Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба доди мардикорон иттифоқи касаба расид


"Жилкомсервис-2" ваъда дод, ки дар рӯзҳои наздик пули фаррошонро пардохт мекунад

Натиҷаи корпартоии беш аз 40 кӯчарӯб аз Тоҷикистону Узбакистон дар Санкт-Петербург ин шуд, ки мудири ширкати “Жилкомсервис-2” шахсан ба пеши онҳо расид ва ваъда дод, ки маошашонро то 2 рӯзи дигар пурра хоҳад дод. Раҳбари корпартоён Соҳиб Раҷабов ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо ба дунболи ин тавофуқи лафзӣ розӣ шуданд, ки ба кор баргарданд:

“Мудири “Жилкомсервис”, як одами калон худаш омад дар як “Волга”-и сиёҳ. Бо одамон гапзанон кард ва гуфт, ки дар 2 рӯз пулатонро медиҳам. Мардум розӣ шуд ва ба кор баромад алакай. Мо пурсидем, ки мабодо агар пули моро дода натавонӣ? Ман ваъда медиҳам, ҳатман маошатонро мегиред, - гуфта ваъда кард ба мо.”

Соҳиб Раҷабов, ки худ аз Бухорои Узбакистон будааст, афзуд, маоши онҳо ҳамагӣ 9000 рубл ё камтар аз 300 доллар аст, вале онро ҳам 2 моҳ боз нагирифтаанд.

Дар ин баҳси молӣ аз ҳаққи кӯчарӯбҳо “Иттифоқҳои нави касаба” ҳимоя мекард. Петр Принёв, муовини раиси ин созмон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз сад дарсад мутмаин нест, ки раҳбари “Жилкомсервис-2” ба ваъдаи лафзиаш амал хоҳад кард:

“Ин феълан тавофуқи муқаддамотӣ ва як ваъдаи лафзист, ки шояд иҷро шавад ва шояд нашавад. Аз ин рӯ, мо талош дорем, то ин ваъда дар рӯи қоғаз ҳам бо имзои тарафайн сабт ва расмӣ шавад.”

Шумори муҳоҷирони хориҷӣ дар бозори кори Русия то 10 миллион нафар баровард мешавад, ки беш аз 1 миллионаш аз Тоҷикистонанд. Корпартоии кӯчарӯбҳои Петербург нишон дод, ки истифодаи муҳоҷирон аз василаҳои қонуние, чун узвият дар иттифоқҳои касаба, метавонад ин тӯдаҳои ба сурати умум беҳуқуқро зери чатри ҳимояти бештар қарор бидиҳад. Аммо Пётр Принёв мегӯяд, ҷалби муҳоҷирон ба иттифоқҳои касаба то ҳол ба як “замини навкорам” мемонад, ки чунин созмонҳо ба он тоза пой мемонанд:

“Иттифоқҳои касаба метавонанд мушкилоти муҳоҷиронро ба куллӣ ҳал кунанд. Вале бояд пеш аз ҳама худи мардикорон хубиҳои узвият дар чунин созмонҳоро дарк кунанд. Ин як василаи хубу муассир аст барои дифоъ аз ҳаққи онҳо. Афзун бар ин, қонунҳои Русия ҷалби мардикорони хориҷӣ ба иттифоқҳои касабаро иҷозат медиҳад. Вале мо дар ин майдон қадамҳои аввалро мегузорем ва то имрӯз тақрибан 70 муҳоҷир узви созмони мо шудаанд.”

Иттифоқи касаба як ниҳоди миёнҷист байни корфармо ва коргар ва вазифаи аслиаш ҳам – дифоъ аз ҳуқуқи коргар, аз ҷумла дар мавриди истихдому ихтисор ва низ дар баҳси маошу риояти рӯзи кори 8-соата ва амсоли ин. Қонуни кори Русия ба хориҷиён ҳам ҳаққи баробари истифода аз васоили қонунии дифоъ аз ҳаққи онҳо, аз ҷумла узвият дар иттифоқҳои касабаро иҷозат медиҳад.

5 сол пеш дар Русия ҳатто созмони алоҳидае бо номи “Иттифоқи касабаи муҳоҷирони корӣ” ташкил шуд, ки то имрӯз зери 30 000 узв доштааст ва аз ин миён чорякаш аз Тоҷикистон будаанд.

Аммо раҳбари ин созмон Ринат Каримов ба Озодӣ гуфт, боз ҳам ин ҳама дар қиёс бо миллионҳо муҳоҷири хориҷӣ дар Русия “қатрае дар баҳр” аст ва бо вуҷуди ҳамагӣ 980 рубл будани ҳаққи узвияти солонаи, барои мисол, созмони онҳо, муҳоҷирон то ҳол барои пайвастан ба иттифоқҳои касаба коҳилӣ мекунанд:

“Як далели аслӣ беамалии худи муҳоҷирон аст, ки бахусус ҷавононаш, чӣ будани иттифоқи касабаро аслан намедонанд, зеро чунин созмонҳо дар зодгоҳҳои онҳо ё нест, ё ҳасту фақат дар рӯи коғаз. Ва вақте онҳо дар Русия ба ягон моҷаро мепечанду пеши мо медаванд, мо мепурсем аз онҳо, ки чаро узви иттифоқи касаба нашудед, то имрӯз аз шумо дифоъ кунад? Мегӯянд, мо инро намедонистем. Мо талош дорем, то шумори ҳарчӣ бештари ин мардумро зери чатри ҳимояти худ биорем, вале дар ин роҳ ҳимояти хеле ночизе аз сӯи худи муҳоҷиронро мебинем.”

Ойниҳол Бобоназарова, раҳбари созмони ғайридавлатии “Перспектива+», ки вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро низ пайгирӣ мекунад, гуфт, корпартоии кӯчарӯбҳо дар Санкт-Петербург аҳамияти ҷалби созмонҳое, чун иттифоқҳои касаба барои ҳимоят аз муҳоҷиронро нишон дод, вале ин ҳанӯз як раванди фарогир нашудааст:

“Дар Санкт-Петербург баъди ин воқеъи шумораи хеле бештари муҳоҷирон узви иттифоқи касаба хоҳанд шуд. Чунки акнун бовар ҳосил мекунанд, ки созмонҳое вуҷуд дорад, ки онҳоро тарафдорӣ кунад. Иттифоқҳои касабаи Русия аз иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон фарқ дорад. Мо инҷо овози онҳоро намешунавем, вале дар Русия “профсоюз” хеле фаъол аст. Ба ҳар ҳол, ин ҳам як роҳи ҳалли масъала аст.”

Аз сӯи дигар, афзуд хонум Бобоназарова, иттифоқи касаба тамоми мушкилоти муҳоҷирони тоҷикро ҳал намекунад ва ин масъалаи, ба гуфтаи ӯ, сиёсӣ ва барои Тоҷикистон ҳаётан муҳим, ҳамчунон ба як ҳалли фарогир дар сатҳи сарони ду кишвар зарурат дорад. Муҳоҷирони тоҷик фақат дар соли 2011 аз Русия наздики 3 миллиард доллар пул фиристодаанд, ки хеле бештар аз қисми дахли будҷа ва баробари қариб нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон аст.
XS
SM
MD
LG