Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

“Раиси ҷумҳур ба мо гуфтанд, тамоми масъалаҳо ҳал шуд”


Абдумаҷид Достиев

Абдумаҷид Достиев

Абдумаҷид Достиев-сафири Тоҷикистон дар Маскав дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Русияро арзёбӣ кард.


Ин мусоҳибаи телефонӣ чанд дақиқа баъди парвози ҳавопаймои президенти Тоҷикистон анҷом шуд.

Озодӣ: Ҷаноби сафир, шумо боздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путинро дар Маскав чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Достиев: Бисёр хуб буд. Ҳамаи он мувофиқатномаҳое, ки дар соли 2012 дар ҷараёни боздиди президент Путин аз Тоҷикистон 5 октябр ба даст омада буд, роҳҳои ҳали худро пайдо карданд. Дар нишасти матбуотӣ ҳар ду раиси ҷумҳур ёдовар шуданд, ки танҳо баъзе механизми иҷрои ин мувофиқатномаҳо бояд такмил шавад.

Озодӣ: Оё дар бораи интихоботи қарибулвуқӯи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар мулоқоти ҷонибҳо сӯҳбат дар миён буд?

Достиев: Дар мулоқотҳои ҷонибҳо дар бораи интихобот аслан сӯҳбат нашудааст. Лекин ҳамаи мо медонем, ки имсол барои Тоҷикистон аз лиҳози сиёсӣ соли хеле муҳим аст. Инро дӯстон ва ҳам душманони Тоҷикистон медонанд. Дар ҳамин робита мо супориш гирифтем, ки ҳамаи ҳамватанонро дар Русия рӯйхат кунем, бидуни дарназардошти ин ки онҳо бо кадом кор ба Русия омда бошанд. Мо бояд шароит фароҳам орем, ки ҳуқуқи конститутсионии худро оид ба интихобот иҷро кунанд. Мо бояд огоҳ кунем, ки барои раъйдиҳӣ 5 рӯз пеш ҷойҳоро омода кунанд. Дар ин бора пештар Кумиссиюни марказии интихоботӣ аз мо дархост карда буд.





Озодӣ: Дар чунин ҳолат муҳоҷирон метавонанд дар интихобот фаъолона ширкат кунанд?

Достиев: Бале, мо аз тариқи радиои Озодӣ, аз радиои шумо аз ҳамватанон хоҳиш мекунем, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон новобаста ба миллату мазҳаби худ, дар ҳар ҷои Русия, ки ҳастанд, хоҳиш мекунам, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, яъне интихоботе, ки қабл аз хатми ваколати раиси ҷумҳурии кунунӣ эълон карда мешавад, ширкат кунанд. Мо барои шаҳрвандони худ дар ҳар минтақаи Русия, чанд нафаре, ки бошанд, ҳозир ҳастем, ки барои озодона баён кардани фикрашон шароит фароҳам орем.

Озодӣ: Оё Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури кунунӣ номзадии худро дар ин интихобот пешбарӣ хоҳад кард? Шумо дар ин бора маълумот доред?

Достиев: Он кас то ҳол иродаи худро дар бораи пешбарии номзадии худ баён накардаанд, чунки интихобот ҳам ҳоло эълон нашудааст ва шояд хоксорӣ ҳам мекунанд. Лекин ман боварӣ дорам, ки ҷонибдорону ихлосмандонашон намегузоранд, ки он кас номзадии худро нагузоранд.

Озодӣ: Ҳадафи асосии ҳамин сафар ба Русия чӣ буд ва ба назари шумо ҳадафи сафар бароварда шуд?

Достиев: Ҳадафи асосии ин сафар ин буд, ки ҳамчун ду кишвари дӯст ва шарики стратегӣ боз як бори дигар қадамҳои худро дар роҳи ҳамкориҳои солҳои оянда муайян кунанд. Ҳадафи асосӣ манфиати кишвар буд, манфиати давлат буд ва чуноне, ки дар назди зинапояи ҳавопаймо раиси ҷумҳури кишвар ба мо гуфтанд, “тамоми масъалаҳо ҳал шуд, дигар проблемае байни ду кишвари мо нест, акнун шумо кор кунед”.

Озодӣ: Дар остонаи ин боздид таҳлилгарон ҳам навиштанд, ки се моҳ пеш аз баргузории интихобот ин сафар тасодуфӣ нест. Оё шумо ин боздидро бо интихоботи Тоҷикистон иртибот медиҳед? Шояд дар паси дарҳои баста ҳар ду раиси ҷумҳур дар ин бора сӯҳбат карда бошанд ва Путин аз Раҳмон ҷонибдорӣ кардааст?

Достиев: Ман бори дигар мегӯям, ки ин сафар ягон вобастагӣ ба интихобот надошт. Ҳар сол ҳар ду раиси ҷумҳур ё дар Тоҷикистон ё дар Маскав ва ё дар шаҳрҳои дигари кишварҳои муштаракулманофеъ бо ҳам мулоқот мекунанд. Ин мулоқотҳои корист. Агар дар бораи интихобот сӯҳбат мешуд, мо ҳам дар нишасти матбуотӣ онро эҳсос мекардем. Дар ин бора ягон гап нест.

Озодӣ: Агар мо, ба қавли Путин, “амалӣ” ё “нақд” ба натиҷаҳои ин сафар нигоҳ кунем, дастоварди аслии он ҳамин 200 миллион доллар ваъдаи Русия барои таҷҳизондани артиши Тоҷикистон аст ё ягон дастоварди дигаре ҳам ҳаст?

Достиев: Аз ҳама муҳим ин аст, ки ду сардори давлат дар фазои хеле дӯстона бо ҳам сӯҳбат карданд ва ду кишвари бо ҳам дӯст, аз натиҷаи вохӯриҳояшон қаноатманд буданд. Ман боварӣ дорам, ки ҳар як сафар ва ҳар вохӯрии сардори давлати мо ба манфиати кишвар ва миллати мост. Ин болотар аз чанд миллион доллар, фунт стерлинг ё сомонист.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG