Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарма меҳмонхонаи Италияро гур кард, 30 нафар гум шуданд


Тарма меҳмонхонаи Италияро пахш кард
Тарма меҳмонхонаи Италияро пахш кард

Мақомоти Италия мегӯянд, ки рӯзи 19 январ бар асари рехтани тарма ба рӯи меҳмонхонаи кӯҳӣ дар минтақаи зилзилахез, 30 нафар нопадид шуд.

Хабаргузории ANSA аз қавли кормандони наҷот гуфт, ки хисороти ҷонӣ ба бор омадааст, вале ҷузъиёте дар даст нест ва мақомоти гузоришҳои ибтидоиро дар бораи пайдо шудани мурдаҳои зиёд рад мекунанд.

Матбуоти Италия бо такя ба иттилои раҳбари идораи ҳифзи шаҳрвандӣ, Фабризио Курсио гуфт, ки ҳудудан 30 меҳмон ва кормандони меҳмонхонаи Ригопиано дар Фариндола, шаҳре дар минтақаи Абруззо, гум шудаанд.

Барфи 5 метрӣ дар кӯҳсори Гранс Сассо ҷустуҷӯи гумшудаҳоро мушкил кардааст.

Рӯзи 18 январ дар ин минтақа зилзила рух дод ва маълум нест, ки фуромадани тарма ба заминларзаи ахир рабт дорад ё хайр.

Италияи марказӣ дар моҳҳои ахир аз чандин заминларза, бо шумули зилзилаи моҳи август такон хурд, ки дар он 300 нафар ба ҳалокат расид.

XS
SM
MD
LG