола тағйир дода шуд. Баъди чор соли дигар, 22-уми июни соли 2003, мӯҳлати раҳбарии президент аз як ҳафтсола ба ду ҳафтсола тағйир дода шуд.
XS
SM
MD
LG